15.05.2026
(дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 11–14 майи соли 2026)
Дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ равобити дуҷонибаи давлатҳо танҳо бо мубодилаи сиёсӣ маҳдуд намешавад. Он ба маҷмӯи васеи робитаҳои иқтисодӣ, технологӣ, илмӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва гуманитарӣ такя мекунад. Аз ин нуктаи назар, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин намунаи равшани шарикии стратегӣ дар фазои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии мутавозин, бисёрсамта ва прагматикиро пеш мебарад. Яке аз самтҳои асосии ин сиёсат густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони калидии иқтисодию сиёсӣ мебошад. Чин дар ин низом мавқеи махсус дорад, зеро ин давлат ҳамсояи мустақими Тоҷикистон, яке аз марказҳои муҳимми иқтисоди ҷаҳонӣ ва шарики фаъол дар лоиҳаҳои инфрасохторӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва технологӣ мебошад.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 11 то 14 майи соли 2026 аз лиҳози мазмун, натиҷа ва дурнамои ҳамкорӣ аҳаммияти хос касб намуд. Дар ҷараёни он мулоқотҳои сатҳи олӣ, музокироти сиёсӣ, вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи чинӣ, чорабиниҳои иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Имзои бастаҳои нави санадҳои ҳамкорӣ нишон дод, ки муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи нави татбиқи амалии шарикии стратегӣ ворид шудаанд.
Ҷанбаҳои ҳамгироии иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва Чинро масъалаҳои зерин баррасӣ фаро мегирад: заминаҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳамкорӣ; самтҳои асосии иқтисодию сармоягузорӣ; нақши илму маориф ва технология; аҳаммияти санадҳои имзошуда; дурнамои таъсири онҳо ба рушди Тоҷикистон ва минтақа.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар давраи соҳибистиқлолӣ тадриҷан аз сатҳи ҳамкории ҳамсоягӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд. Ин раванд дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, манфиати мутақобила ва дастгирии рушди устувор ташаккул ёфт. Барои Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ҳамкорӣ бо Чин омили муҳимми таҳкими суботи иқтисодӣ, амнияти инфрасохторӣ ва тавсеаи имкониятҳои транзитӣ мебошад.
Сафари давлатии мазкур дар ҳамин замина сурат гирифт. Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба тадбиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории нек, дӯстии абадӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат аҳаммияти махсус доранд. Ин санадҳо ба ҳамкориҳои ду кишвар на танҳо ҳамкории сиёсӣ, балки заминаи устувори ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ медиҳанд.
Ба андешаи коршиносон, чунин санадҳо вазифаи танзимкунандаи муносибатҳои дуҷонибаро иҷро мекунанд. Онҳо афзалиятҳои ҳамкориро муайян месозанд, масъулияти ниҳодҳои давлатӣ ва иқтисодиро мушаххас менамоянд ва барои табдили иродаи сиёсӣ ба барномаҳои амалии рушд замина мегузоранд. Аз ин рӯ, сафари давлатӣ бояд ҳамчун рӯйдоди бисёрсатҳа таҳлил гардад: сиёсӣ, иқтисодӣ, технологӣ, гуманитарӣ ва геоиқтисодӣ.
Меҳвари асосии сафари давлатӣ масъалаи ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоя буд. Дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои чинӣ таъкид гардид, ки сармояи Чин дар иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Тибқи маълумоти ироашуда дар ҷараёни мулоқот, соли гузашта ба иқтисоди миллии Тоҷикистон қариб 7 миллиард доллари америкоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, ҳудуди 900 миллион доллар ё 12,5 фоизи он ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рост меояд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият мекунанд.
Ин нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Чин яке аз сарчашмаҳои муҳимми сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад, аммо аҳаммияти ҳамкорӣ танҳо дар ҳаҷми сармоя ифода намеёбад. Муҳим он аст, ки самтҳои сармоягузорӣ ба ниёзҳои стратегии иқтисоди миллӣ мутобиқат мекунанд: энергетика, саноат, роҳсозӣ, нақлиёт, истихроҷ ва коркарди маъдан, технологияҳои рақамӣ, кишоварзӣ, содирот ва инфрасохтори сарҳадӣ.
Имзои беш аз 50 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Чин, ки ҷалби беш аз 8 миллиард доллари амрикоиро ба Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, метавонад ба фаъолшавии бахши истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши содирот ва беҳтар шудани иқтидори инфрасохтории кишвар мусоидат намояд. Аз нигоҳи сиёсати иқтисодӣ, чунин ҳамкорӣ бояд бо се меъёр арзёбӣ шавад: самаранокии иқтисодӣ, таъсири иҷтимоӣ ва мутобиқат ба манфиатҳои дарозмуддати миллӣ.
Дар ин раванд зарур аст, ки лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо афзалияти таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, интиқоли технология, омода намудани кадрҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани арзиши иловашуда амалӣ шаванд. Танҳо дар ин сурат ҳамгироии иқтисодӣ аз шакли соддаи ҷалби сармоя ба марҳалаи рушди истеҳсолоти миллӣ ва рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон мегузарад.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми сафари давлатӣ таваҷҷуҳи махсус ба иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои нав буд. Баргузории Форуми технологияҳои иттилоотӣ таҳти унвони «Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин» нишон дод, ки ҳамкорӣ дар асри XXI ба инфрасохтори рақамӣ, платформаҳои электронӣ, савдои онлайн, эътимоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ пайванди мустақим дорад.
Ёддоштҳои тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин – Тоҷикистон, таҳкими эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат ва густариши ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи санадҳое мебошанд, ки мазмуни навини шарикии ду кишварро ифода мекунанд. Ин санадҳо метавонанд барои ворид намудани технологияҳои пешрафта ба идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ замина фароҳам оваранд.
Аз нигоҳи сиёсати давлатӣ, иқтисоди рақамӣ танҳо маҷмӯи воситаҳои техникӣ нест. Он тағйири модели идоракунӣ, муносибати нав ба маълумот, баланд бардоштани шаффофияти равандҳои иқтисодӣ ва рушди салоҳиятҳои нави касбиро талаб мекунад. Бинобар ин, ҳамкории Тоҷикистону Чин дар ин самт бояд бо омодасозии мутахассисон, ҳифзи амнияти иттилоотӣ, ташаккули қонунгузории мутобиқ ва дастгирии соҳибкории инноватсионӣ ҳамоҳанг карда шавад.
Дар шароити рақобати ҷаҳонӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки технологияи навро ба манфиати рушди инсонӣ ва иқтисоди миллӣ истифода мебаранд. Барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Чин дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва тиҷорати рақамӣ имкони муҳим барои гузаштан аз модели ашёи хом ба модели иқтисоди донишбунёд мебошад.
Дар сафари давлатӣ самти илму маориф ва робитаҳои фарҳангӣ ҷойгоҳи муҳим дошт. Дидор аз Донишгоҳи Пекин ва мулоқот бо донишҷӯён нишон дод, ки рушди сармояи инсонӣ дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои асосӣ мебошад. Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аҳаммияти илмомӯзӣ барои ҷавонон паёми равшани тарбиявӣ ва маърифатӣ доштанд.
Ҳамкории маориф миёни Тоҷикистону Чин солҳои охир густариш ёфтааст. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар ҷараёни сафар, ҳоло қариб шаш ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Чин таҳсил мекунанд ва дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм намудаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз ташаккули шабакаи нави кадрҳои дорои таҷрибаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.
Робитаҳои илмӣ низ мазмуни васеъ пайдо мекунанд. Пешниҳодҳои марбут ба таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об, таърих, бостоншиносӣ ва мероси фарҳангӣ барои Тоҷикистон аҳаммияти калон доранд, зеро 93 фоизи ҳудуди кишвар кӯҳсор буда, масъалаҳои об, пиряхҳо, маъданҳо ва муҳити зист ба амнияти миллӣ ва рушди устувор пайваст мебошанд.
Дипломатияи гуманитарӣ дар чунин шароит вазифаи иловагӣ иҷро мекунад: он эътимод, фаҳмиши мутақобил ва робитаҳои байниҷамъиятиро тақвият медиҳад. Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026–2029, ҳамкорӣ бо муассисаҳои иттилоотӣ, рушди Институти Конфутсий ва таъсиси марказҳои омӯзиши таҷрибаи модернизатсияи Чин ба тавсеаи робитаҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунанд.
Дар доираи сафари давлатӣ маҷмӯи васеи санадҳо ба имзо расиданд. Онҳоро аз рӯйи мазмун ба чанд гурӯҳи асосӣ ҷудо намудан мумкин аст:
– санадҳои сиёсӣ ва дипломатӣ: изҳороти муштарак, аҳднома оид ба ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ;
– санадҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ: ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, содирот, молияи давлатӣ, маъданҳои “сабз”, рушди захираҳои инсонӣ ва таъсиси Шурои корӣ;
– санадҳои технологӣ ва инноватсионӣ: зеҳни сунъӣ, эътимоди рақамӣ, ҳамкории илмӣ-техникӣ ва метрология;
– санадҳои инфрасохторӣ: таҷдиди гузаргоҳи сарҳадии Кулма, таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, меъморӣ ва сохтмон;
– санадҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ: таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзӣ, содироти меваҳои донакдор ва маҳсулоти паранда;
– санадҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва сайёҳӣ: ҳамкорӣ миёни вазоратҳои фарҳанг, расонаҳо, агентии “Ховар”, Синхуа ва сохторҳои соҳаи сайёҳӣ.
Ин гурӯҳбандӣ нишон медиҳад, ки сафари давлатӣ дорои хусусияти маҷмӯӣ буд. Яъне ҳамкорӣ танҳо ба як бахши иқтисод маҳдуд нашуда, тамоми самтҳои асосии рушди миллӣ ва робитаҳои байналмилалиро фаро гирифт. Аз нигоҳи идоракунии сиёсӣ, чунин маҷмӯи санадҳо имконият медиҳад, ки ҳамкорӣ аз сатҳи изҳороти умумӣ ба сатҳи барномаҳои мушаххаси соҳавӣ гузарад.
Тоҷикистон дар сохтори геоиқтисодии Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим дорад. Кишвар бо Чин сарҳади мустақим дорад ва метавонад дар густариши пайвандҳои нақлиётӣ, тиҷоратӣ ва энергетикии минтақа нақши фаъол бозад. Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистону Чин на танҳо барои ду давлат, балки барои равандҳои васеи минтақавӣ низ аҳаммият дорад.
Рушди гузаргоҳҳои сарҳадӣ, роҳҳо, инфрасохтори логистикӣ ва савдои рақамӣ имкони зиёд намудани гардиши мол, беҳтар кардани дастрасӣ ба бозорҳо ва тақвияти иқтидори содиротии Тоҷикистонро фароҳам меорад. Дар ин самт гузаргоҳи Кулма метавонад ҳамчун яке аз унсурҳои муҳимми пайвастагии иқтисодии Тоҷикистон бо Чин ва бозорҳои васеътар арзёбӣ гардад.
Ҳамзамон, ҳамкории иқтисодӣ бояд бо принсипҳои манфиати мутақобила, шаффофият, ҳифзи муҳити зист ва рушди иҷтимоӣ ҳамоҳанг бошад. Барои Тоҷикистон муҳим аст, ки ҳар як лоиҳаи калон ба рушди истеҳсолоти маҳаллӣ, зиёд шудани ҷойҳои корӣ, баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими мустақилияти иқтисодӣ мусоидат кунад.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 11 то 14 майи соли 2026 марҳалаи муҳимми рушди муносибатҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад. Мазмуни ин сафар нишон дод, ки шарикии Тоҷикистону Чин ба сатҳи нави ҳамкории ҳамаҷониба, амалгароёна ва дорои дурнамои дарозмуддат ворид шудааст.
Натиҷаҳои асосии таҳлил чунинанд: якум, санадҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии имзошуда заминаи институтсионалии шарикии стратегиро дар даврони нав таҳким медиҳанд; дуюм, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ метавонанд ба рушди инфрасохтор, саноат, содирот ва ҷойҳои корӣ мусоидат намоянд; сеюм, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ имкони гузариши тадриҷии Тоҷикистон ба иқтисоди донишбунёдро фароҳам меорад; чорум, робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ ҳамчун қисми муҳимми дипломатияи гуманитарӣ ба таҳкими эътимод ва омодасозии кадрҳои нав мусоидат мекунанд; панҷум, ҳамкории ду кишвар барои рушди пайвандҳои минтақавӣ ва суботи иқтисодии Осиёи Марказӣ аҳаммияти назаррас дорад.
Бо дарназардошти ин омилҳо, сафари мазкурро метавон ҳамчун рӯйдоди таърихӣ ва стратегӣ арзёбӣ намуд. Вазифаи минбаъда аз он иборат аст, ки санадҳои имзошуда ба барномаҳои мушаххас, лоиҳаҳои натиҷабахш ва дастовардҳои воқеии иҷтимоию иқтисодӣ табдил дода шаванд. Маҳз дар ҳамин сурат ҳамгироии Тоҷикистону Чин ба манфиати рушди миллӣ, таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ ва болоравии ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ хизмат хоҳад кард.
Сафарзода Даврон Ҷурахон,
ректори Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон