ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ҳамватанони арҷманд! Волидайни муҳтарам! Кӯдакону дӯстрӯякони азиз! Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо чун дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар як кӯдаки хушбахту толеъбаланди кишвар саломатии комил, иқболи нек ва соҳиби донишу маърифати баланд гардиданро орзу менамоям. Кӯдакон сарвати гаронбаҳо ва ояндаи дурахшони миллат маҳсуб ёфта, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, барои рушду инкишоф, таълим ва камолоти шоистаи онҳо заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намудааст. Таҳти таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои ҳадафманд дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, солимӣ, тавонбахшӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳнию маънавии кӯдакон бомувафаққият амалӣ гардида истодаанд. Набояд фаромӯш созем, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ заминаи асосии рушди ҷомеаи солиму пешрафта ба шумор меравад. Бо ифтихор аз насли соҳибмаърифат ва ояндасози кишвар бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба кулли кӯдакони мо овони ширини кӯдакӣ, рӯзгори пурнишот ва фардои дурахшонро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамон орзу менамоям. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!45
01.06.2026
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1 июни соли 2026 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати маъмурият, кормандон, омӯзгорон ва таълимгирандагони Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, хонандагони мактаби ҷумҳуриявии махсус, инчунин намояндагони марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт иштирок намуданд. Чорабиниро директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муясара Давлатзода ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонидааст. Ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Қайд гардид, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таъмини шароити мусоиди таълиму тарбия, рушду камолоти онҳо тадбирҳои муҳиму муассир меандешанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон ҷомеаро ба меҳрубонӣ, дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, бахусус ятимону бепарасторон даъват менамоянд. Таъкид шуд, ки ояндаи ҷомеа аз тарбияи дуруст ва донишандӯзии кӯдакон вобаста мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои рушди зеҳниву ҷисмонии насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шуда, садҳо муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ ва имкониятҳои фарогири таҳсилоти иловагӣ таъсис ёфтаанд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби таълимгирандагон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки он намоиши мусаввараҳо, қироати шеър, иҷрои сурудҳо ва саҳначаҳои тарбиявиро дар бар гирифт. Ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва ҳавасмандгардонии кӯдакон ба донишандӯзӣ мебошад.39
01.06.2026
-
САРМОЯГУЗОРӢ БА КӮДАКОН – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ Ҳамасола 1 июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи эҳтиром ба ҳуқуқ, манфиат ва арзиши волои кӯдак таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо ҷашн, балки фурсати муносибест барои андешаронӣ дар бораи масъулияти ҷомеа, давлат, оила ва ҳар як фарди ҷомеа дар назди насли наврас. Кӯдак арзишмандтарин сарвати ҳар миллат ва муҳимтарин сармояи ҳар давлат мебошад. Ояндаи ҳар ҷомеа аз он вобаста аст, ки имрӯз барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон чӣ гуна шароит фароҳам оварда мешавад. Агар мо хоҳони ҷомеаи пешрафта, иқтисодиёти рақобатпазир ва давлати тавоно бошем, пеш аз ҳама бояд ба рушди кӯдакон сармоягузорӣ намоем. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон заминаҳои устувори ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шуда, даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ қабул ва амалӣ гардидаанд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ уҳдадориҳои байналмилалии худро дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак пайгирона иҷро намуда, ҷиҳати татбиқи муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ тадбирҳои пайваста меандешад. Дар натиҷа сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсил афзоиш ёфта, имкониятҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ беҳтар гардида, механизмҳои ҳифзи кӯдакон аз шаклҳои гуногуни хушунат, истисмор ва табъиз тадриҷан тақвият меёбанд. Яке аз рӯйдодҳои муҳим ва таърихии соли ҷорӣ ҷонибдорӣ гардидани Барномаи давлатии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 майи соли 2026 мебошад. Қабули ин барнома дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон рамзи равшани он аст, ки масъалаҳои вобаста ба кӯдак ва ояндаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат қарор доранд. Барномаи мазкур марҳилаи нави рушди сиёсати давлатии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро оғоз намуда, барои боз ҳам таҳким бахшидани низоми ҳифзи кӯдакон дар мамлакат заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳадафи асосии барномаи мазкур таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, рушди муҳити бехатар барои зиндагӣ ва таҳсил, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ва табъиз, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи кӯдакон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба кӯдакон, рушди таҳсилоти фарогир, беҳтар намудани саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон, инчунин мутобиқ намудани сиёсати давлатӣ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак мебошад. Дар барнома ба масъалаҳои муҳими замони муосир диққати махсус дода шудааст. Имрӯз ҷаҳон бо таҳдидҳо ва мушкилоти нави иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мебошад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоӣ ва дигар омилҳо ба вазъи кӯдакон таъсири мустақим мерасонанд. Дар чунин шароит масъулияти давлат ва ҷомеа барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон боз ҳам бештар мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз танҳо доштани заминаи ҳуқуқӣ кофӣ нест. Зарур аст, ки ҳар як мақоми давлатӣ, муассисаи таълимӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва пеш аз ҳама ҳар як оила дар тарбияи насли солим, донишманд, ватандӯст ва масъулиятшинос саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро ҳифзи кӯдак танҳо вазифаи як ниҳод нест, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Дар рӯзҳои охир Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, аҳамияти махсус дошт. Дар ҷараёни он намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон масъалаҳои муҳимтарини марбут ба рушди кӯдаконро мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулоса омаданд, ки сармоягузорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои муҳимтарини рушди устувори давлат мебошад. Воқеан ҳам, сармоягузорӣ ба кӯдакон танҳо бунёди муассисаҳои таълимӣ, харидории таҷҳизот ё ҷудо намудани маблағҳо нест. Сармоягузорӣ ба кӯдакон ин сармоягузорӣ ба дониш, маърифат, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, саломатӣ ва қобилияти эҷодии онҳо мебошад. Ин сармоягузорӣ ба инсонест, ки фардо иқтисодиётро рушд медиҳад, давлатро идора мекунад, илмро пеш мебарад ва арзишҳои миллиро ҳифз менамояд. Имрӯз ҳар як кӯдаки тоҷик бояд имконият дошта бошад, ки дар муҳити амн зиндагӣ намояд, таҳсили босифат гирад, истеъдоди худро рушд диҳад ва худро ҳамчун шахсияти комил эҳсос намояд. Маҳз ҳамин ҳадафҳо дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, татбиқи пайгиронаи онҳо ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард. Дар ин рӯзи муборак тамоми кӯдакони Тоҷикистони азизро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик мегӯям. Ба онҳо саломатии бардавом, хушбахтӣ, таҳсили аъло, иродаи қавӣ, орзуҳои баланд ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям. Сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷон Ҷаҳонгир36
01.06.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор