
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 26 июн аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди як неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Шуғнон, муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Роштқалъа санги асос гузошта шуда, 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаи Неругоҳи офтобии Рож, ки дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохта мешавад, муарифӣ гардид. Иншооти энергетикӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро барои истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика вазифадор намуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 оғоз бахшиданд. Муассисаи таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаҳои Даштак ва Ҷангали ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад. Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна иборат буда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бо иштироки Роҳбари давлат 3 кӯдакистон дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи томактабии №2 дар деҳаи Бодом ва Муассисаи томактабии №3 дар деҳаи Риҷезд мавриди истифода қарор гирифт. Ҳарду муассисаи таълимии томактабӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои 60 таълимгиранда пешбинӣ шудааст. Инчунин дар деҳаи Даршайи деҳоти Вахони ноҳияи Ишкошим муассисаи томактабӣ барои 35 кудак ба истифода дода шуд. Имкон пайдо шуд, ки наврасони ин деҳаи дурдаст дар шароити ҷавобгу ба талабот ба таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳоло сохтмони бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 150 нафар дар деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим идома дорад. Роҳбари давлат фарогирӣ бо таълими томактабиро заминаи асосӣ барои ташаккули донишҳои наврасон ва оянда ба камол расидани ҷавонони донишманду хештаншинос муҳим арзёбӣ намуданд.
43
26.06.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
25.06.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
The Republic of Tajikistan has received financing from the Islamic Development Bank to finance the “Joint IsDB/ISFD-GPE-OFID Project for Support to Implementation of the National Education Development Strategy of the Republic of Tajikistan (Phase-II)” Бештар -
23.06.2025
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ Бештар -
20.06.2025
Информация о результатах торгов
Описание контракта: Закупка и поставка учебной мебели, информационно-коммуникационного оборудования, лабораторно-демонстрационного инвентаря и административной мебели для школы №24 Нурабаского района и школы №56 Фархорского района Хатлонской области, Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор