ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
АМАЛИШАВИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ: САҲМИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ҲИФЗИ ТАБИАТ Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои кабудизоркунӣ ва татбиқи Нақшаи амали солҳои 2025–2027-и Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз минтақаи вобаста боздид намуд. Зимни боздид таъкид гардид, ки Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 тасдиқ гардида, Вазорати маориф ва илм дар доираи татбиқи он дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ корҳои амалиро оид ба шинонидани ниҳолҳои гуногун ба роҳ мондааст. Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом бо мақсади сабзгардонии муҳити зист, коҳиши газҳои гулхонаӣ, таъмини рушди иқтисодиёти «сабз» ва таҳкими амнияти экологӣ амалӣ гардида, ҳамчун саҳми муассисаҳои соҳа дар ҳифзи табиат арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон, тибқи тавсияи мутахассисон дар минтақа корҳои мониторинги ниҳолҳои хушкшуда, барқарорсозии онҳо ва инчунин шинонидани ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ идома дошта, барои афзоиши фазои сабз тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Муовини вазир зимни суҳбат бо масъулон ба зарурати таъмини сифатнокии корҳои агротехникӣ, нигоҳубини мунтазами ниҳолҳо ва ҷалби бештари донишҷӯён ба чунин ташаббусҳои экологӣ таъкид намуд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ чунин иқдомҳои созандаро идома дода, ҷиҳати иҷрои босамари барномаи мазкур, ҳифзи табиат ва беҳбуди муҳити зист чораҳои заруриро мунтазам ба роҳ хоҳад монд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон19
18.02.2026
-
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ – ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН 18 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Артур ван Дизен баргузор гардид. Дар вохӯрӣ таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи барномаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба натиҷаҳои ҳамкориҳои амалкунанда, аз ҷумла, дар самти низоми таҳсилот, рақамикунонии соҳа, рушди таҳсилоти фарогир, такмили барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба таҳияи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти инфрасохтори таълимӣ, густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири таълим дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ муҳокима гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони рушд, бахусус ЮНИСЕФ, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ дар самти рушди устувори соҳаи маориф нақши муҳим доранд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз дошт, ки рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, ҳамкориҳои пурсамар бо ЮНИСЕФ ва дигар шарикони рушд ба татбиқи ислоҳоти фарогири соҳа, рақамикунонии низоми таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири педагогӣ такони ҷиддӣ мебахшанд. Зикр шуд, ки вазорат омода аст дар заминаи шарикии стратегӣ ҳамоҳангсозии наздик, банақшагирии муштарак ва татбиқи самараноки барномаҳои ҷорӣ ва ояндаро идома дода, ҷиҳати таъмини таҳсилоти босифат, фарогир ва мутобиқ ба талаботи замон қадамҳои устувор гузорад. Дар навбати худ, роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен аз сатҳи ҳамкориҳои созанда бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ЮНИСЕФ минбаъд низ ҳамчун шарики боэътимоди техникӣ ва зеҳнӣ дар татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф, рушди малакаҳои рақамӣ, таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол хоҳад гузошт. Ӯ ҳамчунин омодагии ниҳодро барои дастгирии ташаббусҳои миллӣ, аз ҷумла таҳияи заминаи муосири ҳуқуқии соҳа ва татбиқи барномаҳои навоварона, ки ба манфиати кӯдакон ва наврасон равона шудаанд, таъкид намуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон21
18.02.2026
-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ МАОРИФИ МАҲАЛЛӢ (LOCAL EDUCATION GROUP – LEG) 17 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (Local Education Group – LEG) бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, шарикони рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки нишасти имрӯза идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми таҳсилот, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муосири идоракунӣ мебошад. Вазири маориф ва илм дар сухани ифтитоҳии худ бо такя ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, сармоягузорӣ ба он сармоягузорӣ ба ояндаи миллат маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (Global Partnership for Education – GPE) ҳамкориҳои худро бо шарикони рушд дар заминаи принсипҳои ҳамоҳангсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳаммасъулиятӣ ба роҳ мондааст. Платформаи LEG имрӯз ба механизми муҳимми ҳамоҳангсозии сиёсати соҳавӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак табдил ёфтааст. Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаласа ба такмили идоракунии соҳа, рақамикунонии низоми маориф, таҳкими низоми арзёбӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, рушди фанҳои дақиқ (STEM) ва мутобиқсозии соҳа ба таъсири тағйирёбии иқлим равона гардидаанд. Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласа ҳамчунин намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Изабел Уриз ва муовини роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эри Двиведи суханронӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар самти такмили инфрасохтор, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба таҳсил изҳор доштанд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштарак бо шарикони рушд ба таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, баланд бардоштани иқтидори омӯзгорон ва такмили муҳтавои таҳсилот мусоидат менамояд. Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм А. Хоҷазода оид ба ҳамкориҳои шарикони рушд бо вазорат маълумот пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки ҳамоҳангсозии иқдомҳо ва истифодаи самараноки захираҳо омили муҳимми пешбурди ислоҳоти соҳавӣ мебошад. Сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода низоми миллии таҳлили аслияти матн ва платформаи электронии eilm.tj-ро муаррифӣ намуда, аҳаммияти онро дар таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ таъкид кард. Ҳамчунин, сардори шуъбаи низоми ахборотии маориф Н. Убайдуллозода механизми таъмини дастрасии ройгон ё арзон ба платформаҳои тасдиқшудаи LEG, аз ҷумла, marifat.tj ва низоми иттилоотии идоракунии маориф (EMIS)-ро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки рақамикунонии соҳа ва татбиқи низоми иттилоотӣ заминаи муҳимми идоракунии самаранок ва қабули қарорҳои асоснок мебошанд. Дар ҷаласа ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» муаррифӣ гардида, масъалаи таҳияи лоиҳаи «Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ва пешгирӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар соҳаи маориф» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар қисмати музокирот иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро пешниҳод намуда, зарурати идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва татбиқи пешниҳодҳои гурӯҳҳои кориро таъкид карданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа иброз гардид, ки натиҷаҳои баррасии имрӯза ба татбиқи самараноки сиёсати маорифпарваронаи давлат, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устувори низоми маорифи кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон80
17.02.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» Бештар -
18.02.2026
Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол»
Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» Бештар -
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор