08.10.2025

 img

Бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ин бахш фаъолияти худро дар асоси Ҳадаф ва вазифаҳои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 ва Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2027 ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои марбут ба ғизои мактабиро таъмин менамояд. Аз ҷумла, он ҳамкориҳоро миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар раванди гузариш аз амалисозии барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби БОҶ ба Вазорат ба роҳ мемонад.

 

Пас аз анҷоми давраи гузариш, Бахш ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои ғизои мактабӣ фаъолиятро идома хоҳад дод.

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки ҳайати марказро тавассути таъсиси намояндагиҳо дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва назорат, мусоидат дар нақшакашӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани иқтидор ва таъмини гузариши устувори барномаи ғизои мактабӣ васеъ намояд. 

 

Дар ин замина, мутахассисони бахшҳои ғизои мактабӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар вилоятҳои Суғд,  Хатлон (минтақаҳои Бохтар ва Кулоб) ва Рашт ба кор ҷалб карда мешаванд.

 

ВАЗИФАҲО

Таҳти назорати бевоситаи Ҳамоҳангсози маркази ғизои мактабӣ ва бо ҳамкории Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, мутахассис вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- Намояндагии Маркази ғизои мактабӣ  дар минтақаҳои вобасташуда, пешниҳод намудани дастурҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои шахсони масъули шӯъбаҳои маориф.

- Дастгирӣ дар татбиқ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар сатҳи вилоят.

- Дастгирии шӯъбаҳои маориф дар банақшагирӣ ва тарҳрезии ғизодиҳии мактабӣ барои маблағгузорӣ аз буҷети давлат ва ё шарикони рушд, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ.

- Барқарорсозии ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо шахсони масъули ғизои мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳл, мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор (сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ ва ғ.).

- Тақвияти фаъолияти Шӯрои вилоятӣ ва ноҳиявии ғизои мактабӣ бо иштироки мақомотҳои салоҳиятдор ва пайгирии қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар вилоят (минтақа) ва ноҳияҳо.

- Дастгирӣ дар таъсис ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳо ва ҷонибҳои манфиатдор барои татбиқи барномаҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва назорати фаъолияти онҳо бо ҷалби шахсони масъули шӯъбаҳои маориф.

- Таъсис додани низоми ғизои мактабӣ, аз ҷумла такмили шароити ошхонаҳо, таҷҳизот, мебели мактабӣ, нигоҳдории маҳсулот, ошхонаи хонандагон, шароити шустани дастҳо, фаъолиятҳои кишоварзӣ ва фаъолияти даромадноки мактабҳо.

- Дастгирии мактабҳо дар банақшагирӣ, ташкил ва идоракунии барномаи ғизоӣ, ки аз буҷети давлатӣ, грантҳои шарикони рушд, саҳми волидон ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад.

- Мониторинги мунтазами сифату гуногунии ғизои мактабӣ, аз ҷумла тақвияти фаъолиятҳои рушди кишоварзӣ бо истифодаи заминҳои мактабӣ ва ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нонпазхонаҳо. 

- Таҳия кардани ҳисоботҳо ва фавран гузориш додани ҳолатҳои фавқулода ё фасоду фиреб ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба шарикони рушд.

- Дар ҳолати ошкор намудани мушкилот ё амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми татбиқи барнома, фавран ба сардори шӯъбаи маорифи минтақавӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ гузориш додан ва пешниҳод намудани роҳи ҳалли он.

- Ҷамъоварии маълумот оид ба пешрафти ғизои мактабӣ аз шахсони масъули ноҳияҳо, таҳияи ҳисоботҳои моҳона ва солона бо таҳлили зарурӣ ба Маркази ғизои мактабӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Ҷамъоварӣ ва супоридани санадҳои молиявии шахсони масъул барои пардохти хароҷоти нақлиёт ва ё дигар хароҷоти марбут ба Маркази ғизои мактабӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Тақвияти иқтидори роҳбарияти мактабҳо ва шахсони масъули шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳои минтақа тавассути ташкили омӯзишҳо ва пешниҳоди машваратҳо оид ба ташкил ва идоракунии ғизои мактабӣ.

- Тарғиби ғизои солим дар мактабҳо, маҳаллаҳо ва ҷомеаҳо, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ оид ба ғизои солим.

- Иштирок дар таҳқиқотҳо, баррасиҳо ва арзёбиҳои марбут ба татбиқи ғизои мактабӣ ва  Барномаи давлатии рушди ғизодиҳии мактабӣ.

- Иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дигар вобаста ба амалисозӣ ва рушди ғизои мактабӣ дар вилоят.

ТАЛАБОТҲО

Тахассусӣ

Маълумоти дараҷаи бакалаврият ё дипломи пурраи маълумоти олӣ оид ба фанҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, идоракунии давлатӣ, фанҳои марбут ба рушд ё дигар соҳаи марбут. Дониши ташрифоти давлати оид ба котиботи расмӣ, маҷлисҳо, ташрифҳо миссияҳо, чорабиниҳо ва гайра ҳатмӣ мебошад. Малакаи қавии муоширати бо шарикони давлатӣ ва шарикони рушд.

 

Таҷрибаи корӣ

Ду соли собиқаи корӣ дар корҳои  тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ (аз ҷумла идоракунии маълумот) бо сохторҳои давлатӣ ё лоиҳаҳо,ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ. Таҷрибаи корӣ дар барнома ва лоиҳаҳои ғизои мактабӣ бартарӣ дорад.

 

Забондонӣ

Дониши хуби забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои англисӣ ва русӣ афзалият дорад.

 

Малакаи кор бо компютер

Маҳорати баланди кор бо барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook) талаб карда мешавад ва таҷрибаи қавӣ дар идоракунӣ ва таҳлили маълумот зарур аст. Таҷрибаи кор бо барномаҳои таҳлил ва визуализатсияи маълумот (SPSS, STATA, Tableau ва ғайра) бартарӣ дорад.

 

Номзадҳои соҳибихтисос резюме ва номаи тавсиявии худро бояд ба почтаи электронии zsayora@mail.ru ва dilovarsaydaliev@gmail.com ирсол намоянд. Дар мавзӯи нома ҳатман номи вазифа, ноҳия ва вилоят нишон дода шавад. 

 

Рақами телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ: +992 90014009 (аз соати 8:00 то 17:00).

 

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо — 24 октябри  соли 2025 то соати 17:00 (ба вақти Душанбе). 

  • ЭЪЛОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ЛОИҲАИ ISTEM ДАР СОЛИ 2025 Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (ISTEM)” бо сипосномаи Бонки Осиёии Рушд барои фаъолияти босамар ва натиҷаҳои назаррас дар раванди татбиқ қадрдонӣ гардид. Қадрдонӣ дар доираи ҷаласаи ҷамъбастии баррасии амалиёт ва барномарезии лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт. Дар он намояндагони вазоратҳои калидӣ, ниҳодҳои иҷроия ва гурӯҳҳои лоиҳавӣ иштирок намуданд. Дар доираи чорабинии мазкур самаранокии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, афзалиятҳо барои соли 2026 ва нақшаҳо то соли 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар соли 2025 натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, 93 фоизи лоиҳаҳо тибқи нақша амалӣ гардидаанд. Сипоснома ба Лоиҳа аз ҷониби намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ва муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода супорида шуд. Ин дастовард бозгӯи саҳми назарраси лоиҳаи ISTEM дар рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи унсурҳои инноватсионӣ дар низоми таҳсилот мебошад.  

    25

    02.04.2026
  •  img
    ТАЪМИНИ МУҲИТИ БЕХАТАР ВА БЕТАВАҚҚУФИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ: ТАҶРИБАИ МУВАФФАҚИ МТМУ №22 НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Назаров ноҳияи Восеъ барои 640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом мерасанд.  Дар муассисаи мазкур 1695 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо дарназардошти зарурати таъмини идомаи бетаваққуфи раванди таълим ва мавҷуд набудани ҷойи мувофиқ барои кӯчонидани хонандагон, бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ шаш синфхонаи муваққатии модулӣ насб карда шуданд, ки барои 358 хонанда шароити бехатару мувофиқи таҳсил фароҳам оварданд.  Корҳои таъмиру таҷдид дар муассиса бо усули марҳилавӣ ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки 1 337 хонанда таҳсили худро дар ду баст идома диҳанд.  Ҳамзамон, зимни арзёбии муштараки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва гурӯҳи кории лоиҳа ба масъалаҳои бехатарӣ, дастрасӣ ва коҳиши хавфҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ диққати махсус зоҳир гардид. Татбиқи чунин тадбирҳо намунаи муваффақи таъмини муҳити устувор, бехатар ва фарогири таълимӣ дар шароити корҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Синфхонаҳои модулӣ қисми муҳимми нақшаи таъмиру таҷдиди марҳилавии мактаб ба ҳисоб рафта, ба коҳиши халалдоршавии раванди таълим, пешгирии истифодаи ҷойҳои хавфнок барои ҳар як хонанда мусоидат менамоянд. Ин намунаи амалӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон муҳити таълимии устувор, ба иқлим мутобиқ ва бехатарро дар шароити иҷрои корҳои сохтмонӣ таъмин намуд. Таҷрибаи мазкур ҳамчун намунаи беҳтарини ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони маблағгузор арзёбӣ гардида, метавонад дар дигар кишварҳо низ ҳамчун модели муассири ташкили раванди таълим дар шароити корҳои сохтмонӣ истифода бурда шавад.  

    63

    20.03.2026
  •  img
    ИШТИРОКИ ДАР ҶАЛАСАИ 6-УМИ ҲАМОҲАНГСОЗОНИ МИЛЛИИ PIRLS ДАР МАЛТА Аз 8 то 13 марти соли 2026 дар шаҳри Валеттаи Ҷумҳурии Малта Ҷаласаи 6 Ҳамоҳангсозони миллии арзёбии байналмилалии PIRLS баргузор гардида истодааст. Дар кори рӯзи аввали ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Маркази миллии арзёбии PIRLS дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Иштироки ҳайати кишвар дар чунин чорабинии байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти омодагӣ ба арзёбии PIRLS - 2026, мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои касбӣ бо кишварҳои иштироккунанда аҳаммияти муҳим дорад. Дар оғози ҷаласа намояндагони Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Малта меҳмононро ба кишвари худ самимона хушомадед гуфта, ба кори ҷаласа барору комёбӣ таманно карданд. Сипас, директори Маркази байналмилалии таҳқиқотҳои назди Коллеҷи Бостон оид ба ҳадаф ва мақсади вохӯрии навбатӣ, инчунин барномаи кории он барои тамоми ҳафта суханронӣ намуд. Дар суханронии худ ӯ аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои иштироккунандаро барои таъмини сифати баланди арзёбӣ ва шаффофияти натиҷаҳо таъкид кард. Дар рафти кори рӯзи аввали ҷаласа масъалаҳое, ки қаблан дар ҷаласаи моҳи августи ҳамоҳангсозони миллӣ дар шаҳри Варшава баррасӣ гардида буданд, дубора мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷавобҳои намунавӣ ва қобили қабул ба саволҳои марбут ба се матни асосии арзёбӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои иштироккунанда як ба як таҳлил ва баррасӣ карда шуданд. Ҳадафи асосии ҷаласаи мазкур баррасӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаи амал барои татбиқи арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мебошад. Дар ин замина масъалаҳои ниҳоӣ гардонидани интихоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфҳои чорум ва хонандагоне, ки дар арзёбӣ иштирок менамоянд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамзамон, иштирокчиён тарзи баҳогузорӣ ба ҷавобҳои саволҳое, ки дар асоси матнҳои пешниҳодшуда таҳия шудаанд, таҳлил ва муҳокима намуданд. Қисмати муҳимми ҷаласа инчунин ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва баррасии махзани маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ва пурсишномаҳои хонандагон, падару модарон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони синфҳои чорум бахшида шуд. Дар баробари ин, паҳлуҳои техникии амалигардонии арзёбии PIRLS, аз ҷумла, тартиби идоракунии маълумот, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таъмини сифату шаффофияти раванди арзёбӣ низ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

    51

    08.03.2026