ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
МИРЗО ТУРСУНЗОДА - ШОИРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ: ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода имрӯз (15.05.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети филология конфересияи байналмилалии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – Қаҳрамони Тоҷикистон ва арҷгузории Пешвои миллат ба хидматҳои шоир» доир гардид. Дар кори конференсия нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ҳозиринро бо ин рӯзи фараҳбахш – 115 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода самимона табрик намуда, иброз дошт, ки «меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин - дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд». Сипас доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ, академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода марӯза намуда, зикр намуд, ки «тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст». Дар конфронс намояндаи раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муъминзода Некрӯз, маърӯза намуда, иброз дошт, ки Мирзо Турсунзода вассофи сулҳу дӯстӣ буда, бо эҷодиёти гаронарзишаш дар рушду нумуи адабиёти муосири тоҷик ва муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён, саҳми бузург гузоштааст. Ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷик Ҳафиз Раҳмон, маърӯза намуда, иброз дошт, ки «устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст». Зимнан, Фирӯза Турсунзода - духтари шоири маҳбуби миллат Мирзо Турсунзода, аз саҳми арзандаи падари хеш дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуда, иброз дошт: «Дар забони падарам ҳамеша се мафҳуми муқаддас - Ватан, адабиёт ва сулҳу дӯстии байни халқҳо ҷой дошт». Таъкид гардид, ки осори пурғановати адиб, бахусус шеърҳои саршор аз ҳисси ватандӯстӣ ва ғояҳои инсондӯстона, то имрӯз дар қалби хонандагон мақоми вижа дошта, дар тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷавон нақши муассир мегузорад. Дар конфересияи байналмилалии илмию амалӣ намояндагони сафоратҳои Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар охири конференсия чанде аз донишҷӯёни факултетҳои филология аз ашори гаронбаҳои устод Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳури ӯро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, ироа намуданд.27
15.05.2026
-
ОМӮЗГОР ЧАРОҒИ РОҲИ ЗИНДАГӢ ВА ОФАРАНДАИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ Дар зиндагии ҳар як инсон шахсиятҳое ҳастанд, ки номи онҳо то охири умр дар ёд мемонад. Яке аз чунин шахсиятҳои муқаддас омӯзгор аст. Омӯзгор на танҳо ба мо хондану навиштанро меомӯзонад, балки роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи ҳамида, муҳаббат ба Ватан, эҳтироми инсон ва маънои ҳақиқии зиндагиро дар қалби мо ҷой мекунад. Агар падару модар ба инсон ҳаёт бахшанд, омӯзгор ба он ҳаёт маънӣ ва равшанӣ мебахшад. Маҳз омӯзгор аст, ки аз кӯдаки хурдсол инсони соҳибмаърифат, соҳибкасб ва ватандӯстро ба воя мерасонад. Ҳар яки мо рӯзе кӯдаки хурд будем. Бори аввал бо ҳаяҷон ва орзуҳои кӯдакона ба остонаи мактаб қадам гузоштем. Дар он лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда муаллимаи аввалини мо дасти моро гирифта, ба ҷаҳони илму дониш роҳнамоӣ мекард. Ӯ аввалин шахсе буд, ки ҳарфҳои алифборо ба мо омӯзонд, қалам ба дастамон дод ва роҳи маърифатро нишон дод. Муаллимаи аввалин танҳо омӯзгор набуд, балки мисли модари дуюм бо меҳрубонӣ моро тарбия мекард. Ӯ ба мо на танҳо хондану навиштан, балки ростқавлӣ, эҳтиром ба калонсолон, дӯст доштани падару модар, поквиҷдонӣ ва одоби инсонӣ меомӯзонд. Дар ҳақиқат, омӯзгор танҳо дарс намегӯяд, балки инсон месозад. Ҳар як фанне, ки омӯзгор ба шогирдон таълим медиҳад, дар ояндаи онҳо нақши бузург мебозад. Масалан, омӯзгори химия ба шогирдон асрори табиат ва таркиби моддаҳоро меомӯзонад. Шояд имрӯз кӯдак танҳо формулаи химиявиро аз ёд кунад, аммо фардо ҳамин дониш ӯро ба табиби машҳур, дорусоз, муҳандиси химия ё олими бузург табдил медиҳад. Омӯзгори физика бошад, ба шогирдон қонунҳои табиат, ҳаракат, нерӯ ва кашфиёти илмиро мефаҳмонад. Маҳз ҳамин донишҳо дар оянда муҳандисон, ихтироъкорон, кайҳоннавардон ва мутахассисони баландпояро ба камол мерасонанд. Агар имрӯз ҷаҳон ба техника ва технологияҳои пешрафта расида бошад, пас дар паси ҳар як ихтироъ заҳмати омӯзгор низ нуҳуфтааст. Фанни алгебра ва геометрия танҳо рақаму ҳисоб нест, балки мактаби тафаккури мантиқӣ мебошад. Омӯзгори математика ба шогирдон сабр, диққат ва тарзи дуруст фикр карданро меомӯзонад. Маҳз ҳамин фанҳо заминаи рушди иқтисод, сохтмон, муҳандисӣ ва технология мебошанд. Ҳар як муҳандисе, ки имрӯз биноҳои баланд месозад ё иқтисоддоне, ки иқтисоди давлатро пеш мебарад, рӯзе назди омӯзгори математика нишаста буд. Омӯзгорони забон ва адабиёт бошанд, ба шогирдон фарҳанг, суханварӣ ва маънавиятро меомӯзонанд. Забон ойинаи миллат аст. Омӯзгорони ин фан муҳаббат ба Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои миллиро дар қалби хонандагон ҷой мекунанд. Онҳо ба шогирдон мефаҳмонанд, ки сухани нек инсонро соҳибэҳтиром мегардонад. Бо шарофати чунин омӯзгорон имрӯз шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва суханварони маъруф ба ҷомеа хизмат мекунанд. Нақши омӯзгорони забонҳои хориҷӣ низ бисёр бузург аст. Дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ калиди муваффақият мебошад. Омӯзгорони ин фан ба шогирдон имконият медиҳанд, ки бо ҷаҳон ҳамқадам бошанд, илм омӯзанд ва бо дигар миллатҳо робита барқарор намоянд. Шояд кӯдаке, ки имрӯз алифбои англисиро меомӯзад, фардо дипломати сатҳи байналмилалӣ, тарҷумони машҳур ё донишманди ҷаҳонгарди тоҷик гардад. Омӯзгорони ҳуқуқ ба шогирдон адолат, қонун ва масъулияти шаҳрвандиро меомӯзонанд. Бо шарофати онҳо ҷавонон дарк мекунанд, ки ҳуқуқу уҳдадории инсон чист ва чӣ гуна бояд ҷомеаи солимро бунёд намуд. Маҳз аз ҳамин фан ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни адолат ба камол мерасанд. Фанни таърих низ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон нақши бузург дорад. Омӯзгори таърих ба шогирдон гузаштаи миллат, қаҳрамониҳои аҷдодон ва арзиши истиқлолиятро меомӯзонад. Кӯдак тавассути таърих мефаҳмад, ки миллати тоҷик чӣ гуна роҳи пурифтихорро тай намудааст. Омӯзгори таърих ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар қалби шогирдон бедор месозад. Омӯзгорони биология ба хонандагон асрори зиндагии инсон, наботот ва ҳайвонотро мефаҳмонанд. Бо шарофати ин фан дар оянда табибон, олимон ва ҳомиёни табиат ба камол мерасанд. Ҳар касе, ки имрӯз барои ҳифзи муҳити зист ва саломатии инсон талош мекунад, замоне аз омӯзгори биология сабақ гирифтааст. Дар асри XXI нақши омӯзгорони технология ва информатика боз ҳам муҳимтар гардидааст. Онҳо ба шогирдон истифодаи дурусти компютер, технологияҳои муосир ва имкониятҳои ҷаҳони рақамиро меомӯзонанд. Бо заҳмати чунин омӯзгорон барномасозон, муҳандисони компютерӣ ва мутахассисони соҳаи технология ба камол мерасанд. Омӯзгорон танҳо дар синфхона фаъолият намекунанд. Онҳо шабу рӯз барои омода кардани дарсҳо, санҷидани дафтарҳо ва тарбияи шогирдон заҳмат мекашанд. Бисёр вақт омӯзгор ғами ҳар як хонандаро мисли фарзанди худ мехӯрад. Агар шогирде аз роҳи дуруст дур шавад, аввалин нафаре, ки барои ислоҳи ӯ кӯшиш мекунад, омӯзгор аст. Омӯзгор соҳиби қалби бузург аст. Ӯ бо сабру таҳаммул ба ҳар як шогирд муносибат мекунад, истеъдоди онҳоро кашф менамояд ва барои дурахшон шудани ояндаи онҳо талош мекунад. Шояд баъзе шогирдон баъди солҳои зиёд ба қуллаҳои баланд расанд, аммо дар пушти ҳар як муваффақияти онҳо заҳмати омӯзгор меистад. Албатта, дар таълиму тарбияи фарзанд нақши падару модар низ бисёр муҳим мебошад. Вақте ки омӯзгор ва волидайн бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд, фарзанд боодоб, соҳибилм ва хушахлоқ ба воя мерасад. Волидайне, ки ба омӯзгор эҳтиром мегузоранд ва дар таълиму тарбияи фарзанд саҳм мегиранд, барои ояндаи фарзанди худ заминаи мустаҳкам мегузоранд. Зеро тарбияи фарзанд танҳо вазифаи мактаб нест, балки ҳамкории оила ва омӯзгор мебошад. Дар оила кӯдак аввалин дарсҳои ахлоқро меомӯзад. Агар падару модар худ намунаи хуби рафтор бошанд, фарзанд низ боодоб ва нексиришт ба воя мерасад. Кӯдак ҳар сухан ва ҳар амали калонсолонро мушоҳида мекунад. Аз ҳамин сабаб, волидайн бояд дар назди фарзанд муҳити орому солим фароҳам оваранд ва ӯро ба роҳи рост ҳидоят кунанд. Хушбахтона, имрӯз бисёр падару модарон ҳастанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд тамоми шароити мусоидро муҳайё намудаанд. Онҳо бо омӯзгорон ҳамкории доимӣ дошта, ба ҳар як пешравӣ ва камбудии фарзанд беэътино нестанд. Чунин волидайн хуб дарк мекунанд, ки муваффақияти фарзанд аз ҳамкории оила ва мактаб вобаста аст. Имрӯз ҳар касе, ки ба мардум хизмат мекунад, маҳсули меҳнати омӯзгор аст. Ҳар як духтуре, ки ҷони инсонро наҷот медиҳад, ҳар як муҳандисе, ки роҳу пул месозад, ҳар як ҳуқуқшиносе, ки адолатро ҳимоя мекунад, ҳар як иқтисоддоне, ки барои пешрафти давлат хизмат менамояд ҳамаашон рӯзе назди омӯзгор нишаста, аз ӯ дарс гирифтаанд. Омӯзгор шамъест, ки худ месӯзаду ба дигарон нур мебахшад. Ӯ барои дурахшон шудани ояндаи миллат заҳмат мекашад. Агар омӯзгор набошад, ҷомеа бесавод ва миллат бенур мегардад. Аз ҳамин хотир, эҳтироми омӯзгор эҳтироми илм, маърифат ва ояндаи миллат мебошад. Пас, биёед ҳамеша омӯзгоронро қадр намоем, заҳматҳои онҳоро эҳтиром кунем ва ба онҳо арҷ гузорем. Бигзор ҳар як падару модар дарк намояд, ки омӯзгор танҳо омӯзандаи фан нест, балки тарбиятгари насли ояндасоз аст. Ҳамкории самимии оила ва мактаб метавонад ҷомеаи солим, миллате босавод ва давлате пешрафтаро ба вуҷуд оварад. Пешрафти ҳар давлат аз мактаб оғоз меёбад ва рӯшноии ҳар мактаб аз нури қалби омӯзгор аст. То даме ки омӯзгор бо муҳаббат ба фарзандони миллат дониш меомӯзонад, ояндаи давлат равшан, ҷомеа обод ва миллат сарбаланд хоҳад монд. Заҳмати омӯзгорро бо ҳеҷ ганҷе чен кардан мумкин нест, зеро самараи меҳнати ӯ инсон аст ва омӯзгор офарандаи на танҳо як шахс, балки офарандаи ояндаи тамоми миллат мебошад. Беҳруз АМИРУЛОЗОДА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе29
15.05.2026
-
ОҒОЗИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ" Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» оғоз гардид, ки дар расми ифтитоҳи он сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М., намояндаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дигар шахсони масъул, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва омӯзгорони онҳо ширкат намуданд. Ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз иқдомоти навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ гардида, он дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2026,№219 эълон карда шудааст. Озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи номинатсияҳои “Барномасозӣ”, “Меъморӣ”, “Моделсозӣ”, “Радиоэлектроника”, “Робототехника”, “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ” ва “Табиашиносӣ” доир гардида, дар назар аст ҷамъбасти он дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии ғолибони он, баргузор карда шавад. Озмуни мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он аз рӯйи ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ сарфароз карда мешаванд. Инчунин, ба омӯзгорони хонандагоне, ки дар озмун ғолибиятро ба даст меоранд, мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 10 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 5 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 3 000 сомонӣ барои ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ, муқаррар гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки тибқи дархости комиссияи шаҳрии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷиҳати мақсаднок, озод ва шаффоф баргузор намудани он, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷриба, ходимони намоёни соҳаҳои илми ватанӣ ба ҳайати ҳакамони озмун шомил гардидаанд. Озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ду рӯз идома ёфта, он дар маҷмуъ аз санҷиши донишҳои назариявӣ аз рӯйи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва муаррифии лоиҳаҳои эҷодӣ иборат хоҳад буд.41
14.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор