25-27 АПРЕЛ, Ш. ДУШАНБЕ

Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба маълумоти роҳбарон, омӯзгорон, хонандагон ва волидайн мерасонад, ки аз 25 то 27 апрели соли 2025 даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ барои хонандагони синфҳои 5-6 баргузор мегардад.

 

МАКОНИ БАРГУЗОРӢ:

Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон», шаҳри Душанбе.

 

ДИҚҚАТ!

Хонандагони синфҳои 5-6, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок мекунанд, бо худ гирифтани ҳуҷҷатҳои зеринро фаромӯш насозанд:

• Маълумотномаи дорои расм ва мӯҳри муассисаи таълимӣ,

• Шаҳодатномаи таваллуд.

 

Инчунин ба таваҷҷуҳи иштирокдорон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт расонида мешавад, ки макони будубоши онҳо дар рафти баргузории олимпиада дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.