БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II
-
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо намояндагони асосии шарикони рушдро ба ҳам оварда, масъалаҳои афзалиятноки ҳамоҳангсозӣ ва қадамҳои минбаъдаро ҷиҳати дастгирии ислоҳоти бахши маориф дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Ин ҷаласа бо дастгирии муштараки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баргузор гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ хонум Изабел Уриз, роҳбари ҳамкорӣ дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ва хонум Эри Двиведи, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, баромад намуданд. Иштирокчиён иҷрои тадбирҳои мувофиқашуда дар ҷаласаи қаблии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки моҳи ноябри соли 2025 баргузор шуда буд, баррасӣ намуда, инчунин нақш ва ваколатҳои Шӯроро дар заминаи ислоҳоти бахши маориф муҳокима карданд. Таваҷҷӯҳи махсус дода шуданд ба: муайян намудани арзиши иловагии DCC, робитаи он бо Гурӯҳи маҳаллии маориф ва таҳияи паёмҳои асосии адвокатсионӣ, ки ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд. Қисмати алоҳидаи ҷаласа ба таҳкими вазифаи ҳамоҳангсозии соҳавии Вазорати маориф ва илм бахшида шуд. Ба иштирокчиён натиҷаҳои Пурсиши самаранокӣ оид ба Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм, инчунин дидгоҳи Шӯро вобаста ба нақши Гурӯҳи маҳаллии маориф таҳти роҳбарии вазорат муаррифӣ гардид.15
12.02.2026
-
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар таҳқиқоти байналмилалии PISA 2025-ро бо муваффақият ба анҷом расонид 15-уми январи соли 2026 дар шакли онлайн (MS Teams) ҷаласаи хотимавии PISA CBIS QTJ доир гардида, ба анҷоми расмии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилот PISA 2025 бахшида шуда буд. Дар ҷаласа намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Шӯрои австралиягӣ оид ба таҳқиқоти таълимӣ (ACER), намояндагони Шӯрои идоракунии PISA (PGB), Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи миллии PISA, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, ширкати Eductrade, инчунин дигар шарикони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ расман тасдиқ карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талаботи таҳқиқоти PISA 2025-ро бомуваффақият иҷро намуда, татбиқи ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташударо дар муҳлатҳои муқарраршуда ба итмом расонид. Шарикони байналмилалӣ сатҳи ҳамоҳангсозӣ, омодагии техникӣ ва ҷалби касбии дастаи миллии PISA ва Маркази миллии тестиро баланд арзёбӣ карданд. OECD ва ACER ба лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дастгирии ҳамаҷонибаи молиявӣ ва техникӣ дар давоми тамоми давраи PISA 2025 миннатдорӣ баён намуданд. ACER инчунин ҳамкории самарабахш бо шарикони миллӣ ва рушди назарраси иқтидори институтсионалӣ ва касбии дастаи Тоҷикистон, аз ҷумла рушди салоҳиятҳои роҳбарӣ ва таҳлилиро қайд кард. Дар доираи муҳокимаҳо иштирокчиён оид ба масъалаҳои татбиқи таҳқиқот, таҳкими иқтидори миллӣ ва рушди таҷрибаи арзёбӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти таҷрибаи андӯхташуда, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои иштироки минбаъдаи Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии арзёбӣ зоҳир карда шуд. Намояндагони OECD аҳамияти стратегии маълумоти PISA-ро барои банақшагирии ислоҳоти оянда дар соҳаи маориф ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ таъкид карданд. Инчунин дурнамои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳлил ва паҳнкунии натиҷаҳои PISA 2025 дар соли 2026, инчунин иштироки эҳтимолии кишвар дар давраи PISA 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифт.1482
19.01.2026
-
Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон 3 ноябри соли 2025 омӯзиши мавзӯии «Арзёбии ташаккулдиҳанда ҳамчун воситаи рушди саводнокии функсионалии хонандагон» баргузор гардид. Дар омӯзиш омӯзгорон, роҳбарони методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва намояндагони шӯъбаҳои маориф иштирок намуданд. Ҳадафи асосии омӯзиш — баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи омӯзгорон оид ба татбиқи арзёбии ташаккулдиҳанда ва таҳкими саводнокии функсионалии хонандагон буд. Дар ҷараёни чорабинӣ коршиносони Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ва коршиносони маҳаллӣ дар мавзӯъҳои гуногун суханронӣ намуданд. Казжанова Айгул, коршиноси калони байналмилалӣ оид ба таҳсилоти умумӣ (Лоиҳаи ИА), Холис Садурдинов коршиноси миллӣ меъёрҳои арзёбии ташаккулдиҳандаро дар фанҳои гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ тавзеҳ доданд.1874
04.11.2025