ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МТМУ №26-И НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи босифат мебошад. Қайд гардид, ки бинои нави муассисаи таълимӣ тибқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешавад. Иҷрои ин лоиҳа имкон медиҳад, ки мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардида, сатҳи фарогирии хонандагон ба таҳсил беҳтар шавад ва инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал рушд ёбад. Бояд гуфт, сохтмон бинои мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» ба нақша гирифта шудааст.130
26.01.2026
-
БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ВА ХОНАИ БАЧЧАГОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН 19 январи соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 ва Хонаи бачагони шаҳри Роғун боздид намуд. Дар ҷараёни боздид муовини вазир бо шароити таълиму тарбия, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, сатҳи нигоҳубини кӯдакон, муҳити тарбиявӣ, вазъи моддию техникии муассисаҳо, инчунин иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ шинос гардид. Ҳамзамон, бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳо суҳбат анҷом дода шуда, ҷиҳати такмили раванди таълиму тарбия, таъмини муҳити солиму бехатар барои кӯдакон, истифодаи усулҳои муосири таълим, тақвияти масъулиятнокии кормандон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тарбиявӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.286
20.01.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар- 26.01.2026 Бештар
-
26.01.2026
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН! Бештар -
09.01.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор