01.09.2026

 img

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027

 

Ҳамватанони азиз!

 

Устодон, шогирдон ва падару модарони гиромӣ!

 

Дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инак, боз соли нави таҳсил оғоз гардида, паём аз марҳалаи тозаи омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат меоварад. Ин пайки басо фараҳбахшу нишотоварро ба аҳли таълиму тарбия ва тамоми алоқамандони соҳаи маорифи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

 

Дар ҷумҳурии мо солҳост, ки дар оғози ҳар соли нави таҳсил дар тамоми таълимгоҳҳо Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Маълум аст, ки ҳадаф аз таҳсил донишандӯзист ва бузургон донишро ҳамбаста ба нерую тавоноӣ, комёбию шарафмандӣ донистаанд. Ҳамосасарои бузург Абулқосими Фирдавсӣ дар ин боб фармудааст:

 

Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Ба гуфтору кирдор беҳтар бувад.

 

Дониши комил омӯхтан, албатта, дар шароити созгор, дар муҳите, ки сулҳу амният пойдору устувор бошад, муяссар мешавад. Хушбахтона, дар диёри арҷманди мо ба шарофати сиёсати хирадбунёду ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи саодатбахш тантана дорад ва дар ин замина, аҳли кишвар ба бунёдкорию созандагӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи маориф машғуланд. Ин равандро ташаббуси нави Президенти муҳтарами мо оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки чанде пеш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, боз ҳам тақвият бахшид.

 

Дарси сулҳе, ки ҳамасола Пешвои миллат дар оғози соли таҳсил баргузор мекунанд, саршор аз ғояҳои ватандӯстию ваҳдатпарастӣ, ҳувияти миллию хештаншиносист. Зимни чунин дарс дар оғози соли таҳсили гузашта Сарвари кишвар иброз дошта буданд: «Бояд ҳама якҷояву ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсозаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем».

 

Соли таҳсил имсол дар вазъи гуворою тантанавие оғоз меёбад, ки тамоми сокинони мамлакат ба таҷлили бошукӯҳтарин ҷашни миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ин фархундаҷашн бори дигар ва ба таври хеле барҷаста собит месозад, ки тоҷикон, воқеан, дар давлатдорию бунёдкорӣ мумтозанд, истеъдоду тавоноии дерину табиӣ доранд ва комёбиҳои миллатро шарафмандона ҳифз мекунанд.

 

Дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, махсусан, соҳаи маориф хеле рушд ёфта, соҳаи афзалиятнок эълон шуд ва ба дастовардҳои фаровоне ноил гашт. Дар ин давра таълимгоҳҳои зиёде бунёд ёфтаву ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонида шуданд. Чандест, ки вобаста ба татбиқи комёбиҳои илму инноватсия ва зеҳни сунъӣ дар соҳа марҳалаи тозае оғоз ёфтааст ва дар ин замина, барномаҳои нави фаъолият тарҳрезӣ мешаванд.

 

Кулли таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсии насли нав, дастуру раҳнамоҳои илмию методӣ ва дигар воситаҳои ёвар комилан таъминанд. Ин ҳама ба болоравии сатҳи таҳсил ва дониши шогирдони мо мусоидат кардааст ва онҳо дар баробари омӯзиши ҳамарӯза дар таълимгоҳҳо дар озмунҳои бонуфузи кишвар – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок мекунанд. Аҳли маорифи мамлакат дар нахустсолҳои татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.

 

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат обрӯю эҳтироми омӯзгорон пайваста боло меравад, заҳмати онҳо ба таври шоиста арҷгузорӣ мешавад. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар ҳаёт ва фаъолияти аҳли таълиму тарбия давраи навинеро ифтитоҳ бахшид ва бори дигар собит кард, ки дар кишвари мо омӯзгор сарчашмаи ҳамаи комёбиҳо ва равшангари роҳи фардои миллат эътироф шудааст.

 

Аҳли маорифи ҷумҳурии азизамон 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро бо ифтихору сарбаландӣ ва бо дастовезҳои арзанда – комёбиҳои нав ба нав дар арсаи таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон пешвоз мегиранд ва минбаъд низ ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки Ватани маҳбубамон боз ҳам пешрав бошад, шуҳраташ ҳамчун диёри бахту саодат, сулҳу ваҳдат ва қаламрави мардумони тамаддунпарвару бунёдкор дар арсаи байналмилалӣ пайваста биафзояд.

 

Бори дигар ҳамаи шумо – омӯзгорону шогирдони азиз, тамоми алоқамандони соҳаи маориф ва волидайни муҳтарамро бо оғози соли нави таҳсили 2026-2027 табрик мегӯям. Ҳамеша комёбу сарбаланд ва садоқатпеша ба Ватану миллат бошед.

 

Соли нави таҳсил муборак!

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ Имрӯз, 1 сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Рӯзи дониш дар фазои идона ва дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардид. Дар доираи чорабинии мазкур вохӯрии пурмӯҳтаво бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар бо устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳошияи Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар бахшида ба Рӯзи дониш баргузор гардид.   Дар чорабинӣ ҳамчунин ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода Ватан, ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.   Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар суханронӣ намуда, омӯзгорону донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфт ва ба онҳо дар роҳи омӯзишу худшиносӣ муваффақият орзу кард. Ҳамзамон аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аҳамияти афзояндаи илм ва нақши созандаи ҷавононро дар бунёди ҷомеаи мутамаддин таъкид намуд. Ӯ донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи донишҳои муосир, истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамшуда ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлату миллат даъват кард.   Сипас, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан баромад намуда, зикр дошт, ки таҷлили Дарси сулҳ ва оғоз гардидани соли нави таҳсил бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми давлат ва Ҳукумати кишвар ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.   Ӯ афзуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат масъулияти тарбияи мутахассисони соҳибкасб, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосирро бар дӯш дошта, барои фароҳам овардани муҳити босифати таълиму таҳсил пайваста тадбирҳои муассир меандешад.   Дар идома Холиқзода Сафар, номзади илмҳои кимиё, дотсент, дар ҳошияи нуктаҳои асосии Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли маориф суханронӣ намуда, таъкид кард, ки рушди илмҳои дақиқ, тарбияи кадрҳои рақобатпазир, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва истифодаи технологияҳои муосир аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбанд.   Ҳамчунин донишҷӯи курси аввали факултети филологияи хориҷӣ Валиева Миҷгона аз номи донишҷӯёни нав ба роҳбарияти олии кишвар ва ҳайати устодони донишгоҳ барои муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму таҳсил изҳори сипосу миннатдорӣ баён дошт. Ӯ таъкид намуд, ки донишҷӯёни соли аввал бо ҳисси баланди масъулият аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода бурда, барои аз худ намудани донишҳои муосир ва хизмат ба Ватани азиз тамоми нерӯву кӯшиши худро равона хоҳанд кард.   Чорабинӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умед ба дастовардҳои нави илмию таълимӣ оғозбахши соли таҳсили 2026-2027 гардид.

    4

    02.09.2026
  •  img
    Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд.   Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид.   Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шуд.   Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.   Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.   Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи  вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

    34

    02.09.2026
  •  img
    Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст.   Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо ва истифодаи масолеҳи ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир  таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст.   Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст. Дар раванди бунёди иншоот 80 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.   Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.   Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳад, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим асосан бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ ҳам ба роҳ монда мешавад. Ин равиш ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари гирифтани дониши муосир, малакаи муошират бо забонҳои хориҷиро низ такмил диҳанд.   Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 290 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ барои писарону духтарон, толори маҷлис бо 180 ҷойи нишаст, боғи зимистона ва толори тирпарронӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад.   Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд.   Ҳавзҳои шиноварӣ бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои писарону духтарон алоҳида пешбинӣ шудаанд ва муҳити муносиб барои омӯзиши шиноварӣ, обутоби ҷисмонӣ ва беҳсозии саломатии хонандагон фароҳам меоранд.   Толори барҳавои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, маҳфилҳои таълимӣ ва ҷамъомадҳои гуногун пешбинӣ шуда, толори тирпарронӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ имконияти хуб фароҳам месозад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Омӯзгорон ба истифодаи самараноки имкониятҳои омодашуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ҳидоят карда шуданд.

    24

    02.09.2026