ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон 26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.51
26.11.2025
-
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон 26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин, ба хотири пазироии самимии меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари кишвари дӯст барномаи дилнишини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.48
26.11.2025
-
Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада ҳамкориро густариш медиҳанд Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада Созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Созишнома дар Гренада зимни мулоқоти муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин ва президенти Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада Мариос Лукас ба имзо расид. Санади имзошуда фарогири якчанд имконияти нав барои донишҷӯёни тоҷик буда, роҳҳои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбиро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфуз боз менамояд. Тибқи мувофиқаи тарафайн, донишҷӯёни тоҷик аз тахфифҳои махсуси таҳсил, имкони гузаронидани коромӯзӣ ва резидентура, инчунин қабули бевосита ба зинаи бакалаврият бе расмиёти иловагӣ бархурдор мегарданд. Донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар се давлат- Гренада, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳанд. Ин имконият барои роҳ кушодани барномаҳои байналмилалӣ ва афзоиши дастрасии донишҷӯён ба таҳсилоти босифат мусоидат мекунад. Дар доираи ин созишнома Донишгоҳи Сент-Ҷорҷ бояд барои ҷавонони тоҷик теъдоди ҷойи қабулро зиёд кунад. Илова бар ин, донишҷӯён имкони дарёфти раводид бо маблағгузории донишгоҳ, ҳамчунин суғуртаи тиббии ройгон хоҳанд дошт. Дар ҷараёни музокирот таъкид шуд, ки васеъ шудани чунин имконият барои ҷавонони тоҷик дар рушди кадрҳои баландихтисоси байналмилалӣ саҳми муҳим мегузорад.47
25.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор