• Тибқи Низомнома раёсат сиёсати ягонаи давлатиро дар омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз тобеияти идоравии муассисаҳои таълимӣ татбиқ менамояд.
  •  
  • Сатҳи омода намудани мутахассисони дорои дониши мукаммали назариявӣ ва амалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломиро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот мавриди санҷиш қарор дода, фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ, иҷрои талаботи нақшаю барномаҳои таълимӣ ва аз такмили ихтисос гузаштану бозомўзии устодонро дар муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд.
  •  
  • Инчунин, раёсат иҷрои амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи зинаи таҳсилоти олии касбиро, ки Вазорати маориф ва илм тасдиқ намудааст, дар муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи онҳо  гузориш ё маъумотнома ба вазири маориф ва илм пешниҳод менамояд. 
  •  
  • Дар ҳамоҳангсозии дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар самти корҳои таълимию тарбиявӣ, таҳияи нақшаи чорабиниҳои муштарак, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва додани хулосаи раёсат масъулият дорад.
  •  
  • Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ -  Ҳикматулло Саидзода
  • Тел.: 223.13.95
  • Почтаи электронӣ: oliikasbi@maorif.tj

slider images

Ҳуҷҷатҳои муфид

  • НИЗОМНОМАИ МАГИСТРАТУРА

    24.07.2024

  • Низомномаи намунавӣ

    Низомномаи намунавӣ дар бораи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    24.07.2024

  • Низомномаи намунавии ташкили раванди таълим

    Низомномаи намунавии ташкили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот

    24.07.2024