ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ВАЗЪИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ РОҒУН Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз фаъолияти муассисаҳои таълимии №1 ва 2-и шаҳри Роғун дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯрӣ анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ бо ҳамзамон муовини вазир бо вазъи таълиму тарбия, давомоти хонандагон, рафти дарсҳо, лавозимоти хониши хонандагон, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, насби шиору овеза шинос шуд. Муовини вазир бо омӯзгорону хонандагон суҳбат анҷом дода, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот, бештар намудани маҳфилҳои беруназсинфии фаннӣ, ҷоннок кардани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ, мусоидат дар баланд бардоштани масъулиятнокии волидон ва ҷалби бештари онҳо ба муассисаи таълимӣ, бештар кардани ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба масъулин дастуру супориш дод.50
20.01.2026
-
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 14 январи соли 2026 маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ дар соли 2025 бо ҳадафи дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани завқи омӯзиши илм миёни хонандагон ва қадрдонии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ баргузор гардид. Дар маросим намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони давлатӣ, Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, омӯзгорон, волидайн, наврасону ҷавонони боистеъдод, инчунин, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода чорабиниро ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсаф тадбирҳои муҳим амалӣ гардидааст. Таъкид шуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихии соли 2025 ин баргузор гаштани нахустин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - «KhIMIO-2025» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он барои рушди тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани нуфузи низоми таҳсилоти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ заминаи мусоид фароҳам овард. Сипас, ба ду нафар хонандае, ки ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ гардидаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 500 сомонӣ ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба як муассисаи таълимие, ки хонандагонаш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ супорида карда шуд. Барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм, мусоидат ба иштироки фаъолонаи хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси олимпӣ, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти типи нав дар ҳаракати олимпӣ» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ» эълон карда шуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ бо мақсади қадрдонии заҳмати омӯзгорон ва тақвияти рушди ҳаракати олимпӣ, 20 нафар омӯзгор барои саҳми назаррас гузоштан дар омода намудани хонандагони соҳибистеъдод бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 21 нафар омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Дар фарҷом вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки иштирокдорони олимпиадаҳои фаннии даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо дастовардҳои арзандаашон мояи ифтихор буда, заҳмату кӯшишҳои онҳо дар самти рушди илм, боло бурдани сатҳи маърифати зеҳнӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қобили таҳсин мебошад. Ҳамзамон, изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илм минбаъд низ ҷиҳати дастгирии истеъдодҳои ҷавон, тақвияти ҳаракати олимпӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори зеҳнии хонандагон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.165
14.01.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
09.01.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE) Бештар -
09.01.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE) Бештар -
31.12.2025
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор