24.06.2026
24 июни соли 2026 дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, роҳбари дафтари минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба Тоҷикистон Трине Петерсен, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, муовини роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрӣ Двиведӣ, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъи вазорат ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ дар солҳои охир ба як майдони муҳими ҳамоҳангсозии фаъолият миёни Вазорати маориф ва илм ва шарикони рушд табдил ёфта, дар пешбурди ислоҳоти соҳа, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф нақши калидӣ дорад.
Зимни суханронӣ вазир зикр намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди таҳсилоти томактабӣ, таҳкими иқтидори омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳа тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳаи маориф, имкониятҳои нави маблағгузорӣ дар доираи ташаббусҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE 2030), вазъи маблағгузории соҳа ва таҳлили норасоии маблағгузорӣ, раванди таҳияи Нақшаи миёнамуҳлати рушди соҳаи маориф барои солҳои 2027–2030, инчунин татбиқи Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи II) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таҷдиди сохтори омӯзиш ва такмили низоми дастгирии методии омӯзгоронро муҳокима намуда, доир ба роҳҳои таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълим табодули афкор карданд.
Дар қисмати музокирот намояндагони шарикони рушд ва сохторҳои соҳавӣ оид ба тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо, истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи муштараки барномаҳо ва лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи маориф изҳор намуда, таъкид карданд, ки таҳкими шарикӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои таъмини таҳсилоти босифат ва рушди устувори низоми маорифи кишвар аҳаммияти муҳим дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон