ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 23 июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазир, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказии вазорат, муассисаҳои тобеъ ва масъулини соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаи вазъи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм А. Хоҷазода гузориш пешниҳод намуда, аз рафти татбиқи маблағгузории меъёрии сарикасӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои буҷетӣ ва натиҷаҳои омӯзиши фаъолияти як қатор раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо маълумот дод. Зикр гардид, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда дар фаъолияти баъзе мақомоти идоракунии соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ камбудиҳо, аз ҷумла риоя нагардидани талаботи маблағгузории меъёрии сарикасӣ, сатҳи нокифояи банақшагирии молиявӣ, суст будани назорати дохилӣ ва таъхир дар иҷрои дастуру супоришҳои вазорат ба назар мерасад. Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби корманди раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Ш. Дӯстмурод рӯнамо оид ба механизми нави маблағгузории меъёрии сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки татбиқи механизми нав ба беҳтар гардидани низоми маблағгузорӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва дастгирии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои дурдаст мусоидат хоҳад кард. Дар рафти муҳокимаҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маориф ва молия, баланд бардоштани масъулияти роҳбарону муҳосибони муассисаҳои таълимӣ, риояи талаботи қонунгузории буҷетӣ ва таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ баррасӣ шуданд. Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани назорат аз болои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини пардохти саривақтии музди меҳнат ва рухсатипулии кормандон, риояи талаботи маблағгузории меъёрии сарикасӣ, баланд бардоштани сатҳи интизоми молиявӣ ва истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки роҳбарони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои вазорат ва талаботи қонунгузории буҷетиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти молиявии муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон65
23.06.2026
-
ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ 23 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин намояндагони Сафорати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд. Зимни истиқболи меҳмонон вазири маориф ва илм аз рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикии судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, бахусус дар самти маориф, илм ва таҳсилоти олӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар бар пояи эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва эътимоди байниҳамдигарӣ рушд ёфта, имрӯз ба марҳилаи нави ҳамкориҳои амалӣ ворид гардидааст. Зикр гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва забони англисӣ барои ҳадафҳои махсус мебошад, ки 26 феврали соли 2026 дар шаҳри Лондон ба имзо расидааст. Санади мазкур барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои рушди таҳсилоти олӣ, таҳқиқоти илмии муштарак, такмили омӯзиши забони англисӣ, табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонии низоми маорифи кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар идомаи мулоқот вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқсозии низоми таълим ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Британияи Кабир барои рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишвар аҳаммияти стратегӣ дорад. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир ёдовар шуда, рушди робитаҳо бо Донишгоҳи Оксфорд, Донишгоҳи Кембриҷ, Донишгоҳи Вестминстер, Агентии кафолати сифати таҳсилоти олӣ (QAA), Шурои Британия ва дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимиро намунаи равшани таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, натиҷаҳои иштироки ҳайати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф - 2026, ки дар шаҳри Лондон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина масъалаҳои таъсиси филиал ё намояндагии яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ, татбиқи барномаҳои дудиплома, рақамикунонии соҳаи маориф, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва рушди таҳсилоти фарогир муҳокима шуданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, рушди таҳсилоти рақамӣ, такмили низоми арзёбии сифати таҳсилот дар асоси таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ, афзоиши барномаҳои табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ иброз намуданд. Дар навбати худ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон омодагии ҷониби Британияро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар самти рушди маориф, таҳсилоти олӣ, омӯзиши забони англисӣ, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид намуда, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ истиқбол кард. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ, тавсеаи робитаҳои мустақими байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баён намуда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар соҳаи маориф ва илм такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон33
23.06.2026
-
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ ДАФТАРИ МИНТАҚАВИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ (GPE) Имрӯз, 22 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари дафтари минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) хонум Трине Петерсен ва намояндаи шарики мазкур Филип Финелл баргузор гардид. Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф нисбат ба рушди низоми маорифи кишвар изҳори сипос намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, натиҷаҳои ҳамкориҳои солҳои охир, инчунин дурнамои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) тайи солҳои охир ҳамчун яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатӣ, пешбурди ислоҳоти соҳавӣ ва таҳкими иқтидори низоми маориф саҳми назаррас гузоштааст. Бо дастгирии ин шарики рушд як қатор ташаббусҳои муҳимми соҳавӣ амалӣ гардида, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили муҳити таълим ва беҳтар намудани низоми идоракунии соҳа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Вазир зимни суханронии худ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сармояи инсонӣ ва такмили соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина, рушди низоми таҳсилот, такмили сифати таълим, рақамикунонии соҳа ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳадафҳои муҳимми давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, саҳми GPE дар татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф, такмили банақшагирии соҳавӣ, рушди низоми мониторинг ва арзёбӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд баланд арзёбӣ гардид. Дар рафти мулоқот аз натиҷаҳои амалисозии Лоиҳаи муштараки “Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёдовар шуда, таъкид гардид, ки татбиқи он барои таҳкими иқтидори омӯзгорон, беҳтар намудани таъминоти методӣ, рушди таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидати назаррас намудааст. Ҷонибҳо инчунин фаъолияти Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG)-ро ҳамчун механизми муҳимми ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд ва таҳияи қарорҳои муштарак дар самти рушди соҳаи маориф мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар ин самт таъкид карданд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаи муҳимми татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф қарор дошта, масъалаҳои рушди таҳсилоти томактабӣ, рақамикунонии низоми маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини таҳсилоти фарогир ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд. Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва ҳайати Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) барои ҳамкории созанда, дастгирии ҳамаҷониба ва саҳми арзанда дар рушди низоми маорифи кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии Вазорати маориф ва илмро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои афзалиятноки соҳа таъкид кард. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон52
22.06.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
05.06.2026
Специальное уведомление о закупках (Повторное объявление тендера)
Специальное уведомление о закупках (Повторное объявление тендера) Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор