ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ШОМИ ФАРҲАНГИИ «ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ» 2 августи соли 2026 дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Шаҳди Истиқлол» баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, ансамбли «Чеҳранамо»-и донишгоҳ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстиро миёни сокинону меҳмонони пойтахт тақвият бахшид. Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки силсилаи барномаҳои фарҳангии «Шаҳди Истиқлол» то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғи Куруши Кабир баргузор гардида, ансамбли «Чеҳранамо»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо барномаҳои нави ҳунарӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ҳунарнамоӣ хоҳад кард.41
03.08.2026
-
ТАШАББУСИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ «Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд». Эмомалӣ Раҳмон Сулҳхоҳӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ аз қадим ҷузъи фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллати тоҷик буда, имрӯз низ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар замони муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои гуногуни амниятӣ, аз ҷумла ҷангҳои минтақавӣ, ифротгароӣ, терроризм ва буҳронҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст, масъалаи таҳкими сулҳу субот беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти ҷаҳонӣ касб намудааст. Дар чунин шароит қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда 2027–2036» рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва дипломатии ҷаҳон ба шумор меравад. Ин ташаббус, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бори дигар мақому нуфузи кишварро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ бо роҳи муколама ва ҳамкорӣ нишон дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо исбот намудааст, ки сиёсати хориҷии он бар пояи ҳамзистии осоишта, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои созанда бунёд ёфтааст. Эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барномаи амалиест, ки давлатҳои ҷаҳонро барои пешгирии низоъҳо, густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи инсондӯстӣ муттаҳид месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ гузашта, бо талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид, имрӯз таҷрибаи арзишманди худро дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Сулҳи тоҷикон собит намуд, ки ҳатто мураккабтарин ихтилофҳоро метавон тавассути музокирот, гузашт ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ҳал намуд. Бо заҳмати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик, Тоҷикистон бо бештари кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад. Сабаби асосии робитаҳои дӯстии давлатҳо бо кишвари мо ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст. Қабули қатъномаи мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои марбут ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ тавонист эътибори баланди байналмилалӣ пайдо намояд. Акнун пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ идомаи ҳамин сиёсати созанда мебошад. Ин ташаббус аҳаммияти бузург барои наслҳои оянда дорад. Ҷавонон бояд дар фазои оромиву субот, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбия ёбанд. Фарҳанги сулҳ танҳо вазифаи сиёсатмадорон нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Мактаб, оила, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои илмӣ бояд дар тарбияи шахсиятҳои сулҳпарвар саҳми фаъол гузоранд. Дар васфи фарҳанги сулҳ ва нақши он дар сарнавишти миллати тоҷик шоири маъруф Абдуллоҳи Раҳнамо чунин гуфтааст: Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро, Боз кардӣ ин гиреҳи тангро, Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ, Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро! Ин мисраъҳо арзиши сулҳро ҳамчун неъмати бузургтарин ва кафили рушди давлату ҷомеа тараннум намуда, аҳаммияти фарҳанги сулҳро барои инсоният бозгӯ мекунанд. Қатъномаи СММ дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» имконият фароҳам меорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо, рушди дипломатияи пешгирикунанда ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ ҳамкориҳои худро густариш диҳад. Амалӣ гардидани ҳадафҳои ин даҳсола метавонад барои таъмини амният, рушди устувор ва беҳбудии зиндагии миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам оварад. Хулоса, қабули ин қатъномаи муҳим боз як дастоварди арзишманди дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он нишон медиҳад, ки ташаббусҳои созандаи кишвар тањти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо эътимод ва дастгирии васеъ пазируфта мешаванд. Дар ҷаҳоне, ки сулҳ ба арзиши олӣ табдил ёфтааст, чунин иқдомҳо барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва таъмини ояндаи осоиштаи инсоният аҳаммияти таърихӣ доранд. Мо, халқи тоҷикро зарур аст, ки бо руҳияи саршори ифтихор аз ин иқдоми шоиста баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоем ва дар фаъолияти кории худ содиқ бошем. Зиёдулло АБДУЛЗОДА, сардори Раёстаи маорифи вилояти Хатлон43
03.08.2026
-
МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ СЕҶОНГИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ 3 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии директори Шуъбаи сиёсати мактабии раёсати мазкур Ҷунг Ҷонг - Пил баргузор гардид. Дар оғози мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки сафари ҳайати Ҷумҳурии Корея ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти рақамӣ мусоидат хоҳад кард. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Корея таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи маориф ва илм дар доираи санадҳои байниҳукуматӣ, ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея ва санадҳои мустақими ҳамкорӣ байни мақомоти маориф ва муассисаҳои таълимии ду кишвар пайваста густариш меёбад. Қайд карда шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон омӯзиши забон ва фарҳанги кореягӣ ба роҳ монда шуда, робитаҳои мустақим бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея, табодули академӣ, омодасозии мутахассисон ва иштирок дар барномаҳои таҳсилӣ тадриҷан рушд менамоянд. Ҷонибҳо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонгро муҳим арзёбӣ намуда, нақши Ёддошти тафоҳуми байни ҷонибҳо ва барномаи KLIC - ро дар рушди таҳсилоти рақамӣ таъкид карданд. Гуфта шуд, ки сафари ҳайати Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг ба шаҳри Душанбе дар доираи марҳилаи дуюми татбиқи барномаи KLIC сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани салоҳиятҳои рақамии омӯзгорони тоҷик, арзёбии натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мебошад. Дар марҳилаи якуми барнома, ки соли 2025 амалӣ гардид, ба панҷ муассисаи таълимӣ таҷҳизоти рақамӣ пешниҳод шуда, омӯзгорони тоҷик дар омӯзишҳо иштирок намуда, бо усулҳои муосири истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим шинос гардиданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба таъсис ва рушди платформаҳои рақамӣ, идомаи омӯзишҳои амалӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва саводнокии рақамӣ, таҳияи маводи муштараки таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои омӯзгорон табодули назар намуданд. Инчунин, масъалаҳои фарогирии муассисаҳои таълимии минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаҳои минбаъдаи барномаи KLIC ва роҳандозии барномаҳои муштараки такмили ихтисосу бозомӯзии омӯзгорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардиданд. Дар анҷоми мулоқот саҳми Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг ва омӯзгорони пешсафи Ҷумҳурии Корея дар ташкили омӯзишҳо, пешниҳоди таҷрибаи пешқадам ва дастгирии омӯзгорони тоҷик баланд арзёбӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон33
03.08.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
03.08.2026
Министерство образования и науки Республики Таджикистан Проект улучшения среднего образования в области точных наук, технологий, инженерии и математики (STEM)
Министерство образования и науки Республики Таджикистан Проект улучшения среднего образования в области точных наук, технологий, инженерии и математики (STEM) Бештар -
03.08.2026
Министерство образования и науки Республики Таджикистан Проект улучшения среднего образования в области точных наук, технологий, инженерии и математики (STEM)
Министерство образования и науки Республики Таджикистан Проект улучшения среднего образования в области точных наук, технологий, инженерии и математики (STEM) Бештар -
03.08.2026
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор