ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ ФУНКСИОНАЛИИ НИЗОМИ МАОРИФ ВА ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СОҲА Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Муаррифии ҳисоботи ҷамъбастии бознигарии функсионалии низоми маориф ва муҳокимаи пешниҳодҳо оид ба такмили сохтор ва тақвияти иқтидори институтсионалии соҳа” баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, шарикони рушд ва коршиносони соҳавӣ иштирок намуданд. Чорабиниро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки масъалаи бознигарии функсионалии низоми идоракунии соҳаи маориф барои таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа аҳаммияти калидӣ дорад. Зикр гардид, ки дар шароити ислоҳоти муосири соҳаи маориф, аз ҷумла гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим ва татбиқи Стандарти нави давлатии таҳсилоти умумӣ, зарурати таҷдиди назар намудани функсияҳо, масъулиятҳо ва механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳа ба миён омадааст. Таъкид шуд, ки самаранокии ислоҳоти мазмуну мундариҷаи таҳсилот аз сатҳи ҳамоҳангӣ ва равшании низоми идоракунӣ вобастагии мустақим дорад. Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки бознигарии функсионалӣ ҳамчун абзори муҳими идоракунӣ имкон медиҳад такроршавии функсияҳо бартараф гардида, масъулиятҳо дақиқ муайян карда шаванд, робитаҳои байнисохторӣ тақвият ёбанд ва қабули қарорҳо ба воқеӣ ва натиҷаҳои ченшаванда асос ёбад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар маркази ин раванд масъалаи масъулияти институтсионалӣ қарор дошта, муайян намудани дақиқи ваколатҳо ва вазифаҳои ҳар як сохтор, таҳкими функсияҳои калидӣ ва такрорёбии равандҳо аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Сипас, мушовирони байналмилалӣ ҳисоботи ҷамъбастии бознигарии функсионалии низоми маорифро муаррифӣ намуда, натиҷаҳои таҳлил, хулосаҳо ва тавсияҳои асосиро оид ба такмили сохтор ва рушди институтсионалии соҳа пешниҳод карданд. Дар қисми муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор анҷом дода, ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, мазмуни таҳсилот, рушди касбии омӯзгорон, низоми арзёбӣ ва мониторинги сифати таҳсилот пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд. Дар фарҷом муовини якуми вазир натиҷаҳои мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки бознигарии функсионалӣ танҳо тағйироти сохторӣ набуда, балки қадами муҳим дар самти ташаккули фарҳанги нави идоракунӣ мебошад, ки ба масъулият, шаффофият, ҳамкорӣ ва натиҷанокӣ асос меёбад. Қайд гардид, ки натиҷаҳои мизи мудаввар барои такмили минбаъдаи функсияҳо, таҳкими ҳамоҳангии институтсионалӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми маорифи кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон16
03.06.2026
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1 июни соли 2026 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати маъмурият, кормандон, омӯзгорон ва таълимгирандагони Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, хонандагони мактаби ҷумҳуриявии махсус, инчунин намояндагони марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт иштирок намуданд. Чорабиниро директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муясара Давлатзода ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонидааст. Ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Қайд гардид, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таъмини шароити мусоиди таълиму тарбия, рушду камолоти онҳо тадбирҳои муҳиму муассир меандешанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон ҷомеаро ба меҳрубонӣ, дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, бахусус ятимону бепарасторон даъват менамоянд. Таъкид шуд, ки ояндаи ҷомеа аз тарбияи дуруст ва донишандӯзии кӯдакон вобаста мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди зеҳниву ҷисмонии насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шуда, садҳо муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ ва имкониятҳои фарогири таҳсилоти иловагӣ таъсис ёфтаанд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби таълимгирандагон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки он намоиши мусаввараҳо, қироати шеър, иҷрои сурудҳо ва саҳначаҳои тарбиявиро дар бар гирифт. Ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва ҳавасмандгардонии кӯдакон ба донишандӯзӣ мебошад.54
01.06.2026
-
САРМОЯГУЗОРӢ БА КӮДАКОН – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ Ҳамасола 1 июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи эҳтиром ба ҳуқуқ, манфиат ва арзиши волои кӯдак таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо ҷашн, балки фурсати муносибест барои андешаронӣ дар бораи масъулияти ҷомеа, давлат, оила ва ҳар як фарди ҷомеа дар назди насли наврас. Кӯдак арзишмандтарин сарвати ҳар миллат ва муҳимтарин сармояи ҳар давлат мебошад. Ояндаи ҳар ҷомеа аз он вобаста аст, ки имрӯз барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон чӣ гуна шароит фароҳам оварда мешавад. Агар мо хоҳони ҷомеаи пешрафта, иқтисодиёти рақобатпазир ва давлати тавоно бошем, пеш аз ҳама бояд ба рушди кӯдакон сармоягузорӣ намоем. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шуда, даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ қабул ва амалӣ гардидаанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ уҳдадориҳои байналмилалии худро дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак пайгирона иҷро намуда, ҷиҳати татбиқи муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ тадбирҳои пайваста меандешад. Дар натиҷа сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсил афзоиш ёфта, имкониятҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ беҳтар гардида, механизмҳои ҳифзи кӯдакон аз шаклҳои гуногуни хушунат, истисмор ва табъиз тадриҷан тақвият меёбанд. Яке аз рӯйдодҳои муҳим ва таърихии соли ҷорӣ ҷонибдорӣ гардидани Барномаи давлатии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 майи соли 2026 мебошад. Қабули ин барнома дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон рамзи равшани он аст, ки масъалаҳои вобаста ба кӯдак ва ояндаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат қарор доранд. Барномаи мазкур марҳилаи нави рушди сиёсати давлатии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро оғоз намуда, барои боз ҳам таҳким бахшидани низоми ҳифзи кӯдакон дар мамлакат заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳадафи асосии барномаи мазкур таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, рушди муҳити бехатар барои зиндагӣ ва таҳсил, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ва табъиз, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи кӯдакон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба кӯдакон, рушди таҳсилоти фарогир, беҳтар намудани саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон, инчунин мутобиқ намудани сиёсати давлатӣ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак мебошад. Дар барнома ба масъалаҳои муҳими замони муосир диққати махсус дода шудааст. Имрӯз ҷаҳон бо таҳдидҳо ва мушкилоти нави иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоӣ ва дигар омилҳо ба вазъи кӯдакон таъсири мустақим мерасонанд. Дар чунин шароит масъулияти давлат ва ҷомеа барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон боз ҳам бештар мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз танҳо доштани заминаи ҳуқуқӣ кофӣ нест. Зарур аст, ки ҳар як мақоми давлатӣ, муассисаи таълимӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва пеш аз ҳама ҳар як оила дар тарбияи насли солим, донишманд, ватандӯст ва масъулиятшинос саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро ҳифзи кӯдак танҳо вазифаи як ниҳод нест, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Дар рӯзҳои охир Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, аҳамияти махсус дошт. Дар ҷараёни он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон масъалаҳои муҳимтарини марбут ба рушди кӯдаконро мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулоса омаданд, ки сармоягузорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои муҳимтарини рушди устувори давлат мебошад. Воқеан ҳам, сармоягузорӣ ба кӯдакон танҳо бунёди муассисаҳои таълимӣ, харидории таҷҳизот ё ҷудо намудани маблағҳо нест. Сармоягузорӣ ба кӯдакон ин сармоягузорӣ ба дониш, маърифат, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, саломатӣ ва қобилияти эҷодии онҳо мебошад. Ин сармоягузорӣ ба инсонест, ки фардо иқтисодиётро рушд медиҳад, давлатро идора мекунад, илмро пеш мебарад ва арзишҳои миллиро ҳифз менамояд. Имрӯз ҳар як кӯдаки тоҷик бояд имконият дошта бошад, ки дар муҳити амн зиндагӣ намояд, таҳсили босифат гирад, истеъдоди худро рушд диҳад ва худро ҳамчун шахсияти комил эҳсос намояд. Маҳз ҳамин ҳадафҳо дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, татбиқи пайгиронаи онҳо ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард. Дар ин рӯзи муборак тамоми кӯдакони Тоҷикистони азизро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик мегӯям. Ба онҳо саломатии бардавом, хушбахтӣ, таҳсили аъло, иродаи қавӣ, орзуҳои баланд ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям. Сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷон Ҷаҳонгир53
01.06.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор