Барномаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: 2022-2027

-
ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ 25 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи кумаки техникӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) баргузор гардид. Созишномаи мазкур ба хотири мусоидат ба интиқоли устувор ва ҳамвораи низоми ғизои мактабӣ ба моликияти миллӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд. Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон директори он Адҳам Мусаллам ба имзо расониданд. Дар оғози маросим вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии БОҶ дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз ғизои солим баҳраманд мешаванд. Зикр шуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ҳадафи беҳтар намудани вазъи ғизои хонандагон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027 таҳия ва мавриди амал қарор дорад. Дар навбати худ, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки аз ҳамкориҳои самарабахши худ бо Вазорати маориф ва илм қаноатманд ҳастем ва созишномаи имрӯза қадами устуворе дар роҳи таъмин намудани ғизои солим ба кӯдакон аст. Ёдовар мешавем, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ яке аз шарикони муҳими стратегӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғизои мактабӣ, нақши намоён дорад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
168
25.07.2025
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ: ҲАМКОРИИ МУСТАҲКАМИ ВАЗОРАТ БО БОҶ 2 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид. Муовини вазири маориф ва илм зимни вохӯрӣ зикр намуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ аз самтҳои муҳимми иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, барои беҳбудии саломатии кӯдакон ва рушди неруи зеҳнии онҳо мусоидат мекунад. Таъкид шуд, ки Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 бо мақсади баланд бардоштани сифати ғизои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории муассир бо БОҶ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст. Директори БОҶ дар Тоҷикистон дар навбати худ аз ҳамкории судманди Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ бо Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар доираи марҳилаи нав (2025–2028) барнома боз ҳам тавсеа меёбад. Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 наздики 50 мактаб бо таҷҳизоти зарурии ошхона таъмин мегарданд ва 40 мактаб бо фаъолияти тавлиди даромад, аз ҷумла гармхона ва занбӯрпарварӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари барнома дар саросари кишвар ва таҳкими иқтидори маҳаллӣ дар самти ғизои мактабӣ изҳор намуданд. Ҳамзамон, зарурати саҳми фаъолонаи мақомоти маҳаллӣ ва волидайн дар татбиқи муваффақонаи лоиҳа махсус таъкид гардид. Ҳадаф аз мулоқот тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва таъмини шароити беҳтари ғизои солим барои хонандагони мактабҳои кишвар арзёбӣ шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
2559
02.05.2025
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИСОҲАВӢ Дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Музаффарзода Бадриддин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини соҳа ва аъзоёни Шуро ширкат варзида, масъалаҳои муҳими марбут ба ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни нишаст раванди амалисозии “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2027” ҷамъбаст гардида, дурнамо ва масъалаҳои ҷорӣ дар самти таъмини ғизои солим ба кӯдакону наврасон муҳокима шуданд. Аъзоёни Шуро ҳамчунин пешниҳодҳои худро доир ба такмили бандҳои дахлдори лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарсозии ташкил ва танзими ғизои мактабӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва махсус ироа намуданд. Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари назоратӣ ба муассисаҳои таълимии манотиқи кишвар, баргузории ҷаласаҳои сайёр ва Форуми байналмилалии ғизои мактабӣ, ки моҳи ноябри соли 2025 баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
1417
16.04.2025