ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
МОДАРОН САФОБАХШИ ЗИНДАГИЯНД Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи модар Модарони азиз! Муҳтарам бонувони соҳаи маориф! Ба муносибати фарорасии Рӯзи модар, ки яке аз ҷашнҳои фархунда ва пурифтихори кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, сарбаландӣ ва хушбахтии ҳамешагӣ орзу менамоям. Дар диёри маҳбуби мо Рӯзи модар ҳамасола ҳамзамон бо оғози зеботарин фасли сол — баҳори нозанину ҷаҳоноро таҷлил мегардад. Ин ҳамбастагӣ рамзи амиқи маънавӣ дорад, зеро модар низ, мисли баҳор, рамзи ҳаёт, ҳусну тароват, зебоӣ ва эҳёи зиндагист. Модар сарчашмаи офариниш, манбаи меҳру муҳаббат ва намунаи садоқату вафодорист. Ӯ посбону нигоҳдорандаи ҳаёти инсон буда, ба зиндагӣ нуру сафо мебахшад. Шодиву хуррамии рӯзгори ҳар яки мо самари меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва заҳмати шабонарӯзии модарон аст. Модарон тамоми умр бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд: аз ба дунё овардану тарбияи фарзандон то танзиму пешбурди рӯзгор. Онҳо моро ба роҳи неку покизагӣ, ба ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтирому қадрдонии модар ва гиромидошти мақоми ӯ аз волотарин фазилатҳои инсонӣ ва қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди бовафо ба шумор меравад. Бузургони хирад низ ба ин нуқтаи муҳим таъкид намудаанд: Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф Гарде аз роҳи модарон бошад. Боиси ифтихор аст, ки бонувони тоҷик дар баробари покдоманиву хирадмандӣ, инчунин, бо ҷасорат, матонат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фарқ мекунанд. Онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ дар паҳлуи мардон қарор гирифта, барои ҳифзи Ватан, адолат ва ҳувияти миллӣ талош менамоянд. Ин хислатҳои олии занони тоҷик дар осори безаволи адабӣ, махсусан дар шоҳасари ҷовидонаи Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ба таври равшан ва пурҷило тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ин асари гаронмоя ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гардид. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои занону модарони тоҷик имкониятҳои нав ва марҳалаи тозаи фаъолият фароҳам гардид. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» ва «Занон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд». Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар, занону бонувон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи фаъол ва арзанда доранд. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид иброз доштанд:«Мо нақши занону бонувони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз талошҳои онҳо барои бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем». Боиси қаноатмандист, ки занону бонувони тоҷик дар соҳаи маориф ва илм низ фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо дар тарбияи насли наврас, ташаккули маърифат ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз дар соҳаи маориф беш аз ҳафтод фоизи кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин нишонаи эътимоди баланд ба неруи зеҳнӣ ва қобилияти касбии онҳо мебошад. Занону бонувони соҳаи маориф дар татбиқи сиёсати давлатии соҳа, иҷрои барномаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак», ҳамчунин барномаҳои рушди илм ва маориф, саҳми арзишманд мегузоранд. Онҳо дар ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ, тарғиби анъанаҳои нек ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим доранд. Соли ҷорӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ эълон шудааст, занону бонувони тоҷик фаъолияти худро боз ҳам густариш дода, барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Модарону бонувони гиромӣ! Ҳузури шумо дар зиндагӣ рамзи ҳусну тароват, меҳру муҳаббат ва саодати инсон аст. Хиради равшан, иродаи устувор ва меҳрубонии бепоёни шумо пояҳои мустаҳками оила ва ҷомеаро таъмин мекунад. Бо талошу заҳмати шумо фардои Ватани азизамон боз ҳам дурахшонтару ободтар хоҳад гардид. Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шумо — модарону бонувони гиромии кишварро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори пурсаодат ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям. Ҷашн муборак, модарони азиз!43
07.03.2026
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 5-уми марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, занону бонувони собиқадори соҳаи маориф ва раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм занону бонувони собиқадори соҳа ва кормандони дастгоҳи марказиро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом, хушбахтии ҷовидонӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кард. Ҳамзамон қайд намуд, ки модар рамзи меҳру муҳаббати бекарон, вафодорию садоқати беназир ва ҳусну таровати ҷовидонӣ буда, ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз ёфта, ситоиши модар чун меҳру муҳаббати ӯ интиҳо надорад. Ҳастии мо, кору фаъолияти пурсамари мо бидуни модар ва меҳрубонию ғамхорию роҳнамоиҳои ӯ имконнопазир аст. Дар кулли корҳои мо нақши барҷастаю мондагори дастони модар равшан эҳсос мешавад, ки ин худ нишона аз бузургии эшон аст. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба мақоми баланди зан-модар таъкид намуда, онҳоро чароғи хонадон ва тарбиятгари наслҳои оянда номидаанд: «Занон ва модарон неруи бузурги ҷомеа мебошанд, ки дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва пешрафти давлат нақши калидӣ доранд», – иброз доштаанд Пешвои миллат. Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба мақоми зан-модар аҳаммияти махсус медиҳад ва барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Нақши бонувони мо, махсусан, дар соҳаи маориф барҷастаю назаррас буда, барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Дар идома маърузаи сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” Э.Сафарзода дар мавзуи “Нақши зан - модар дар таҳкими давлатдории миллӣ” шунида шуд. Қисмати фарҳангии чорабиниро барномаҳои рангини ҳунарӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони варзида ва ҳаваскорони санъат иҷро шуд, шукӯҳу таровати хосса зам намуда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш, вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни чорабинӣ, бахусус занону бонувони собиқадор ва кормандони фаъоли вазорат, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон80
05.03.2026
-
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №22 ДАР МАҲАЛЛАИ ФАЗЛ НАБӢ 2 март зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба таҳкими соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиби таълим барои хонандагон равона шудааст. Маҳаллаи навбунёди Фазл Набӣ дар қисмати шимолии деҳаи Тагноби деҳоти Даштигуло воқеъ буда, соли 2013 таъсис ёфтааст. Маҳалла аз 148 хоҷагӣ иборат буда, дар он 1038 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Бо сабаби набудани муассисаи таълимӣ хонандагони маҳалла маҷбур буданд ҳар рӯз зиёда аз 3 километр роҳро тай намуда, роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархорро гузашта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №52, ки дар деҳаҳои Тагноб ва Файзободи деҳоти Даштигуло ҷойгиранд, таҳсил намоянд. Бо дарназардошти ин зарурат, бунёди муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи мазкур иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 хонанда аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Элдорадо 05” амалӣ гардида, айни ҳол пурра ба анҷом расонида шудааст. Фармоишгари иншоот гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” мебошад. Бино аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он синфхонаҳои фанҳои химия, биология, физика, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи инкишофи кӯдак, утоқи директор, утоқи омӯзгорон ва дигар синфхонаҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд. Иншоот бо маблағи 6 миллиону 356 ҳазору 594,31 сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Муассиса дар масоҳати 1,3 гектар бунёд гардида, дорои буғхона, амбор, ҳоҷатхона, обанбори ҳаҷмаш 50 метри мукааб ва майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол мебошад. Зимни ифтитоҳи муассиса таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири таҳсил барои насли наврас яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, бунёди чунин иншоотҳо ба баланд гардидани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат менамояд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон102
02.03.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
12.03.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
25.02.2026
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ Бештар -
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор