15.05.2026
Дар зиндагии ҳар як инсон шахсиятҳое ҳастанд, ки номи онҳо то охири умр дар ёд мемонад. Яке аз чунин шахсиятҳои муқаддас омӯзгор аст. Омӯзгор на танҳо ба мо хондану навиштанро меомӯзонад, балки роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи ҳамида, муҳаббат ба Ватан, эҳтироми инсон ва маънои ҳақиқии зиндагиро дар қалби мо ҷой мекунад. Агар падару модар ба инсон ҳаёт бахшанд, омӯзгор ба он ҳаёт маънӣ ва равшанӣ мебахшад.
Маҳз омӯзгор аст, ки аз кӯдаки хурдсол инсони соҳибмаърифат, соҳибкасб ва ватандӯстро ба воя мерасонад.
Ҳар яки мо рӯзе кӯдаки хурд будем. Бори аввал бо ҳаяҷон ва орзуҳои кӯдакона ба остонаи мактаб қадам гузоштем. Дар он лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда муаллимаи аввалини мо дасти моро гирифта, ба ҷаҳони илму дониш роҳнамоӣ мекард. Ӯ аввалин шахсе буд, ки ҳарфҳои алифборо ба мо омӯзонд, қалам ба дастамон дод ва роҳи маърифатро нишон дод. Муаллимаи аввалин танҳо омӯзгор набуд, балки мисли модари дуюм бо меҳрубонӣ моро тарбия мекард. Ӯ ба мо на танҳо хондану навиштан, балки ростқавлӣ, эҳтиром ба калонсолон, дӯст доштани падару модар, поквиҷдонӣ ва одоби инсонӣ меомӯзонд.
Дар ҳақиқат, омӯзгор танҳо дарс намегӯяд, балки инсон месозад. Ҳар як фанне, ки омӯзгор ба шогирдон таълим медиҳад, дар ояндаи онҳо нақши бузург мебозад. Масалан, омӯзгори химия ба шогирдон асрори табиат ва таркиби моддаҳоро меомӯзонад. Шояд имрӯз кӯдак танҳо формулаи химиявиро аз ёд кунад, аммо фардо ҳамин дониш ӯро ба табиби машҳур, дорусоз, муҳандиси химия ё олими бузург табдил медиҳад.
Омӯзгори физика бошад, ба шогирдон қонунҳои табиат, ҳаракат, нерӯ ва кашфиёти илмиро мефаҳмонад. Маҳз ҳамин донишҳо дар оянда муҳандисон, ихтироъкорон, кайҳоннавардон ва мутахассисони баландпояро ба камол мерасонанд. Агар имрӯз ҷаҳон ба техника ва технологияҳои пешрафта расида бошад, пас дар паси ҳар як ихтироъ заҳмати омӯзгор низ нуҳуфтааст.
Фанни алгебра ва геометрия танҳо рақаму ҳисоб нест, балки мактаби тафаккури мантиқӣ мебошад. Омӯзгори математика ба шогирдон сабр, диққат ва тарзи дуруст фикр карданро меомӯзонад. Маҳз ҳамин фанҳо заминаи рушди иқтисод, сохтмон, муҳандисӣ ва технология мебошанд. Ҳар як муҳандисе, ки имрӯз биноҳои баланд месозад ё иқтисоддоне, ки иқтисоди давлатро пеш мебарад, рӯзе назди омӯзгори математика нишаста буд.
Омӯзгорони забон ва адабиёт бошанд, ба шогирдон фарҳанг, суханварӣ ва маънавиятро меомӯзонанд. Забон ойинаи миллат аст. Омӯзгорони ин фан муҳаббат ба Ватан, забони модарӣ ва арзишҳои миллиро дар қалби хонандагон ҷой мекунанд. Онҳо ба шогирдон мефаҳмонанд, ки сухани нек инсонро соҳибэҳтиром мегардонад. Бо шарофати чунин омӯзгорон имрӯз шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва суханварони маъруф ба ҷомеа хизмат мекунанд.
Нақши омӯзгорони забонҳои хориҷӣ низ бисёр бузург аст. Дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ калиди муваффақият мебошад. Омӯзгорони ин фан ба шогирдон имконият медиҳанд, ки бо ҷаҳон ҳамқадам бошанд, илм омӯзанд ва бо дигар миллатҳо робита барқарор намоянд. Шояд кӯдаке, ки имрӯз алифбои англисиро меомӯзад, фардо дипломати сатҳи байналмилалӣ, тарҷумони машҳур ё донишманди ҷаҳонгарди тоҷик гардад.
Омӯзгорони ҳуқуқ ба шогирдон адолат, қонун ва масъулияти шаҳрвандиро меомӯзонанд. Бо шарофати онҳо ҷавонон дарк мекунанд, ки ҳуқуқу уҳдадории инсон чист ва чӣ гуна бояд ҷомеаи солимро бунёд намуд. Маҳз аз ҳамин фан ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни адолат ба камол мерасанд.
Фанни таърих низ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон нақши бузург дорад. Омӯзгори таърих ба шогирдон гузаштаи миллат, қаҳрамониҳои аҷдодон ва арзиши истиқлолиятро меомӯзонад. Кӯдак тавассути таърих мефаҳмад, ки миллати тоҷик чӣ гуна роҳи пурифтихорро тай намудааст. Омӯзгори таърих ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар қалби шогирдон бедор месозад.
Омӯзгорони биология ба хонандагон асрори зиндагии инсон, наботот ва ҳайвонотро мефаҳмонанд. Бо шарофати ин фан дар оянда табибон, олимон ва ҳомиёни табиат ба камол мерасанд. Ҳар касе, ки имрӯз барои ҳифзи муҳити зист ва саломатии инсон талош мекунад, замоне аз омӯзгори биология сабақ гирифтааст.
Дар асри XXI нақши омӯзгорони технология ва информатика боз ҳам муҳимтар гардидааст. Онҳо ба шогирдон истифодаи дурусти компютер, технологияҳои муосир ва имкониятҳои ҷаҳони рақамиро меомӯзонанд. Бо заҳмати чунин омӯзгорон барномасозон, муҳандисони компютерӣ ва мутахассисони соҳаи технология ба камол мерасанд.
Омӯзгорон танҳо дар синфхона фаъолият намекунанд. Онҳо шабу рӯз барои омода кардани дарсҳо, санҷидани дафтарҳо ва тарбияи шогирдон заҳмат мекашанд. Бисёр вақт омӯзгор ғами ҳар як хонандаро мисли фарзанди худ мехӯрад. Агар шогирде аз роҳи дуруст дур шавад, аввалин нафаре, ки барои ислоҳи ӯ кӯшиш мекунад, омӯзгор аст.
Омӯзгор соҳиби қалби бузург аст. Ӯ бо сабру таҳаммул ба ҳар як шогирд муносибат мекунад, истеъдоди онҳоро кашф менамояд ва барои дурахшон шудани ояндаи онҳо талош мекунад. Шояд баъзе шогирдон баъди солҳои зиёд ба қуллаҳои баланд расанд, аммо дар пушти ҳар як муваффақияти онҳо заҳмати омӯзгор меистад.
Албатта, дар таълиму тарбияи фарзанд нақши падару модар низ бисёр муҳим мебошад. Вақте ки омӯзгор ва волидайн бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд, фарзанд боодоб, соҳибилм ва хушахлоқ ба воя мерасад. Волидайне, ки ба омӯзгор эҳтиром мегузоранд ва дар таълиму тарбияи фарзанд саҳм мегиранд, барои ояндаи фарзанди худ заминаи мустаҳкам мегузоранд. Зеро тарбияи фарзанд танҳо вазифаи мактаб нест, балки ҳамкории оила ва омӯзгор мебошад.
Дар оила кӯдак аввалин дарсҳои ахлоқро меомӯзад. Агар падару модар худ намунаи хуби рафтор бошанд, фарзанд низ боодоб ва нексиришт ба воя мерасад. Кӯдак ҳар сухан ва ҳар амали калонсолонро мушоҳида мекунад. Аз ҳамин сабаб, волидайн бояд дар назди фарзанд муҳити орому солим фароҳам оваранд ва ӯро ба роҳи рост ҳидоят кунанд.
Хушбахтона, имрӯз бисёр падару модарон ҳастанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд тамоми шароити мусоидро муҳайё намудаанд. Онҳо бо омӯзгорон ҳамкории доимӣ дошта, ба ҳар як пешравӣ ва камбудии фарзанд беэътино нестанд. Чунин волидайн хуб дарк мекунанд, ки муваффақияти фарзанд аз ҳамкории оила ва мактаб вобаста аст.
Имрӯз ҳар касе, ки ба мардум хизмат мекунад, маҳсули меҳнати омӯзгор аст. Ҳар як духтуре, ки ҷони инсонро наҷот медиҳад, ҳар як муҳандисе, ки роҳу пул месозад, ҳар як ҳуқуқшиносе, ки адолатро ҳимоя мекунад, ҳар як иқтисоддоне, ки барои пешрафти давлат хизмат менамояд ҳамаашон рӯзе назди омӯзгор нишаста, аз ӯ дарс гирифтаанд.
Омӯзгор шамъест, ки худ месӯзаду ба дигарон нур мебахшад. Ӯ барои дурахшон шудани ояндаи миллат заҳмат мекашад. Агар омӯзгор набошад, ҷомеа бесавод ва миллат бенур мегардад. Аз ҳамин хотир, эҳтироми омӯзгор эҳтироми илм, маърифат ва ояндаи миллат мебошад.
Пас, биёед ҳамеша омӯзгоронро қадр намоем, заҳматҳои онҳоро эҳтиром кунем ва ба онҳо арҷ гузорем. Бигзор ҳар як падару модар дарк намояд, ки омӯзгор танҳо омӯзандаи фан нест, балки тарбиятгари насли ояндасоз аст. Ҳамкории самимии оила ва мактаб метавонад ҷомеаи солим, миллате босавод ва давлате пешрафтаро ба вуҷуд оварад.
Пешрафти ҳар давлат аз мактаб оғоз меёбад ва рӯшноии ҳар мактаб аз нури қалби омӯзгор аст. То даме ки омӯзгор бо муҳаббат ба фарзандони миллат дониш меомӯзонад, ояндаи давлат равшан, ҷомеа обод ва миллат сарбаланд хоҳад монд.
Заҳмати омӯзгорро бо ҳеҷ ганҷе чен кардан мумкин нест, зеро самараи меҳнати ӯ инсон аст ва омӯзгор офарандаи на танҳо як шахс, балки офарандаи ояндаи тамоми миллат мебошад.
Беҳруз АМИРУЛОЗОДА,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе