23.06.2026

 img

23 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баргузор гардид.

 

Дар мулоқот инчунин намояндагони Сафорати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.

 

Зимни истиқболи меҳмонон вазири маориф ва илм аз рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикии судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, бахусус дар самти маориф, илм ва таҳсилоти олӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар бар пояи эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва эътимоди байниҳамдигарӣ рушд ёфта, имрӯз ба марҳилаи нави ҳамкориҳои амалӣ ворид гардидааст.

 

Зикр гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва забони англисӣ барои ҳадафҳои махсус мебошад, ки 26 феврали соли 2026 дар шаҳри Лондон ба имзо расидааст. Санади мазкур барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои рушди таҳсилоти олӣ, таҳқиқоти илмии муштарак, такмили омӯзиши забони англисӣ, табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонии низоми маорифи кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Дар идомаи мулоқот вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқсозии низоми таълим ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Британияи Кабир барои рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишвар аҳаммияти стратегӣ дорад.

 

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир ёдовар шуда, рушди робитаҳо бо Донишгоҳи Оксфорд, Донишгоҳи Кембриҷ, Донишгоҳи Вестминстер, Агентии кафолати сифати таҳсилоти олӣ (QAA), Шурои Британия ва дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимиро намунаи равшани таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд.

 

Ҳамчунин, натиҷаҳои иштироки ҳайати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф - 2026, ки дар шаҳри Лондон баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина масъалаҳои таъсиси филиал ё намояндагии яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ, татбиқи барномаҳои дудиплома, рақамикунонии соҳаи маориф, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва рушди таҳсилоти фарогир муҳокима шуданд.

 

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, рушди таҳсилоти рақамӣ, такмили низоми арзёбии сифати таҳсилот дар асоси таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ, афзоиши барномаҳои табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ иброз намуданд.

 

Дар навбати худ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон омодагии ҷониби Британияро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар самти рушди маориф, таҳсилоти олӣ, омӯзиши забони англисӣ, таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид намуда, аз дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ истиқбол кард.

 

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ, тавсеаи робитаҳои мустақими байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баён намуда, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар соҳаи маориф ва илм такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ img
  • ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА БРИТАНИЯИ КАБИР ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ПЕШРАФТИ КИШВАР Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.   Эмомалӣ Раҳмон   Ваҳдати миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист аз вартаи низоъҳои дохилӣ раҳо ёфта, роҳи сулҳу субот, рушди устувор ва давлатсозии муосирро пеш гирад.   Таърихи навини Тоҷикистон собит месозад, ки мардуми тоҷик яке аз вазнинтарин ва ҳассостарин давраҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии худро паси сар намудааст. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар, сохтори давлатдорӣ ва зиндагии мардум зарари ҷиддӣ расонида, ҳазорҳо оиларо аз ҳам ҷудо кард, ҳазорон шаҳрванд қурбони низоъҳо шуданд ва садҳо ҳазор нафар тарки хонаю кошонаи худ намуданд. Ин саҳифаи талхи таърих ҳамчун сабақи бузург барои наслҳои имрӯзу фардо боқӣ мондааст.   Дар чунин шароити ҳассос ва тақдирсоз 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ворид гардид. Дар ҳамин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои эҳёи давлатдорӣ, таҳкими истиқлолият ва рушди минбаъдаи мамлакат заминаи воқеӣ фароҳам овард.   Ин дастоварди бузурги таърихӣ пеш аз ҳама бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардида, миллати тоҷик дубора ба ҳам омад ва роҳи созандагиро интихоб намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуданд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар минтақа барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдор, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».   Имрӯз натиҷаҳои Ваҳдати миллӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа баръало мушоҳида мешаванд. Тоҷикистон ба кишвари сулҳпарвару обод табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ташаббускор ва пешрафта эътироф гардидааст. Бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти тандурустӣ ва дигар тарҳҳои муҳимми иҷтимоӣ самараи мустақими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд.   Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки минтақаҳои гуногуни олам бо низоъҳо, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи муқаддас маҳсуб меёбад. Хусусан ҷавонон ва наврасон бояд аз таърихи давлату миллат, аз сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ бошанд ва қадри сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро донанд.   Вазифаи ҳар як омӯзгор, падару модар ва зиёии ҷомеа аз он иборат аст, ки дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ насли наврасро тарбия намояд. Зеро маҳз ҷавонони имрӯз соҳибони фардои кишвар мебошанд ва ояндаи Тоҷикистон аз дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо вобастагӣ дорад.   Мо, аҳли маориф, вазифадорем, ки арзишҳои сулҳу ваҳдатро ба шогирдон омӯзонем, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат ҳидоят намоем. Зеро ваҳдати миллӣ омили муҳимми пешрафти имрӯз ва кафолати рушди фардои Тоҷикистон мебошад.   Бигзор сулҳу субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо пойдор бошад ва кишвари маҳбубамон рӯз то рӯз ободу пешрафта гардад.   Сабоҳат ДИЁРЗОДА, мудири Муассисаи таълимии томактабии №149-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

    33

    23.06.2026
  •  img
    Дар шаҳри Хуҷанд семинар оид ба пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ баргузор гардид 22 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ оид ба тартиби пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ тариқи ғайринақдӣ баргузор гардид.   Дар кори семинар намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, масъулини фонди иҷораи китобҳои дарсии муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳавии шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстон иштирок намуданд.   Зимни семинар масъалаҳои марбут ба тартиби пардохти маблағи китобҳои дарсӣ тавассути барномаи биллингӣ, тарзи истифодаи низом, бақайдгирии маълумот, ворид намудани пардохтҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.   Таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдӣ ба шаффофият, соддагардонии равандҳои хизматрасонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии маблағҳои фонди иҷораи китобҳои дарсӣ мусоидат намуда, барои рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меорад.

    25

    23.06.2026
  •  img
    МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФЕСТИВАЛИ ЭҶОДИЁТИ БАДЕИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ КИШВАРҲОИ ОСИЁ ТАҲТИ УНВОНИ «ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ» ҲАМЧУН РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛИВУ ТАЪРИХИИ МАРДУМИ ТОҶИК ДАР НАЗДИ МУҶАССАМАИ ШОҲ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Шоми 23 июни соли 2026 аз ҷониби иштирокчиёни Фестивали эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои Осиё таҳти унвони «Дар меҳмонии Душанбе» маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.   Дар маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Ҷумҳуриҳои Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, инчунин кишварҳои Африқои ҷанубӣ, Нигерия, Иёлоти муттаҳидаи Америка ва Украина ширкат варзиданд.   Бояд ёдовар шуд, ки Фестивали мазкур аз 23 то 27 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 120 нафар кӯдакону наврасони кишварҳои Осиё ва Аврупо ширкат менамоянд. 

    4

    23.06.2026