
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
НОМОВАРОН: ПАЗИРОӢ АЗ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ 28-уми апрели соли 2025 дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кӯшониён маросими пазироӣ аз ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон (синфҳои 5-6) доир гардид. Дар маросими пазироӣ роҳбарият, омӯзгорон, волидайн ва хонандагони Муассиса ширкат варзида, ғолибонро бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Лозим ба таъкид аст, ки аз Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кӯшониён 17 нафар хонанда дар даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ ширкат карда, аз ин шумора 1 нафар соҳиби ҷойи якум аз фанни забони русӣ, 3 нафар соҳиби ҷойи дуюм аз фанҳои таърих ва математика ва 5 соҳиби ҷойи сеюм аз фанҳои забони русӣ, таърих, забон ва адабиёти тоҷик, география, биология ва математика гардиданд. Ҳамчунин, бо ҳадафи ҳавасмандсозии бештар ғолибон вобаста аз ҷойи касбкардаашон аз шартномаи таҳсил озод карда мешаванд.
30
28.04.2025
-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ 26 апрели соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, муовинони раисон ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд. Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Варзоб ва Шаҳринав оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки мақсади баргузор намудани ҷаласаи мушовараи сайёри имрӯзаи Вазорати маориф ва илм татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад. Дар идома, гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Варзоб ва Шаҳринав” шунида шуд. Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарогирии пурраи хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистони соли 2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод. Сипас, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Мирзозода Баҳриддин баромад намуда, иброз дошт, ки кабудиҳои ишорашуда дар самти соҳаи маорифи шаҳри Ваҳдат ошкоргардида, ҷой дошта, масъулини шаҳр тамоми саъю кӯшиши худро барои бартараф намудани онҳо равона месозанд ва дар муддати кутоҳтарин мушкилиҳои ҷойдошта ҳалли худро меёбанд. Дар охир, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
76
26.04.2025
-
ИШТИРОК ДАР ҶАМЪБАСТИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PISA 25 апрели соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар якҷоягӣ бо директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Кумаки техникӣ ба соҳаи маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Штефан Зеверт, сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис ва коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ Айгул Казжанова дар ҷамъбасти арзёбии байналмилалии PISA, ки 2 апрели соли 2025 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”-и ноҳияи Синои пойтахт иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбаст бо иштирокдорони арзёбии мазкур суҳбат анҷом дода, иброз дошт, ки шумо аввалин хонандагоне мебошед, ки дар арзёбии байналмилалии PISA иштирок намуда, маорифи миллииамонро дар миқёси ҷаҳонӣ бо натиҷаи ин арзёбӣ ҳимоя мекунед. Иттилоъ дода шуд, ки арзёбии байналмилалии PISA бо фарогирии 6300 хонанда дар 160 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ ба таври расмӣ гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба озмоиши хурди ин арзёбиро дар 71 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо фарогирии 2272 нафар хонандагони синну соли аз 15,3-16,2 сола аз 6-уми май то 21-майи соли 2024 гузаронид. Озмоиши он заминаи муҳим ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон - PISA-2025 буд. Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон - PISA - омӯзиши байналмилалие мебошад, ки соли 2000 оғоз шудааст. Ҳадафи он баҳодиҳии низоми таълим дар саросари ҷаҳон тавассути санҷиши малакаҳо ва донишҳои таълимгирандагони 15-сола дар кишварҳои ширкаткунанда мебошад ва аз соли 2000 беш аз 90 кишвар дар барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон -PISA-2025 ширкат варзиданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
47
25.04.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
25.04.2025
ОГОҲӢ! ДАВРИ ЧОРУМ (ҶУМҲУРИЯВӢ)-И ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ СИНФҲОИ 5-6
ОГОҲӢ! ДАВРИ ЧОРУМ (ҶУМҲУРИЯВӢ)-И ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ СИНФҲОИ 5-6 Бештар -
15.04.2025
Assessment Specialist
Assessment Specialist Бештар -
28.03.2025
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН! Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор