25.11.2026
25 ноябри соли 2026 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ директори Департаменти ғизои босифат ва ҳамоҳангсозии муассисаҳои таълимии махсусгардонидашудаи Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулноза Омонова, ёвари директори департаменти мазкур Исломҷон Ғайратов ва президенти ташкилоти автономии ғайритиҷоратии «Институти соҳавии ғизо» Владимир Чернигов иштирок намуданд.
Нахуст, муовини вазири маориф ва илм меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир марҳилаи нави рушдро касб намуда, дар заминаи эътимод, эҳтироми мутақобила ва сиёсати неки ҳамсоягӣ густариш меёбанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти рушди низоми ғизои мактабӣ, омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаи татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар доираи он ҷиҳати беҳтар намудани шароити ташкили ғизои мактабӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон, таъсиси Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ҳамчун иқдоми муҳим дар самти омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисоси «Ошпази мактабӣ», такмили ихтисоси кормандони соҳа ва ҷорӣ намудани таҷрибаи муосири ташкили ғизои солиму босифат арзёбӣ гардид.
Дар ин замина, масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти идоракунӣ ва ташкили хизматрасонии ғизо дар муассисаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси ошпазони мактабӣ, риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ва таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ низ баррасӣ шуданд. Инчунин, ҷонибҳо доир ба баргузории семинару машваратҳои муштарак ва ташкили боздидҳои мутақобила табодули назар намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои соҳавӣ, густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак бо ҷалби шарикони байналмилалӣ изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки густариши чунин ҳамкориҳо ба такмили низоми ғизои мактабӣ, беҳтар гардидани шароити ғизогирии хонандагон ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон