26.06.2026
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Устодон ва шогирдони азиз!
Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар!
Фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки дар Ватани маҳбубамон ҳар сол бо шукӯҳу тантана ҳамчун шукрона аз ободии диёр ва пойдории истиқлолу сулҳу ваҳдат таҷлил мешавад, ба шумо ва ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди ҷумҳурӣ самимона табрик мегӯям.
Ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи талошҳои пайгиронаву бардавом ва ҷоннисоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ақлу хирад ва иродаву матонати қавии халқи тоҷик ба даст омадааст, дар таърихи давлатдории тоҷикони шарафманду ватанапарвар марҳалаи навинеро ифтитоҳ бахшид. Ин марҳала тавъам бо созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ ва дӯстию рафоқат аст.
Таърих борҳо собит кардааст, ки тоҷикон табиатан халқи фарҳангию тамаддунофаранд ва ҳамеша ба сулҳу ҳамдилӣ, ба зиндагии осоишта арҷ мегузоранд. Ин буд, ки дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳамагон якдилона ва бо қатъият баҳри бартараф кардани ҷанги таҳмилии дохилӣ ҷидду ҷаҳд намуданд ва мамлакатро аз вартаи ҳалокат берун кашида, парчами ваҳдатро баланд афрохтанд. Тантанаи ваҳдати миллии тоҷикон ҷаҳониёнро ба ваҷд овард ва обрую эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи олам боло бурд. Имрӯз ҷаҳониён Ватани азизи моро чун ошёни сулҳу ваҳдат, диёри тинҷу осуда ва маҳзари ташаббусҳои башардӯстона мешиносанду эътироф мекунанд. Ба шарофати ваҳдати миллӣ дар кишвар сатҳу сифати зиндагии мардум сол то сол беҳтару муназзамтар мегардад ва зина ба зина ҳадафҳои стратегии миллӣ дар амал татбиқ мешаванд.
Ваҳдати миллӣ ба ҳаёту фаъолияти аҳли маориф низ таъсири файзбахш ва нақши пурсамар дорад. Барои баргузории ислоҳоти фарогири маориф, бунёди теъдоди зиёди кӯдакистонҳою муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои типи нав ва донишгоҳу донишкадаҳо ваҳдати миллӣ шароити созгор фароҳам овард. Имрӯз соҳаи маорифи мамлакат ҳамқадами замон буда, дар муҳимтарин бахшҳо, чун рақамикунонию корбарии ҳадафмандона аз зеҳни сунъӣ ва ривоҷи муносибатҳои байналмилалӣ ба комёбиҳои шоиста ноил гардидааст.
Имсол мо Рӯзи Ваҳдати миллиро дар арафаи ҷашни пурифтихору нишотбахши кишвар – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем, ки ин шукӯҳу шаҳомати онро боз ҳам меафзояд. Чунонки Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, «имрӯз ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз Ватани соҳибихтиёру озод, пос доштани мероси таърихию арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии мардуми тоҷик бамаротиб густаришу тақвият ёфтааст ва ин падидаи нек моро ба ояндаи дурахшони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ умеди қавӣ мебахшад». Дар ин ҷода боиси ифтихору шарафмандист, ки аҳли маорифу илми ҷумҳурӣ хеле фаъоланд, пайваста баҳри устуворию пойдории истиқлолу сулҳу ваҳдат дар кишвар талош меварзанд, дар таълиму тарбияи сазовори насли наврас, тақвияти хештаншиносию ҳувияти миллии аҳли ҷомеа ва тарғиби илму донишу фарҳанг кӯшишҳои ҳамешагию босамар доранд ва минбаъд низ дар ҷодаи ободонии Ватану рушди хираду маърифат пешсаф хоҳанд буд.
Бори дигар аҳли маориф ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод гуфта, барояшон зиндагии осоишта, ваҳдати поянда, иқболи нек ва дастовардҳои боз ҳам бештарро баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоям.
Ваҳдати миллии мо ҷовидону поянда бод!