ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ЗАНОН “САРВАР” БО ФАЪОЛИЯТИ ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Маркази таълимии занон “Сарвар” ба бинои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти мақоми олии қонунгузори кишвар аз наздик шинос шуданд. Дар доираи ин боздид вохӯрии самимӣ ва судманд бо муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума ва вакилон Нилуфар Имомзода, Ҷамила Мусоҷонзода ва Ҳусния Исҳоқӣ баргузор гардид. Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, нақши ҷавонон дар ҷомеа, мақому манзалати занону бонувон дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон, бахусус духтарону бонувон, тамоми шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, фаъолияти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар фароҳам оварда шудааст. Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамзамон ҷавононро ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлату ҷомеа ҳидоят намуданд. Донишҷӯён аз имконияти фароҳамшуда барои шиносоӣ бо фаъолияти Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба ҷавонон ва ташкили чунин мулоқоту экскурсияҳои маърифатӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.20
22.05.2026
-
ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ ФИДОИИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАХОҲАД ШУД 22 майи соли 2026 роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи маросими ба Ватан бар гардонидани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ ва бо мақсади эҳтиром ва гиромидошти хидматҳои фарзандони ба ору номуси Ватан дар таҳкими давлати тоҷикон ба Оромгоҳи Лучоб ташриф оварданд. Дар ҷараёни ин боздиди маънавӣ, ташрифоварандагон аз макони хокҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахсияти маъруфи таъриху фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад дидан намуднд ва ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои содиқони онҳо ба манзилҳои хоки ин фарзандони сарсупурдаи миллат гул гузошта, дуои хайр намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки ин тадбири фарҳангию маънавӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху тамаддуни тоҷикон дар раванди давлатдории миллӣ аҳаммияти бузург дорад. Дар ҷараёни боздид таъкид карда шуд, ки хотираи фарзандони фидоии миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш наҳад шуд.14
22.05.2026
-
АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 22 майи соли ҷорӣ раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти роҳбарии ректори муассиса дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоёни абармардони таърих ба мавзеи Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе қадам ранҷа намуданд. Зимни аёдат иштирокдорон ба оромгоҳ ва манзили абадии Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангиву таърихии миллат Нисор Муҳаммад ташриф оварда, ба хотири гиромидошти хизматҳои арзишманди онҳо дар назди давлату миллат гулчанбар гузоштанд ва бо қироати дуои хайр хотираи неки ин фарзандони содиқи Ватанро пос доштанд. Ин иқдом ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву миллатсозонаи шахсиятҳои барҷастаи тоҷик амалӣ гардида, ҳамчун нишонаи эҳтиром ба корномаи фарзандони содиқи миллат арзёбӣ мешавад. Ин абармардон дар роҳи ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди забону фарҳанги тоҷикӣ ва таъмини озодиву соҳибистиқлолии кишвар ҷоннисориҳо намуда, бо фаъолияти ватандӯстонаи худ дар саҳифаҳои таърих номи ҷовидона гузоштаанд. Гиромидошти хотираи онҳо на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки омили муҳими тарбияи маънавию ватандӯстии насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мушт хоки ин фарзандони фарзонаи миллат аз хориҷи кишвар ба Ватан интиқол дода шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ гардид. Ин амал аҳаммияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дошта, бозгӯи пайванди устувори миллат бо таъриху арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳамзамон, дар ҷараёни маросим хотираи неки чеҳраҳои маъруфи илму адаб, фарҳанг ва маърифати миллӣ низ гиромӣ дошта шуд. Таъкид гардид, ки омӯзиш ва муаррифии осори гаронбаҳои ин шахсиятҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, рушди тафаккури илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аҳаммияти хосса дорад.16
22.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор