03.08.2026

 img

3 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии директори Шуъбаи сиёсати мактабии раёсати мазкур Ҷунг Ҷонг - Пил баргузор гардид.

 

Дар оғози мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки сафари ҳайати Ҷумҳурии Корея ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти рақамӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Корея таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи маориф ва илм дар доираи санадҳои байниҳукуматӣ, ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея ва санадҳои мустақими ҳамкорӣ байни мақомоти маориф ва муассисаҳои таълимии ду кишвар пайваста густариш меёбад.

 

Қайд карда шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон омӯзиши забон ва фарҳанги кореягӣ ба роҳ монда шуда, робитаҳои мустақим бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея, табодули академӣ, омодасозии мутахассисон ва иштирок дар барномаҳои таҳсилӣ тадриҷан рушд менамоянд.

 

Ҷонибҳо ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонгро муҳим арзёбӣ намуда, нақши Ёддошти тафоҳуми байни ҷонибҳо ва барномаи KLIC - ро дар рушди таҳсилоти рақамӣ таъкид карданд.

 

Гуфта шуд, ки сафари ҳайати Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг ба шаҳри Душанбе дар доираи марҳилаи дуюми татбиқи барномаи KLIC сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани салоҳиятҳои рақамии омӯзгорони тоҷик, арзёбии натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мебошад.

 

Дар марҳилаи якуми барнома, ки соли 2025 амалӣ гардид, ба панҷ муассисаи таълимӣ таҷҳизоти рақамӣ пешниҳод шуда, омӯзгорони тоҷик дар омӯзишҳо иштирок намуда, бо усулҳои муосири истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим шинос гардиданд.

 

Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба таъсис ва рушди платформаҳои рақамӣ, идомаи омӯзишҳои амалӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва саводнокии рақамӣ, таҳияи маводи муштараки таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои омӯзгорон табодули назар намуданд.

 

Инчунин, масъалаҳои фарогирии муассисаҳои таълимии минтақаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаҳои минбаъдаи барномаи KLIC ва роҳандозии барномаҳои муштараки такмили ихтисосу бозомӯзии омӯзгорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардиданд.

 

Дар анҷоми мулоқот саҳми Раёсати маорифи шаҳри Сеҷонг ва омӯзгорони пешсафи Ҷумҳурии Корея дар ташкили омӯзишҳо, пешниҳоди таҷрибаи пешқадам ва дастгирии омӯзгорони тоҷик баланд арзёбӣ шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ СЕҶОНГИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ img
  • МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ СЕҶОНГИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ img
  • МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ РАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ СЕҶОНГИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАВАССУТИ ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ: ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ Дар доираи нақшаи чорабиниҳои фарҳангии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов 3 августи соли 2026 дар Боғи «Куруши Кабир» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуда, бо риояи интизоми намунавӣ, фарҳанги баланди муошират ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳми худро дар баргузории он гузоштанд.   Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим дорад.   Раёсати донишкада минбаъд низ ҷиҳати ҷалби фаъоли донишҷӯён ба чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тадбирҳои заруриро идома хоҳад дод.

    1

    04.08.2026
  •  img
    ДОНИШҶӮЁНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОСКВА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 2 августи соли 2026 донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» барномаи фарҳангӣ баргузор намуданд.   Чорабинӣ бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғанӣ гардонидани фароғати фарҳангии ҷавонон доир гардида, донишҷӯён бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, барномаҳои ҳунарӣ ва иштироки фаъоли худ фазои идона ва хотирмонро барои сокинону меҳмонони пойтахт фароҳам оварданд.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва боло бурдани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.

    27

    03.08.2026
  •  img
    ШОМИ ФАРҲАНГИИ «ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ» 2 августи соли 2026 дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Шаҳди Истиқлол» баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, ансамбли «Чеҳранамо»-и донишгоҳ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстиро миёни сокинону меҳмонони пойтахт тақвият бахшид.   Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.   Бояд зикр намуд, ки силсилаи барномаҳои фарҳангии «Шаҳди Истиқлол» то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғи Куруши Кабир баргузор гардида, ансамбли «Чеҳранамо»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо барномаҳои нави ҳунарӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

    31

    03.08.2026