ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 5-уми марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, занону бонувони собиқадори соҳаи маориф ва раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм занону бонувони собиқадори соҳа ва кормандони дастгоҳи марказиро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатии бардавом, хушбахтии ҷовидонӣ, рӯзгори пурфайзу баракат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно кард. Ҳамзамон қайд намуд, ки модар рамзи меҳру муҳаббати бекарон, вафодорию садоқати беназир ва ҳусну таровати ҷовидонӣ буда, ҳаёти ҳар як фард аз домани поки ӯ оғоз ёфта, ситоиши модар чун меҳру муҳаббати ӯ интиҳо надорад. Ҳастии мо, кору фаъолияти пурсамари мо бидуни модар ва меҳрубонию ғамхорию роҳнамоиҳои ӯ имконнопазир аст. Дар кулли корҳои мо нақши барҷастаю мондагори дастони модар равшан эҳсос мешавад, ки ин худ нишона аз бузургии эшон аст. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба мақоми баланди зан-модар таъкид намуда, онҳоро чароғи хонадон ва тарбиятгари наслҳои оянда номидаанд: «Занон ва модарон неруи бузурги ҷомеа мебошанд, ки дар таҳкими оила, тарбияи фарзандон ва пешрафти давлат нақши калидӣ доранд», – иброз доштаанд Пешвои миллат. Ин гуфтаҳо нишон медиҳанд, ки давлат ба мақоми зан-модар аҳаммияти махсус медиҳад ва барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Нақши бонувони мо, махсусан, дар соҳаи маориф барҷастаю назаррас буда, барои таҳкими дастовардҳои Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Дар идома маърузаи сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” Э.Сафарзода дар мавзуи “Нақши зан - модар дар таҳкими давлатдории миллӣ” шунида шуд. Қисмати фарҳангии чорабиниро барномаҳои рангини ҳунарӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони варзида ва ҳаваскорони санъат иҷро шуд, шукӯҳу таровати хосса зам намуда, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш, вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни чорабинӣ, бахусус занону бонувони собиқадор ва кормандони фаъоли вазорат, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон50
05.03.2026
-
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №22 ДАР МАҲАЛЛАИ ФАЗЛ НАБӢ 2 март зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба таҳкими соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиби таълим барои хонандагон равона шудааст. Маҳаллаи навбунёди Фазл Набӣ дар қисмати шимолии деҳаи Тагноби деҳоти Даштигуло воқеъ буда, соли 2013 таъсис ёфтааст. Маҳалла аз 148 хоҷагӣ иборат буда, дар он 1038 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Бо сабаби набудани муассисаи таълимӣ хонандагони маҳалла маҷбур буданд ҳар рӯз зиёда аз 3 километр роҳро тай намуда, роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархорро гузашта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №52, ки дар деҳаҳои Тагноб ва Файзободи деҳоти Даштигуло ҷойгиранд, таҳсил намоянд. Бо дарназардошти ин зарурат, бунёди муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи мазкур иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 хонанда аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Элдорадо 05” амалӣ гардида, айни ҳол пурра ба анҷом расонида шудааст. Фармоишгари иншоот гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” мебошад. Бино аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он синфхонаҳои фанҳои химия, биология, физика, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи инкишофи кӯдак, утоқи директор, утоқи омӯзгорон ва дигар синфхонаҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд. Иншоот бо маблағи 6 миллиону 356 ҳазору 594,31 сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Муассиса дар масоҳати 1,3 гектар бунёд гардида, дорои буғхона, амбор, ҳоҷатхона, обанбори ҳаҷмаш 50 метри мукааб ва майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол мебошад. Зимни ифтитоҳи муассиса таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири таҳсил барои насли наврас яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, бунёди чунин иншоотҳо ба баланд гардидани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат менамояд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон92
02.03.2026
-
ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ 12 СОЛАИ ТАҲСИЛ ТАҚОЗОИ ЗАМОН Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд. Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар аз он иборат аст, ки масъалаи ҷорӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф дар мамлакат яъне, гузариш ба таҳсилоти 12 сола ҳамчун тақозои замон арзёбӣ шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рақобатпазирии байналмилалии хатмкунандагон зарур дониста мешавад. Таълими замонавӣ бояд ба рушди тафаккури зеҳнию техникӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ, малакаю муошират, саводи рақамӣ ва ташаббускории насли наврас мусоидат намояд. Бинобар ин, дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълим, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12 солаи таълим бояд равишҳои муосири таълим ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шаванд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума зимни баромади хеш зикр намуд, ки гузариш ба низоми 12 солаи таълим тақозои замон буда, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд. Вакили Маҷлиси намояндагон Наҷмиддиниён Асадулло, Саидзода Муҳаммадтоир – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Равшан – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин бо гузоришу маърузаҳо баромад намуданд.100
27.02.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
25.02.2026
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ Бештар -
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» Бештар -
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор