ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ОМӮЗГОРИ ФАННИ МАТЕМАТИКАИ ГИМНАЗИЯИ №2 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР – ҒОЛИБИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛ-2026” ГАРДИД Рӯзҳои 6-9 июни соли 2026 ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020, №265 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе” ва иҷрои фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ Шарифзода Шариф-омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур, Қурбонзода Наврӯз-омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино, Мирзоев Абдуазиз-омӯзгори фанни информатикаи МТМУ №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Исмоилова Сайёҳат-омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ фаъолона иштирок намуданд. Тибқи тартиб 6-9 июни соли 2026 довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯйи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, кор бо компютер ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳузури ҳакамон фаъолона рақобат намуданд. Вобаста ба ин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудан ва таъмини шаффофияти баргузории озмун бо иштироки ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” ҷиҳати муайян намудани донишҳои амалию назариявии тибқи талаботи Низомнома ва пешниҳоди саволҳои якхела дар вақтҳои муайяншуда ба довталабон пешниҳод гардид. Баъди посухҳои довталабон ва баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Омӯзгори сол-2026” ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон муайян гардид, ки Шарифзода Шариф-омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи якум, Қурбонзода Наврӯз-омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино сазовори ҷойи дуюм, Исмоилова Сайёҳат-омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи 3 гардиданд. Боиси зикр аст, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол-2026” пешниҳод мегардад.10
10.06.2026
-
ХУШНУД ДУШАНБИЕВ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 7 июн дар ҷашнвораи китоб дар «Майдони Сурх»-и шаҳри Москва даври ниҳоии XV Озмуни байналмилалии хонандагон «Классикаи зинда» («Живая классика») баргузор гардид. Имсол дар ин озмун аз ҳамаи 89 минтақаи Федератсияи Россия ва намояндагон аз 65 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Дар даври ниҳоии озмун 12 хонандаи беҳтарин – 6 нафар аз Россия ва 6 нафар аз кишварҳои дигар (Тоҷикистон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон) буданд. Дар иҷрои довталабон матнҳо аз асарҳои нависандагон Юрий Яковлев, Борис Василев, Андрей Жвалевский, Михаил Зошенко ва Мария Ботева садо доданд. Хушнуд Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, порчаеро аз асари Михаил Зошенко «Таърихи беморӣ» («История болезни») бо маҳорати баланд қироат кард ва баҳои баланди ҳайати ҳакамонро соҳиб гардид. Роҳбари ӯ омӯзгори забон ва адабиёти рус Галина Юревна Бауэр қайд мекунад, ки ин муваффақият натиҷаи меҳнати зиёд, мақсаднокӣ, матонат ва муҳаббати самимӣ мебошад. Хушнуд сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва талош барои такмили маҳорати худро нишон дод. «Классикаи зинда» бузургтарин озмуни адабии русзабон дар Федератсяи Россия ва берун аз он ба шумор меравад, ки ҳадафаш баланд бардоштани шавқу рағбати кӯдакон ва наврасон ба мутолиа мебошад. Ҳар сол дар он зиёда аз 1 миллион хонандаи мактаб иштирок мекунанд. Ҳамаи марҳалаҳои 15-умин озмуни «Классикаи зинда» аз давраҳои интихобӣ оғоз гардида, аз сатҳи мактабӣ ва шаҳрӣ гузашта, бо баромади дурахшони иштирокчиёни даври ниҳоӣ анҷом ёфт. Дар байни онҳо беҳтарин қироаткунандагон аз Россия ва кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Хушнуд Душанбиев, ки аз миёни зиёда аз 400 иштирокчӣ аз кишварҳои гуногун пеш гузашт, беҳтарин аз беҳтаринҳо эътироф гардид. Бояд гуфт, ки озмуни мазкурро ҳунармандони театру кино ва нависандагон баҳогузорӣ намуданд ва дар он доираи васеи тамошобинон ҳузур доштанд. Интихоби матн ва пораҳо аз асарҳои адибон мустақилона аз ҷониби довталабон сурат гирифта, ҳар яке бо маҳорати баланд иҷро менамуданд. Шоистаи таъкид аст, ки фонди «Классикаи зинда» 15 сол боз фаъолият дорад. Дар ин муддат дар он зиёда аз 10 миллион хонанда аз минтақаҳои Федератсияи Россия ва 86 кишвари хориҷӣ иштирок кардаанд. Н. ОХУНЗОДА, «Омӯзгор»9
10.06.2026
-
БАРРАСИИ ЛОИҲАИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ ДАР МИЗИ МУДАВВАР 9 июни соли 2026 бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар мутахассисони соҳа иштирок намуда, масъалаҳои муҳимми марбут ба такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилоти умумиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид гардид, ки Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ ҳамчун ҳуҷҷати калидии танзимкунандаи соҳа, асоси муайянсозии мазмун ва сохтори таҳсилот, заминаи ягонаи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, низоми арзёбӣ ва фаъолияти касбии омӯзгорон мебошад. Қайд карда шуд, ки бо дарназардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи бознигарӣ ва мутобиқсозии стандарт ба талаботи ҷомеаи муосир ба миён гузошта шуда, лоиҳаи нави он бо дарназардошти тағйироти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, талаботи бозори меҳнат ва тамоюлҳои ҷаҳонии таҳсилот таҳия гардидааст. Иштирокдорон зикр намуданд, ки дар лоиҳаи пешниҳодшуда ба масъалаҳои рушди тафаккури интиқодӣ, малакаҳои ҳалли масъала, қобилияти муошират ва ҳамкорӣ, инчунин омодагӣ ба зиндагии мустақил таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ҳамзамон, дар он ҳифз ва тақвияти арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху мероси фарҳангии тоҷикон ҳамчун унсурҳои муҳимми сиёсати давлатии маориф таъмин гардидааст. Дар ҷараёни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки яке аз вижагиҳои асосии лоиҳа гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим мебошад, ки дар он диққати асосӣ ба истифодаи амалии дониш ва рушди салоҳиятҳои ҳаётӣ равона мегардад. Ҳамчунин, иштирокдорон масъалаҳои вобаста ба таъмини робитаи мантиқӣ байни ҳадафҳои таҳсилот, натиҷаҳои интизории омӯзиш, барномаҳои таълимӣ, раванди таълим, арзёбӣ ва омодасозии омӯзгоронро баррасӣ намуда, ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳуҷҷат пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд. Таъкид шуд, ки татбиқи самараноки ислоҳоти пешниҳодгардида танҳо дар асоси ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои соҳавӣ, олимону мутахассисон ва шарикони рушд имконпазир буда, муҳокимаҳои озоду созанда дар ин раванд нақши муҳим доранд. Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои муҳокимаҳо барои такмили минбаъдаи лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ заминаи устувор фароҳам оварда, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди низоми маорифи миллӣ мусоидат хоҳанд кард. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон7
09.06.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
05.06.2026
Специальное уведомление о закупках (Повторное объявление тендера)
Специальное уведомление о закупках (Повторное объявление тендера) Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор