03.08.2026

 img

ТАРБИЯ – ПОЯИ СУБОТИ ҶОМЕА

 

Дар шароити рушди босуръати ҷомеаи муосир масъалаи тарбияи насли наврас ба яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ, рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

 

Дар чунин шароит вазифаи муассисаи таълимӣ низ дигаргун мегардад. Агар қаблан мактаб бештар вазифаи таълимиро иҷро мекард, имрӯз ба он масъулияти ташаккули фарҳанги шаҳрвандӣ, маърифати ҳуқуқӣ, муқовимат ба таҳдидҳои иттилоотӣ ва тарбияи шахсияти устувор низ вогузор шудааст. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таҳқиқоти илмии педагогӣ нишон медиҳанд, ки ҳатто муассисаи таълимии пешрафта низ бе дастгирии оила, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ба натиҷаи дилхоҳ ноил шуда наметавонад. Тарбияи кӯдак раванди мураккаби иҷтимоӣ мебошад, ки дар он ҳар як субъекти тарбия вазифаи муайяни худро дорад. Аз ҳамин лиҳоз, масъалаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро наметавон танҳо аз мавқеи ҳуқуқӣ арзёбӣ намуд, балки он, пеш аз ҳама, масъалаи педагогӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

 

Ҳар қадар ҳамкории байни оила, муассисаи таълимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа ҳамоҳанг бошад, ҳамон андоза имконияти ташаккули муҳити солими тарбиявӣ бештар мегардад. Дар чунин муҳит на танҳо сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ коҳиш меёбад, балки эҳсоси масъулият, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ низ таҳким меёбад.

 

ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ: МАСЪАЛАИ ҲУҚУҚӢ Ё ПЕДАГОГӢ?

 

Дар муҳокимаҳои марбут ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон бештар ба таҳкими назорат, пурзӯр намудани чораҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи ҷавобгарӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Бешубҳа, чунин тадбирҳо барои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ аҳаммияти муҳим доранд, аммо саволи асосӣ ин аст: оё танҳо чораҳои ҳуқуқӣ метавонанд пешгирии устувори ҳуқуқвайронкуниро таъмин намоянд?

 

Ҳуқуқшиносӣ бештар бо оқибати кирдор сари кор дорад, дар ҳоле ки педагогика ба сабабҳои ташаккули он таваҷҷуҳ мекунад. Агар ҳуқуқ муайян созад, ки барои кирдори ғайриқонунӣ чӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст, педагогика мекӯшад, муайян намояд, ки чаро чунин рафтор ба вуҷуд омад ва чӣ гуна метавон онро пеш аз содиршавӣ пешгирӣ кард.

 

Таҳқиқоти педагогӣ ва психологӣ нишон медиҳанд, ки рафтори зиддиҷамъиятии кӯдак дар аксари ҳолат ногаҳон ба вуҷуд намеояд. Он натиҷаи раванди тадриҷӣ мебошад, ки дар он тағйироти ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ давра ба давра ташаккул меёбанд.

 

Одатан, ин раванд аз коҳиш ёфтани шавқу рағбат ба таҳсил оғоз гардида, баъдан ба вайроншавии интизоми дохилии мактаб, паст шудани эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ, маҳдуд гардидани муоширати солим, пайдо шудани муҳити номусоиди ҳамсолон ва дар ниҳоят, ба рафторҳои зиддиҳуқуқӣ мерасад. Аз ин нуқтаи назар, ҳуқуқвайронкунӣ бештар натиҷаи раванди нокомии тарбиявӣ мебошад.

 

Аз ҳамин лиҳоз, вазифаи мактаб танҳо омӯзонидани фанҳо нест. Вазифаи он ташаккули инсонест, ки дониши худро дар роҳи ободии ҷомеа истифода мебарад. Ба ҳамин хотир, ҳамкории мунтазами омӯзгор, равоншинос, падару модар, нозири корҳои ноболиғон, прокурор ва дигар сохторҳои дахлдор бояд ба низоми доимии фаъолияти тарбиявӣ табдил дода шавад.

 

ОМИЛҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ПЕДАГОГИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН

 

Дар шароити муосир ҷомеаи Тоҷикистон мисли бисёр кишварҳои ҷаҳон бо тағйироти ҷиддии иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад. Рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, густариши шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии муносибатҳои оилавӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун ба тарзи зиндагии наврасон бетаъсир намемонанд.

 

Оила – нахустин мактаби тарбия

 

Дар ҳама давру замон оила нахустин муҳити ташаккули шахсияти инсон маҳсуб ёфтааст. Кӯдак пеш аз он ки ба мактаб ворид шавад, тарзи муносибат бо одамон, меъёрҳои ахлоқӣ, эҳтиром ба калонсолон, масъулиятшиносӣ ва ҳисси адолатро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Мутаассифона, бар асари муҳоҷирати меҳнатӣ, машғулияти доимии волидон ва баъзан коҳиши фарҳанги муоширати оилавӣ, вақти муоширати мустақими падару модар бо фарзанд кам гардидааст.

 

Дар бисёр ҳолат фарзандон аз нигоҳи моддӣ таъмин мебошанд, аммо аз нигоҳи маънавӣ ба дастгирӣ ниёз доранд. Педагогикаи муосир исбот кардааст, ки камбуди таваҷҷуҳи тарбиявиро бо фароҳам овардани шароити моддӣ пурра ҷуброн кардан имконнопазир аст. Кӯдак, пеш аз ҳама, ба меҳрубонӣ, муошират, шунида шудан ва намунаи шахсии рафтори падару модар ниёз дорад.

 

МАКТАБ – МУҲИТИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ

 

Муассисаи таълимӣ ягона ниҳодест, ки метавонад фаъолияти тарбиявиро ба таври касбӣ ва пайваста ба роҳ монад. Имрӯз омӯзгор дар муҳити комилан дигар фаъолият мекунад. Агар ду-се даҳсола пеш манбаи асосии иттилооти кӯдак китоб, омӯзгор ва оила буданд, имрӯз наврас дар як шабонарӯз аз даҳҳо манбаи рақамӣ иттилоот мегирад. Баъзе аз ин иттилоот хусусияти созанда доранд, аммо қисми дигар метавонад ғояҳои зӯроварӣ, бепарвоӣ, бегонапарастӣ ва беэҳтиромиро нисбат ба арзишҳои миллӣ тарғиб намояд.

 

Таъсири фазои рақамӣ

 

Яке аз хусусиятҳои ҷомеаи имрӯзӣ он аст, ки қисми зиёди зиндагии наврасон ба фазои маҷозӣ интиқол ёфтааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои видеоӣ ва бозиҳои онлайнӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти онҳо мубаддал гардидааст. Ин раванд дар баробари имкониятҳои васеи омӯзишӣ таҳдидҳои навро низ ба миён овардааст.

 

Паҳн гардидани муҳтавои дорои унсурҳои зӯроварӣ, тарғиби тарзи ҳаёти носолим, суханҳои нафратангез, фиребҳои интернетӣ ва таъсири гурӯҳҳои ифротӣ метавонанд ба ҷаҳонбинии кӯдак таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, имрӯз саводи рақамӣ бояд ҳамчун ҷузъи тарбияи шаҳрвандӣ баррасӣ гардад. Кӯдак бояд на танҳо истифодаи технологияро омӯзад, балки тарзи бехатар ва масъулонаи истифодаи онро низ аз худ намояд.

 

НИГОҲЕ БА МОДЕЛИ «ПАНҶ ҲАЛҚАИ ТАРБИЯ»

 

Таҳлили таҷрибаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва омӯзиши адабиёти илмӣ нишон медиҳад, ки самаранокии корҳои пешгирикунанда, пеш аз ҳама, аз сатҳи ҳамоҳангии субъектҳои тарбия вобаста мебошад. Ҳар қадар фаъолияти онҳо пароканда бошад, ҳамон андоза таъсири тарбиявӣ коҳиш меёбад. Баръакс, вақте ки ҳамаи онҳо бо ҳадафи муштарак амал мекунанд, имконияти ташаккули шахсияти солим бештар мегардад. Бо такя ба ҳамин хулосаҳо, пешниҳод менамоем, ки раванди тарбияи кӯдак ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар асоси «Модели панҷ ҳалқаи тарбия» баррасӣ гардад.

 

ҲАЛҚАИ АВВАЛ - ОИЛА

 

Оила нахустин муҳити ташаккули шахсият мебошад. Дар ин ҷо арзишҳои аввалини инсонӣ, эҳтиром ба калонсолон, муносибат ба меҳнат, ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан шакл мегирад. Ҳеҷ як муассисаи таълимӣ наметавонад ҷойгузини муҳити солими оила гардад. Агар кӯдак дар хона муҳаббат, эҳтиром ва намунаи хуби рафторро набинад, мактаб маҷбур мешавад, ин камбудиҳоро ҷуброн намояд, ки ин ҳамеша имконпазир нест. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги тарбияи оилавӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ бошад.

 

ҲАЛҚАИ ДУЮМ – МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

 

Мактаб ягона муассисаи иҷтимоӣ мебошад, ки фаъолияти тарбиявиро ба таври касбӣ, мақсаднок ва пайваста амалӣ менамояд. Вазифаи омӯзгор танҳо дарс гуфтан нест, ӯ барои кӯдак намунаи ахлоқ, масъулият, муносибат ба ҷомеа ва эҳтиром ба қонун мебошад. Дар айни замон, бояд эътироф кард, ки нақши омӯзгор имрӯз нисбат ба солҳои пеш хеле мураккабтар шудааст. Агар пештар омӯзгор манбаи асосии дониш буд, имрӯз ӯ бояд дар баробари омӯзиш, кӯдакро ба интихоб кардани иттилооти дуруст, муқовимат ба таъсири манфии фазои рақамӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ низ омӯзонад.

 

ҲАЛҚАИ СЕЮМ – ҶОМЕА

 

Муҳити иҷтимоӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии кӯдак саҳми назаррас дорад. Мутаассифона, баъзан кӯдак дар мактаб арзишҳои мусбатро меомӯзад, аммо берун аз он бо муҳити дигар рӯ ба рӯ мешавад. Агар ҷомеа ва муассисаи таълимӣ дар як самт амал накунанд, таъсири тарбия коҳиш меёбад. Аз ҳамин лиҳоз, эҳёи анъанаҳои неки маҳалла, рушди фаъолияти фарҳангӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ бояд ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати пешгирикунанда арзёбӣ гардад.

 

ҲАЛҚАИ ЧОРУМ – МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ

 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои ҷавонон ва дигар идораҳои давлатӣ танҳо вазифаи назоратӣ надоранд, онҳо шарикони муҳимми ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамкории онҳо бо муассисаҳои таълимӣ бояд ба принсипҳои эътимод, ҳамоҳангӣ ва пешгирии барвақтӣ асос ёбад. Таҷриба нишон медиҳад, ки вохӯриҳои мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо хонандагон, суҳбатҳои озод, муҳокимаи мисолҳои воқеӣ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои тарбиявӣ натиҷаи бештар медиҳанд.

 

ҲАЛҚАИ ПАНҶУМ – ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

 

Дар шароити асри XXI дигар наметавон фазои маҷозиро аз муҳити тарбия ҷудо кард. Телефони ҳамроҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои бисёр наврасон ба манбаи доимии маълумот, муносибат ва ҳатто шаклгирии ҷаҳонбинӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, саводи рақамӣ бояд ҷузъи ҳатмии фарҳанги шаҳрвандӣ бошад. Кӯдак бояд на танҳо истифодаи технологияҳоро донад, балки фарқ кардани иттилооти дуруст аз ғалат, эҳтироми ахлоқи муоширати интернетӣ ва муқовимат ба муҳтавои ифротӣ ё зӯроваронаро низ омӯзад. Ин вазифаро танҳо омӯзгор иҷро карда наметавонад. Дар ин самт, ҳамкории оила, муассисаи таълимӣ ва мақомоти давлатӣ зарур аст.

 

Бо такя ба таҷрибаи фаъолияти соҳаи маориф ва таҳлили масъала, пешниҳод менамоем, ки барои баланд бардоштани самаранокии корҳои пешгирикунанда чораҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гиранд:

 

Якум. Дар назди ҳар як муассисаи таълимӣ гурӯҳи доимии ҳамоҳангсозии тарбиявӣ таъсис дода шавад, ки ба ҳайати он роҳбарияти муассиса, роҳбари синф, равоншинос, намояндаи падару модарон ва нозири корҳои ноболиғон дохил бошанд.

 

Дуюм. Барои хонандагони гурӯҳи хавф «харитаи инфиродии дастгирии тарбиявӣ» таҳия карда шавад. Дар он на танҳо мушкилот, балки тадбирҳои мушаххаси ислоҳӣ, муҳлати иҷро ва масъули ҳар як сохтор нишон дода шавад.

 

Сеюм. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ на камтар аз як маротиба дар семоҳа машваратҳои муштараки омӯзгорон, равоншиносон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор карда шуда, вазъи тарбиявии муҳокимашаванда таҳлил гардад.

 

Чорум. Барномаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии падару модарон аз шакли анъанавии маҷлисҳо ба шакли семинарҳои амалӣ, машваратҳои инфиродӣ ва омӯзишҳои мавзуӣ гузаронида шаванд.

 

Панҷум. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма маводи муосири тарбиявӣ оид ба амнияти рақамӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, муқовимат ба зӯроварӣ ва ҳифзи кӯдак дар фазои маҷозӣ омода ва мунтазам паҳн карда шавад.

 

Шашум. Таҷрибаи муассисаҳои таълимие, ки дар самти корҳои тарбиявӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ натиҷаҳои назаррас доранд, ҷамъбаст ва ҳамчун таҷрибаи пешқадам дар сатҳи шаҳр ва ҷумҳурӣ тавсия карда шавад.

 

Ҳафтум. Низоми арзёбии фаъолияти тарбиявии муассисаҳои таълимӣ такмил дода шуда, дар баробари нишондиҳандаҳои таълимӣ, нишондиҳандаҳои муҳити ахлоқӣ, ҳамкории муассиса бо оила ва натиҷаҳои корҳои пешгирикунанда низ ба инобат гирифта шаванд.

 

ХУЛОСА

 

Тарбияи насли наврас ҳамеша меҳвари рушди давлат ва ҷомеа буда, дар шароити имрӯза аҳаммияти он боз ҳам бештар гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи тарбияи инсонро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додааст.

 

Қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» далели равшани он аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аҳаммияти тарбияро ҳамчун омили сулҳу субот эътироф менамояд.

 

Дар чунин шароит низоми маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оила ва ҷомеа вазифадоранд фаъолияти худро аз доираи ҳамоҳангсозии одӣ ба сатҳи ҳамгироии воқеӣ бардоранд. Танҳо дар ин сурат метавон муҳити тарбиявие бунёд намуд, ки дар он кӯдак на танҳо аз ҳуқуқвайронкунӣ дур мемонад, балки ҳамчун шахсияти дорои масъулияти шаҳрвандӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ташаккул меёбад.

 

Ҷамшед МАҶИДЗОДА,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ,

номзади илмҳои педагогӣ

  • МАСЪУЛИЯТИ МУШТАРАКИ ОИЛА, МАОРИФ ВА МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАРБИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АДИБ, АДАБИЁТ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДОРӢ МУҚАДДИМА   Омӯзиш ва таҳлилу баррасии зиндагиномаи шахсиятҳои таърихӣ, адибону мутафаккирон ва донишмандон, ки барои пойдории давлату ҷомеа, маърифатманд гардонидани мардум хидмат кардаанд, муҳимтарин рисолати зиёиёни кишвар ба ҳисоб меравад. Дар таърихи адабиёту давлатдории тоҷикон чеҳраҳои зиёде арзи ҳастӣ кардаанд, ки бо корномаю хидматҳои мондагори хеш, аз як тараф, дар таъсису таҳкиму давлатдории миллии мо нақши созгор гузоштаанд, аз ҷониби дигар, ҷиҳати хештаншиносу ватандӯст ва донишманд намудани аҳли ҷомеа талош варзидаанд. Дар ин миён, корномаи Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосир тоҷик, устод Садриддин Айнӣ бемислу монанд ва қиёснашаванда мебошад, зеро ӯ тамоми ҳаёти хешро баҳри саводнок намудани мардум, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ бахшидааст. Асарҳои устод Айнӣ аз нигоҳи ҳадафу ғоя дар сатҳи олӣ қарор доранд, зеро шахсияти устод фавқулода ва хидмати ӯ ба таври ҳамеша ба масобаи як мактаби бузург омӯзанда мебошад.   ВАЗЪИ ҶАҲОНИ МУОСИР   Маълум аст, ки вазъи ҷаҳони муосир торафт муташанниҷ мегардад ва омилҳои зиёде ба ҳаёти ҷомеа таъсири гуногун мегузоранд. Дар ин роҳ бетарафиву фориғболӣ метавонад хатар ба амният ва фарҳангу тамаддуни тоҷик дошта бошад. Дар ин ҳол, танҳо ҳамбастагӣ, дарку маърифати авзои ҷаҳон ва таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ метавонад амнияти кишварро таъмин гардонад. Дар охири асри XX мардуми кишвар таҷрибаи талхи таърихиро аз сар гузаронд, ки мушкилоту мураккабӣ ва паҳлуҳои зиёди вазъи ноустувори сиёсии он айёмро равшан кард; мазмун, ҷаҳолату нодонӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва дур шудан аз омӯзишу мутолиа ба парокандагии мардум ва нобудии давлат оварда мерасонад. Омӯзиши асарҳои устод Айнӣ нишон медиҳанд, ки бемаърифатӣ, нодониву ҷаҳолат, хурофот ва наомӯхтани донишҳои замонавӣ заминаи фалаҷ гардидани пояҳои давлатдорӣ, заиф шудани ниҳодҳои давлатӣ ва дар ниҳоят, аз байн рафтани як кишвари мустақил гардад. Аз ин рӯ, роҳи ҳифзи арзишҳову баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, омӯзиш ва тарбияи наврасону ҷавонони дорои маънавияти баланд маҳсуб мешавад. Дар ин самт, омӯхтани асарҳои устод Айнӣ ва масъалагузориҳои дархӯри замон дар онҳо бори дигар моро ҳушдор медиҳад: ҳамаи он мушкилоте, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, устод ба он ҳама солҳое муқаддам аз ин ишора карда буд ва ислоҳашонро амри ногузир ва омили пешрафту шукуфоӣ меҳисобид.   Як нигоҳи иҷмолӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кофист, то хулосаи дуруст барорем ва омилҳоеро, ки сабаби ба вуқуъ омадани он ҳаводиси нангини таърихӣ гардидаанд, муайян ва дар роҳи пешгирӣ ва бартараф намудани чунин падидаҳои фалокатбор пайваста талош кунем. Дар лаҳзаҳои хатарзову фоҷеабори ҷанги дохилӣ маҳз шахсияти таърихӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату иродат, ифтихори ватандорӣ, донишу ҷаҳонбинии васеъ ва дарки вазъи сиёсии ҷаҳон тавонистанд тамоми монеаву мушкилот ва хатарҳоро, ки ҳастию якпорчагии давлатро зери суол мебурданд, бартараф ва сулҳу суботро дар кишвар таъмин намоянд. Дар зимн, Сарвари хирадманд барои қадршиносии шахсиятҳои бузурги таърихӣ иқдомҳои шоиста анҷом доданд ва аввалин нафаре, ки ба унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон лоиқу сазовор дониста шуд, устод Садриддин Айнӣ маҳсуб меёфт, ки ин иқдоми ватандӯстона дар шинохти бештари корномаи ин шахсияти таърихӣ мусоидат намуд. Бояд гуфт, таърихро на барои он меомӯзанд, ки бо ин роҳ танҳо аз гузаштаи худ амиқу ҳамаҷониба огаҳӣ пайдо кунанд, балки аз равандҳои ногувору манфии он дар бунёди давлатдории миллӣ бо хулосаи дурусту саҳеҳ баровардан барои пешрафту рушду мамлакат метавон истифода кард. Дар баробари донис­тани таърих нақши адабиёти бадеӣ барҷаста мебошад, зеро тавассути он инсон тарбият меёбад, вазъи ҷаҳон ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ мегардад, роҳҳои бурунрафт аз буҳронҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар осори бадеӣ нишон дода мешавад. Ба ин маънӣ, корномаи устод Айнӣ барҷастаю нотакрор буда, бо офаридани асарҳои таърихӣ, бадеӣ, публитсистӣ ва илмӣ дар роҳи баланд бардоштани маърифати ҷомеа, дарки ҳаводиси мураккабу пуртазоди ҷаҳон, омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои замон ва дар ин замина, нақши адабиёт дар раванди давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи солим саҳми арзанда гузоштааст.   ВАЗИФАҲОИ МАОРИФ   Дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳои рӯйи олам нақши мактабу маориф дар меҳвар қарор дорад, зеро он заминаи боэътимоди рушду таҳаввули ҷомеа ва пешрафту шукуфоӣ маҳсуб меёбад. Маҳз маърифатманд гардидани ҷомеа, агар аз як тараф, омили муттаҳидӣ гардад, аз ҷониби дигар, ба рушду инкишофи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат мекунад. Бинобар ин, масоили мазкур дар меҳвари асарҳои устод Айнӣ қарор доранд ва дар зимн, асарҳои нахустини устод барои мактабҳои ҷадид таълиф гардидаанд, ки ба ислоҳоти мактабу маориф иртиботманд мебошанд. Ин иқдом ва ташаббуси нахустини устод дар роҳи бедории афкори омма ва баланд бардоштани маънавияти ҷомеа буд. Аз ин лиҳоз, устод Айнӣ ба сифати шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта дар фазои тираи Аморати Бухоро ҳамчун як даста нур роҳи ҷомеаро равшанӣ мебахшид. Дар ин роҳ устод мушкилот ва азобу маҳрумиятҳои зиёдро таҳаммул кард, вале бо иродаву ҷасорат барои расидан ба марому ҳадафҳои хеш, ки хусусияти меҳанпарварона доштанд, талош намуд. Ҳамин талошу азхудгузаштанҳо буд, ки дар фазои тираи замон тадриҷан мардум бедор шуданд ва дарк намуданд, ки дар маҳдудаи тафаккури тангу торики хурофотӣ зиндагӣ дошта, аз пешрафту дастовардҳои кишварҳои нисбатан пешрафтаи он замон фарсахҳо қафо мондаанд. Ба вуқуъ пайвастани инқилоби Бухоро ба фаъолияти як гурӯҳ равшанфикрони давр, аз ҷумла, устод Айнӣ такони ҷиддӣ бахшид, зеро он ҷомеаву давлате, ки бар пояи ҷаҳлу хурофот, куштору бераҳмӣ ва амалҳои нангин бунёд ёфта буд, аз байн рафт. Ба ин мазмун, метавон мисолҳои зиёде овард ва он ҳамаро таҳлилу баррасӣ кард, вале як нукта ҳамеша аён аст, ки имрӯз низ рисолати маориф ва таълиму тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ба рушди камолоти маънавӣ ва сатҳи шууру ҷаҳонбинии пешрафтаи онҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Дар ин ҷода, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаи маориф корҳои зиёде анҷом пазируфтаанд, вале ҳанӯз масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бартараф намудани онҳо ба беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия ва худшиносиву ҳувияти миллии наврасону ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар ин самт, ба таври ҳатмӣ дар меҳвар омӯзиш қарор дорад ва оне, ки меомӯзад ва андӯхтаҳояшро дар ҳаёт татбиқ мекунад, ҳамеша ба пешрафтҳо ноил мегардад. Бинобар ин, бо дастури Сарвари давлат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардидаанд, ки ба ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзишу мутолиа, баланд гардидани маърифати ҷомеа, дарки огоҳонаи воқеоти сиёсии ҷаҳон ва дӯст доштану меҳру муҳаббат варзидан ба Ватан мусоидат менамоянд.   АДАБИЁТ БОЯД ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШАД   Маҳз адабиёти асил дар тарбияи бедории шуури хуфтаи қишрҳои ҷомеа, бахусус, насли наврас ва ҷавон мусоидат намуда, нависандагону шоирони бедордилу тафаккурманд ва дорои ҷаҳонбинии интеллектуалӣ метавонанд решаҳои ҳаводису ангезаҳои сиёсии равандҳои фоҷеабори ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, хурофоту ҷаҳолатзадагии ақвоми қафомондаи иддае аз мамолику кишварҳои исломиро бо таълифи асарҳои пурмуҳтавою гаронмоя, офаридани симоҳои муборизу меҳанпарвар, ки пайваста алайҳи неруҳои тахрибкору аҳримансиришт муқовимат менамоянд, равшану бармало созанд. Вазифа он аст, ки адибон мебояд бо асарҳои дархӯри манфиатҳои миллӣ дар масири муайяну мушаххас намудани омилу сабабҳои зуҳури ину он рухдодҳои ифротгароёнаю тундрав ва пешгирии онҳо садо баланд кунанд ва ҷомеаро ҳушдор диҳанд, ки аз қавле, вақти «сиёҳ»-ро аз «сафед» фарқ кардан расидааст.   Адабиёт дар ҳама давру замон тарбиятгару инсонсоз аст ва он метавонад дар пешрафт ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳми арзандаю муассир гузорад. Дар ин замина, зарур аст, мавзуъҳое, ки дар асарҳои бадеӣ баррасӣ мегарданд, аз як ҷониб, тафаккури наврасону ҷавононро тақвият бахшанд, аз ҷониби дигар, ба таҳкими сулҳу субот, ваҳдату иттиҳод дар кишвар ва азамату шукӯҳи давлатдории миллӣ иртиботманд бошанд. Мусаллам аст, ки асарҳои устод Айнӣ таҳаввулоти маънавиро дар ҷомеа ба вуҷуд оварданд ва ӯ бо ҷасорат масъалаҳоеро пешниҳоди мардум намуд, ки баргирифта аз ҳаёту воқеоти замон буданд ва ба афкори омма таъсири амиқ мерасонданд. Ба ибораи дигар, он осори пурарзиш мутобиқ ба замон буданд ва устод ҳамчун адиби тавоно манзараи рухдодҳои сиёсию иҷтимоии асри худро чунон тасвиру баҳогузорӣ намудааст, ки аз як тараф, ҷанбаи таърихиву илмии ин таълифот мустаҳкам мебошад, аз ҷониби дигар, имконоти неруи созандагии адабиётро дар такомулу таҳаввулоти ҷомеа нишон медиҳанд. Дар зимн, рисолати адабиёту публитсистика, ки тарбия ва беҳтару хубтар намудани ҳаёти аҳли ҷомеа мебошад, бармало мегардад. Дар баробари ин, дар вақти муносиб ва зарур барои ҳастии миллати тоҷик офаридани асарҳо, ки тақдири давлату миллатро муайян мекунанд, худ қаҳрамонист. Агар ба таври амиқ ба ин масъала назар афканем, маълум мегардад, ки ҳар як асари устод Айнӣ бо фарогирии масоилу ҷанбаҳои реалии худ ба инқилоби фикрии аҳли ҷомеа ва раванди ислоҳоту дигаргуниҳо мусоидат кардаанд. Ва аз нигоҳи муносибат ба мавзуъ метавон хулоса кард, ки то Инқилоби Октябр ва дар оғози таъсиси ҶШСТ дар меҳвари эҷодиёти устод Айнӣ масоили саводнок намудани аҳли ҷомеа, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ ва забон қарор дошт. Баъдан дар асарҳои устод раванди бунёдкорӣ, худшиносӣ ва ғуруру шинохти миллӣ дар авлавият қарор гирифтаанд. Дар ин миён, метавон асарҳои дар замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ таълифнамудаи устод Айниро ба таври алоҳида зикр намуд, ки маҳз дар ин давра очерку фелетон ва памфлетҳое аз ҷониби саромади адабиёти муосири тоҷик офарида шуд, ки аз як тараф, ифтихори ватандӯстӣ ва ҳифзи сарзаминро тараннум кунанд, аз ҷониби дигар, ҷанбаи ҳувияти миллӣ дар ин навиштаҳо баланд аст. Очеркҳои таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» аз ҷумлаи онҳост. Аз ин рӯ, дар меҳвари асарҳои устод Айнӣ, дар баробари васфу ситоиш ва тарғиби сиёсати давр, инчунин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддун ва ба ибораи дигар, тоҷикияти онҳо нигоҳ дошта шудааст. Аз ин дидгоҳ, бо нигоштаву мақолаҳои иншонамудаи худ устод ҳамчун як фарди дилогоҳу хештаншинос ва ватанпарвари асил намоён мегардад, ки ҳадафи ӯ аз таълифи очерку матолиби публитсистии мазкур неруву ҷасорат бахшидан ба руҳияву иродаи мардуми тоҷик, таъкиди шикастнопазир будани ин миллат ба шумор меравад. Алабатта, дарунмояву моҳияти ғоявии ин навиштаҳоро муҳаббати бепоён ба ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамини аҷдодӣ ва мардуми қавиниҳоду зафарпешаи он ташкил медиҳад.   Дарвоқеъ, дар асарҳои устод бевосита худшиносиву худогоҳии миллӣ, дӯст доштани Ватан, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ба таври фарогир инъикос гардидаанд. Асарҳои устод Айнӣ ҳам дар замони Шуравӣ ва ҳам замони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун роҳнамо барои бунёди давлатдории миллӣ хидмат мекунанд. Маҳз мактаби адабие, ки устод асос гузоштааст, тадриҷан инкишоф ёфта, шоиру нависандагони зиёде ба майдони адабиёт ворид гардиданд, ки бо асарҳои хонданиву ҳувиятсоз дар тафаккури ҷомеа ва рушди минбаъдаи адабиёт нақши бориз гузоштанд, зеро масоиле, ки дар асарҳои онҳо инъикос ёфтааст, таърихро бозгӯ, замонро тавсиф ва ояндаро заминагузорӣ менамоянд. Аз ин ҷост, ки адабиёти замони Шуравии тоҷик на танҳо ҳамқадами замон буд, балки дар онҳо ғояҳои бунёду таҳкими минбаъди давлатдории миллӣ низ ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, имрӯз ҳам асарҳои мазкур хонанда доранд ва он замон беҳтарин давраи рушди адабиёти тоҷик маънидод мегардад. Дар замони истиқлол адабиёт бояд ба рушду пешрафти ҷомеа ҳамқадам гардида, адибон масоилеро бозтоб намоянд, ки ифодагари замон ва ба афкори мардум таъсиргузор бошанд, дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро инъикос намоянд ва дар зимн, ба пешрафту шукуфоии кишвар такони ҷиддӣ бахшанд.   Бояд қайд кард, ки адабиёт ҳеҷ гоҳ берун аз сиёсат нест, балки татбиқкунандаи ҳадафҳои миллӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва ҳифзи суботу истиқлол мебошад. Гузашта аз ин, нақши адабиёт аз дигар анвои навиштор боз ҳам қавитар мебошад, зеро масоиле, ки дар он бозтоб мегардад, бо тасвир ва истифодаи аносири ҳунарӣ сурат мегирад, аз ин рӯ, таъсири он ба афкори ҷомеа бештар мегардад. Дар замони истиқлол даҳҳо мавзуи муҳиммест, ки бевосита дар устувор гардидани поя­ҳои давлатдории миллӣ нақши бузург мегузоранд ва мебояд адибон ба он масоил таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд. Аз ҷумла, масоили худшиносиву худогоҳии миллӣ, арзишҳои муҳимми давлатдорӣ, бунёди иншооти бузург, баланд бардоштани савияи маърифати ҷомеа, офаридани симоҳои миллӣ ва шахсиятҳои таърихӣ ҳанӯз ба таври бояду шояд дар адабиёту публитсистикаи замони истиқлол бозтоби бадеии худро наёфтааст. Шояд саволе ба миён ояд, ки адабиёт ва адиб озод аст, вале бо ин ҳама, вай дар коргоҳи эҷодияш як нуктаро бояд дар хотир дошта бошад, ки дар раванди бархурди тамаддунҳо, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими истиқлол, дар умум, дар раванди давлатсозии миллӣ бетараф будан мумкин нест.   УСТОД АЙНӢ - НОБИҒАИ ҶАҲОНӢ   Дар таърихи адабиёту публитсистика ҳеҷ як адиби тоҷик ба монанди устод Садриддин Айнӣ дар рушди илму адабиёт, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва маърифатнок гардондани мардум хидмати арзанда накардааст. Устод дар шароите арзи ҳастӣ намуда, ба майдони адабиёт ворид гардид, ки ҳар амали анҷомдодааш хатар ба ҷонаш дошт. Дар ин миён, аз волидайн, бародарон маҳрум шуд ва ба танҳоӣ, бо ҷасорату иродат асарҳоеро таълиф кард, ки барҳақ барои рушди маънавияти ҷомеа, саводнок гардонидани мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дар умум, инқилоби маданӣ дар шууру ҷаҳонбинии миллати тоҷик замина гардиданд. Ҷойи шубҳа нест, ки корномаи устод Айнӣ намунаи олии шахсияти таърихӣ мебошад, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз барои миллату давлат бо офаридани асари «Намунаи адабиёти тоҷик» хидмати мондагор намуда, дар пешрафту рушд ва такомулу ташаккули маорифу фарҳанг, адабиёту публитсистика ва арзишҳои миллӣ саҳми барҷаста гузошт. Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар шароити буғранҷи сиёсии замон рисолати таърихиву сарнавиштсозро иҷро кард. Устод дар замоне ба ислоҳот талош намуд, ки ҳамеша ба ҷонаш хатар вуҷуд дошт, вале вазъи номусоиди замон ва таълиму тарбияи нодуруст, ки реша дар хурофоту ҷаҳолат дошт ва ин омил метавонист оҳиста-оҳиста миллатро бесаводу нодон кунад, ӯро ором намегузошт, зеро устод амиқ дарк карда буд, ки миллати бесаводу ҷоҳил маҳкум ба нобудист. Аз ин рӯ, корномаву фаъолияти созандаи таърихиро танҳо онҳое анҷом медиҳанд, ки шахсияти фавқулода ва фидоию ҷонбохта бошанд. Ин рисолатро дар он замон устод Айнӣ анҷом дода, асарҳоеро офаридааст, ки дар тарбияи камолоти маънавӣ, эҳсосу дарки зебоипарастӣ ва такомулу ташаккули ҷаҳонбинию тафаккури ҷомеа такони ҷиддӣ бахшида, далели равшани нобиға будани ӯро тасдиқ менамоянд.   ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА МАЪРИФАТИ ҶАҲОНИ ҲАСТӢ   Худшиносии миллӣ ва маърифати ҷаҳони ҳастӣ аз масоилест, ки ҳамеша ва дар ҳама давру замон аз мавзуоти мубрам ба шумор рафта, дар адабиёту публитсистикаи устод Айнӣ дар меҳвар қарор дорад. Мусаллам аст, ки баланд гардидани худшиносии миллӣ ва маърифати ҷаҳони ҳастӣ танҳо дар заминаи омӯзиши бардавом таъмин мешавад ва албатта, нақши адабиёт дар ин самт бештару равшантар мегардад. Зарур аст, ки имрӯз адибони мо асарҳое офаранд, ки барои дарки масоили замон хидмат кунанд ва насли наврасу ҷавон бештару зиёдтар ба мутолиаи ин осор рӯй оранд. Асаре, ки дар сатҳи баланд ва созгор ба манфиату арзишҳои миллӣ таълиф мегардад, ҳатман хонандаи худро меёбад ва ба рушди адабиёту шавқманди мутолиа гаштани аҳли ҷомеа мусоидат мекунад. Гоҳо савол ба миён меояд, ки чаро дар замони Шуравӣ асарҳо бо теъдоди зиёд чоп мегардиданд ва хонандаи зиёд доштанд? Он осор (ва ин ҳақиқати бебаҳсест) ҳаё­ти воқеиро инъикос намуда, ба завқу фаҳмиши хонанда созгор буд. Дар он асарҳо ғояҳои миллию ватандӯстӣ, садоқату вафодорӣ ба марзу буми аҷдодӣ, офаридани қаҳрамони давронсоз равшан ба чашм мерасид. Имрӯз теъдоди адибону асарҳои таълифшуда бамаротиб зиёд, вале шумораи хонанда кам аст. Албатта, ҳастанд адибоне, ки асарҳояшон зуд таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб мекунанд. Хати сюжети якранг, тасвирҳои обшуста ва воқеаҳову маъмулӣ гоҳо ҷараёни филми дидашударо ба хотир меорад, ки боиси коҳиши завқи бадеии хонандагон мешаванд. Аз ин рӯ, адибон бояд асарҳое эҷод намоянд, ки аз як тараф, ба худшиносии миллии хонандагон, аз ҷониби дигар, ба дарки ҷаҳонӣ ҳастӣ мусоидат намоянд.   ХУЛОСА   Воқеан, таҳлили хидматҳои мондагори устод Айнӣ вазифаҳои зиёдеро пешорӯйи адибон гузоштааст, ки бояд ҳангоми таълифи асарҳои нав он омилҳоро ба эътибор бигиранд. Замони муосир рӯз то рӯз мураккаб мегардад, ки ин аспекту фактҳои ташвишовар рисолати адабиётро низ бештар менамояд, ки он бояд ҳамқадами замон бошад ва шоиру нависандагон асарҳое офаранд, ки дар рушди давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, дастовардҳои замони истиқлол, баланд гардидани маънавияти ҷомеа ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ хидмати арзанда намоянд.   Насриддин ОХУНЗОДА, номзади илмҳои филологӣ

    51

    31.07.2026
  •  img
    Сулҳ як мӯ агар ба ҷанг расад... Тоҷикистон ба сифати як давлати дар ҷаҳон шинохташуда ва узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид шуруъ аз марҳалаи аввали соҳибис­тиқлолӣ сиёсати сулҳпарварона ва ҷонибдор аз равандҳои амниятиву гуманистонаро ҳадафи хеш қарор дода, дар қиболи амалӣ намудани нақшаву тарҳҳои созандаву ободгарона ва сиёсати «дарҳои кушод» гомҳои ҷиддӣ ниҳод.   Ҷанги бемаъние, ки баъд аз истиқлол ба даст овардан, бо дасисаи қувваҳои беруна ва тоифаю гурӯҳҳои манфиатҷӯю мансабхоҳ ба амал омад, оқибат бо сулҳу ваҳдат ба анҷом расид. Маҳз ин марҳалаи хатарзо барои ҳукумат ва давлат таҷриба шуд, таҷрибае, ки барои минбаъд ба ҷуз озодию амният ва зиндагии борифоҳи мардум андешае дар мағзҳо ҷой надошта бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кории хешро ҳамчун сиёсатмадор аз он оғоз карданд, ки ба ҷанг хотима дода шаваду сулҳу якдигарфаҳмӣ дар кишвар пойдор гардад. Бешак, ин амали саҳлу осон набуд ва аз Пешвои миллат иродату собитқадамӣ, ҷасорату талош ва фидокориро тақозо мекард. Ва он кас ҳамчун ҳомии Ватану миллат аз уҳдаи ин рисолати ватандӯстона бо сарбаландӣ баромаданд. Ва иқдоми гуманистии Президенти маҳбуби ҷумҳурӣ, ки бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул гардид, бозгӯйи истеъдоди фавқулодаи роҳбарию сиёсатмадорӣ, муборизи сулҳу озодӣ ва некбину адолатгустар будани Сарвари давлати тоҷикон ба шумор меравад. Бояд таъкид кард, ки сулҳу субот дар кишвар ба ду марҳала ва ҷанбаи сиёсӣ ҷудо мешавад. Давраи аввалро оғозгаҳи раванди роҳандозӣ ва ташаккули мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат метавон ҳисобид, ки ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) асос гузошт. Дар заминаи оромию тинҷӣ, дар ин марҳала кишвар ба созандагию рушд ва пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид.   Имрӯз сулҳу оромӣ дар ҷумҳурӣ ба таври комил устувору собит аст ва тибқи арзёбии СММ, Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои боамнтарини ҷаҳон эътироф гардидааст. Исботи чунин суботу оромӣ, рушду такомули тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – маорифу илм, тандурус­тию фарҳанг, саноату иқтисод, кишоварзӣ, энергетикаю нақлиёт ва амсоли инҳо мебошад. Сохтмони роҳу нақбҳои азим, иншооти аҳаммияти стратегидошта, бунёди неругоҳҳои барқӣ ва муҳимтар аз ҳама, таъмини озодию ҳуқуқҳои ҳар як шаҳрванд натиҷаи сулҳи пойдор маҳсуб меёбад. Ба мақому манзалати инсон дар мамлакат арҷ гузошта шуда, моҳияти озодонаи фаъолияти ӯ ҳамчун неруи интеллектуалии ҳамаҷониба ташаккулёфта таъмин гардид.   Қабули қатъномаи мазкур бо ибтикори Пешвои миллат бозгӯйи марҳалаи навини тарғиб ва густариши сулҳу озодӣ дар рӯйи олам маҳсуб меёбад, ки онро ба истилоҳ, ҷанбаи берунӣ (хориҷӣ) ва ё умумиҷаҳонии сулҳи тоҷикон метавон номид. Мазмун, сулҳу ваҳдат ва озодию соҳибихтиёрӣ, ки бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба даст омаду таҳким ёфт, ҳамакнун ҳамчун консепсия ё мактаби сиёсии сулҳофаринии тоҷикон, ки дар раъси он Пешвои миллат қарор доранд, аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баромада, хусусият ва моҳияти умумибашарӣ пайдо кард. Аз ин нигоҳ, бо пеш гирифтани чунин иқдоми сулҳхоҳонаю гуманистӣ нуфузу обрӯ ва шаъну шавкати Тоҷикистон ба сифати давлати раъиятпарвару озодихоҳ ва одилу башардӯст ба сатҳи баланд баромад. Ҷаҳони мутамаддин Тоҷикистонро ба ҳайси кишваре шинохтаву эътироф кардааст, ки сиёсати давлатдории худро дар заминаи марому ормонҳои демократӣ, риояю муҳтарам шумурдани ҳуқуқу озодиҳои шахс ва сулҳу ваҳдат ба роҳ мондаву пеш мебарад.   Сарчашмаю оғози раванди сулҳу оромӣ дар кишвар, бемуҳобо, ба исми фарзанди воқеан фидоӣ ва ватандӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт мегирад. Дар таҷрибаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба нудрат аз қуд­рату давлатҳое мисол овардан мумкин аст, ки ҳангоми идома ёфтани ҷанг бо ҷониби даргири дигар – неруҳои мухолифин бо ҳам биёянду сари мизи музокирот нишинанд. Аксари кишварҳо дархосту манофеи гурӯҳҳои сиёсӣ ва мухолифини худро ё нодида мегиранд ё сарфи назар мекунанд ва ба эшон ҳамчун неруи сиёсӣ эътибор намедиҳанд. Бузургию фитрати сиёсӣ ва дурандешию фазилати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир гардид, ки дар байни неруҳои муқобил ҳамчун намояндагони мардуми тоҷик тафриқаю бегонаситезиро ба роҳ нагузошт. Бузургию қобилияти фавқулодаи роҳбарии Пешвои миллат низ дар ҳамин омил зоҳир мегардад, ки танҳо ва танҳо манофеи миллату давлат ва сарсабзию шукуфоии Ватанро дар мадди назар гузоштанду аз пайи хостаҳои кӯчаку беарзиш, ки нохудогоҳ ба сар задани оташи низою мухолифат сабаб мешаванд, нарафтанд. Воқеан, ба тасвиб расидани Созишномаи умумии истиқдори сулҳ ва ризоияти миллӣ пирӯзии ақлу хирад ба ҷаҳлу ниқорталабӣ, ғалабаи нур бар зулмот ва зиндагии рангину хушоянд бар маргу фано буд. Ва имрӯз, ҳангоме ки ҷаҳон ба марҳалаи ҳассосу хатарнок, яъне, ноамнию бесуботӣ ва сар задани ҷангҳои манфиатҷӯёна ворид гардидааст, маҳз сулҳу амният ва иқдому таҷрибаи сулҳҷӯёнаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгирии низою хушунатҳои ҳалокатбори иддае аз кишварҳо нақши мондагору муассир мебозад. Фоҷеаю бадбахтӣ дар он аст, ки ҷаҳон дигар шабеҳи 10-15 соли қабл набуда, ину он мамлакат соҳиби аслиҳаю абзорҳои навтарини ҷангӣ гардидаанд, ки дар чашм ба ҳам задан бо истифодаи ин ҳама лавозимоти низомӣ метавонанд қисмати зиёди оламро аз ҳам бирезанду ба марги ҳазорон тифлу модари бегуноҳ ва дар маҷмуъ, мардум сабабгор гарданд. Аз ин рӯ, дар чунин шароит моҳияти сулҳ ҳамчун омил ва фактори зиндагибахш амиқу густарда гардида, ҳар як иқдому талоши башардӯстона дар ҷодаи ба ҳам муттаҳид кардани неруҳои пешрав (прогрессивӣ) дар масири садди сангин эҷод намудан ба афрӯхта гардидани оташи ҷангҳои навин қобили тавсиф ва дастгирист. Иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» мондагор аст, зеро таҳкими сулҳу субот, амнияту озодии бани башар амали якрӯзаву дирӯза набуда, раванди доимию бебозгашт аст. Ҳадаф аз қатъномаи мазкур низ он аст, ки дар масъалаи пайвастаю ҳамвора нигоҳ доштани тинҷию амонии сайёра ҳамаи мамлакатҳо бояд аз як гиребон сар бароварда, талошу азм бар он намоянд, ки хуни бегуноҳе рехта нашаваду сарзаминею кишваре ба харобазор табдил наёбад. Рисолати инсонии ҳар як фард ободу шукуфо нигоҳ доштани олам аст, на вайронгарию қатлу куштор. Ҳамон тавре ки Бедили бузургвор фармуда:   Сулҳ як мӯ агар ба ҷанг расад, Шишаи оламе ба санг расад.   Шодӣ РАҶАБЗОД, «Омӯзгор»

    59

    31.07.2026
  •  img
    СУҒД: ФУТБОЛ – МАЙДОНИ РАҚОБАТ ВА ДӮСТИИ ХОНАНДАГОН Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» мусобиқаи вилоятии футбол миёни дастаҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои дарёфти «Ҷоми Раёсати маорифи вилояти Суғд» баргузор гардид.   Дар мусобиқа дастаҳои намояндагии 13 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд иштирок намуда, маҳорати варзишӣ, рӯҳияи даставӣ ва рақобати солимро ба намоиш гузоштанд.   Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа, «Ҷоми Раёсати маорифи вилояти Суғд» насиби дастаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид.   Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, диплом ва медалҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд тақдим карда шуд.   Мусобиқа дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рақобати солим баргузор гардида, ба рушди футбол, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни хонандагон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат намуд.

    47

    31.07.2026