ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»
-
ИШТИРОКИ ДАР ҶАЛАСАИ 6-УМИ ҲАМОҲАНГСОЗОНИ МИЛЛИИ PIRLS ДАР МАЛТА Аз 8 то 13 марти соли 2026 дар шаҳри Валеттаи Ҷумҳурии Малта Ҷаласаи 6 Ҳамоҳангсозони миллии арзёбии байналмилалии PIRLS баргузор гардида истодааст. Дар кори рӯзи аввали ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Маркази миллии арзёбии PIRLS дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Иштироки ҳайати кишвар дар чунин чорабинии байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти омодагӣ ба арзёбии PIRLS - 2026, мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои касбӣ бо кишварҳои иштироккунанда аҳаммияти муҳим дорад. Дар оғози ҷаласа намояндагони Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Малта меҳмононро ба кишвари худ самимона хушомадед гуфта, ба кори ҷаласа барору комёбӣ таманно карданд. Сипас, директори Маркази байналмилалии таҳқиқотҳои назди Коллеҷи Бостон оид ба ҳадаф ва мақсади вохӯрии навбатӣ, инчунин барномаи кории он барои тамоми ҳафта суханронӣ намуд. Дар суханронии худ ӯ аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои иштироккунандаро барои таъмини сифати баланди арзёбӣ ва шаффофияти натиҷаҳо таъкид кард. Дар рафти кори рӯзи аввали ҷаласа масъалаҳое, ки қаблан дар ҷаласаи моҳи августи ҳамоҳангсозони миллӣ дар шаҳри Варшава баррасӣ гардида буданд, дубора мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷавобҳои намунавӣ ва қобили қабул ба саволҳои марбут ба се матни асосии арзёбӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои иштироккунанда як ба як таҳлил ва баррасӣ карда шуданд. Ҳадафи асосии ҷаласаи мазкур баррасӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаи амал барои татбиқи арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мебошад. Дар ин замина масъалаҳои ниҳоӣ гардонидани интихоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфҳои чорум ва хонандагоне, ки дар арзёбӣ иштирок менамоянд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамзамон, иштирокчиён тарзи баҳогузорӣ ба ҷавобҳои саволҳое, ки дар асоси матнҳои пешниҳодшуда таҳия шудаанд, таҳлил ва муҳокима намуданд. Қисмати муҳимми ҷаласа инчунин ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва баррасии махзани маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ва пурсишномаҳои хонандагон, падару модарон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони синфҳои чорум бахшида шуд. Дар баробари ин, паҳлуҳои техникии амалигардонии арзёбии PIRLS, аз ҷумла, тартиби идоракунии маълумот, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таъмини сифату шаффофияти раванди арзёбӣ низ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.22
08.03.2026
-
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД 27 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Серена» семинари омӯзишии серӯзагӣ барои кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тартиби такмилёфтаи мониторинг ва арзёбии сифати таълим, иҷозатдиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» оғоз гардид. Семинар дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» доир шуд. Дар кори семинар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Саидзода Муҳаммадтоир Саид, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илм Холиқзода Айниддин, менеҷери лоиҳа Азатуллозода Нарзия ва мушовири байналмилалӣ Какабаева Райгул ширкат доштанд. Зимни ифтитоҳи семинар таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2019 зимни ироаи суханронӣ ба ифтихори Рӯзи дониш зикр намуда буданд: «Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳими соҳаи маориф боқӣ мемонад». Дар робита ба ин нукта, иштирокчиён таъкид карданд, ки барои таъмини сифати таҳсилот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Бо вуҷуди ин, зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддӣ барои такмили низоми идоракунии сифати таҳсилот ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Гуфта шуд, ки аз соли 2007 дар муассисаҳои таълимии кишвар низоми назорати сифати таҳсилот ва аз соли 2010 низоми идоракунии таълим амал мекунад. Бо вуҷуди ин, нокифоя будани таҷриба ва фаъолиятҳои маҳдуди масъулон боиси иҷро нагардидани пурраи баъзе принсипҳои идоракунии соҳа шудааст. Иштирокчиён зикр намуданд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба самти наздикшавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳамгироӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот равона гардидааст. Аз ин рӯ, мутобиқ гардондани низоми арзёбии сифати таҳсилот ба ин меъёрҳо яке аз вазифаҳои асосии давра ба шумор меравад. Дар семинар ёдоварӣ шуд, ки 28 феврали соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати мамлакат баргузор гардид, ки дар он Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин санад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №140 тасдиқ гардида, ба такмили раванди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот нигаронида шудааст. Дар доираи татбиқи банди 1, 2 ва 4-и Нақшаи амал барои солҳои 2025-2027 семинари мазкур ба омӯзиши тартиби нав, нишондиҳандаҳо ва воситаҳои арзёбии дохилисинфӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ бахшида шудааст. Барномаи семинар мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад: • равандҳои глобалии арзёбии берунаи сифати таҳсилот; • тартиби нави мониторинг ва арзёбии сифати таълим; • иҷозатдиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ; • ташкили мушоҳидаи дарс ва пурсишҳои таҳлилӣ тавассути анкета; • ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои арзёбии беруна. Дар раванди семинар мушовирони байналмилалӣ ва мутахассисони миллӣ аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти арзёбии сифати таълим иттилоъ доданд ва роҳҳои татбиқи амалии онро дар муассисаҳои таълимии кишвар баррасӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин семинарҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, инчунин татбиқи Нақшаи амал барои солҳои 2025-2027 “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот” аҳаммияти бузург дошта, ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва институти таҳсилоти босифат мусоидат хоҳад кард.1741
27.10.2025
-
МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТ ДАР ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” 22 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” мизи мудаввар оид ба муаррифии натиҷаҳои “Таҳқиқоти истифодабарандагони муассисаҳои таълимӣ (SUS)” ва “Мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH” бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумии фарогири лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат”, намояндагони лоиҳа ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Муовини вазир зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир таҳсилоти босифат бе муҳити солиму замонавии таълимӣ имконнопазир аст. Мавсуф иброз дошт, ки бо ташабусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” барои солҳои 2023–2029 татбиқ шуда истодааст. Гуфта шуд, ки мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани муҳити таълим ва омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мебошад. Лоиҳа ба се самти калидӣ - таҳияи чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот, беҳтарсозии инфрасохтори муассисаҳо ва тақвияти арзёбию идоракунии лоиҳа нигаронда шудааст. Дар доираи амалисозии лоиҳа марҳилаи заминавии ду таҳқиқот -“SUS” ва “TEACH” дар 130 муассисаҳои ҳамаи минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ШНТҶ ва ВМКБ, дар моҳҳои март–апрели соли 2025 ба анҷом расонида шуд. Дар ҷараёни мизи мудаввар натиҷаҳои таҳқиқот муаррифӣ гардида, иштирокчиён дар гурӯҳҳо натиҷаҳо ва тавсияҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Чорабинӣ ҳамчун як фурсати муҳимми мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳо байни муассисаҳо ва мутахассисони лоиҳа арзёбӣ гардид. Баргузории чунин мизҳои мудаввар қадами нав дар самти қабули қарорҳо дар асоси таҳлил ва татбиқи тағйироти воқеӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон2116
22.10.2025