ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Рушди муколамаи байни тамаддунҳо Дар ибтидои асри XXI инсоният бо маҷмуи таҳдидҳои нав, аз ҷумла, низоъҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои киберамниятӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Дар чунин шароит масъалаи таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб кардааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, ҳамкории судманд ва таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат Тоҷикистон муаллифи як қатор қатъномаҳои муҳимми Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҷумла, эълони Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва амсоли инҳо нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ тақвият бахшиданд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон танҳо ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳдуд набуда, балки ба рушди ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва ҳалли мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудааст. 25 июни соли 2026 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро қабул намуд. Ин қатънома бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби шумораи зиёди давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфт. Ҳуҷҷат аҳаммияти рушди фарҳанги сулҳ, муколамаи байни тамаддунҳо, пешгирии низоъҳо, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва иштироки фаъоли ҷавононро дар таъмини сулҳи пойдор таъкид менамояд. Қатънома, инчунин, ҳамаи давлатҳо, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро ба ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалӣ даъват менамояд. Қабули қатъномаи байналмилалӣ дар шароите сурат мегирад, ки шумораи низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон афзоиш ёфта, миллионҳо нафар маҷбур шудаанд, ки макони зисти худро тарк намоянд. Сатҳи нобоварии байни давлатҳо боло рафтааст. Дар чунин вазъият ташаббуси Тоҷикистон метавонад ба густариши дипломатияи пешгирикунанда, рушди муколама байни тамаддунҳо, таҳкими эътимоди байни халқҳо, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар сулҳофарӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди таҳсилоти сулҳпарварона, пешгирии ифротгароӣ ва хушунат мусоидат намояд. Ташаккули фарҳанги сулҳ бояд маҳз аз муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дар муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори рушди сулҳи пойдор мебошад. Ин ташаббус бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз давлатҳои фаъол ва эътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад. Бой НОДИРОВ, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ42
18.07.2026
-
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? «То 7-солагӣ бо кӯдак бозӣ намоед, аз 7 то 14-солагӣ ӯро омӯзонед ва аз 14 то 21-солагӣ дӯсташ бошед». Ин андеша ба яке аз мавзуъҳои пурбаҳс табдил ёфтааст. Ҳазорон нафар онро мубодила мекунанд, баъзеҳо онро кашфиёти нави психологияи муосир меҳисобанд. Ҳатто чунин иддао низ садо медиҳад, ки гӯё психологҳои Донишгоҳи Ҳарвард танҳо дар солҳои охир ба хулосае расидаанд, ки ҳанӯз беш аз чордаҳ аср пеш маълум будааст. Аммо саволи асосӣ ин аст: оё тарбияи кӯдакро метавон танҳо бо чунин қоида сода шарҳ дод? Оё рушди кӯдак воқеан, ба се марҳалаи ҳафтсола тақсим мешавад? Ва муҳимтар аз ҳама, омӯзгорон ва падару модарон аз ин назария чӣ метавонанд биомӯзанд? Посух ба ин саволҳо таҳлили амиқи илмӣ, педагогӣ ва психологиро талаб мекунад. Илми муосир собит намудааст, ки рушди кӯдак раванди бисёрҷанба буда, ба омилҳои ирсӣ, муҳити оилавӣ, сифати таълим, муносибати омӯзгор, фарҳанги ҷомеа ва ҳатто вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар гуна қоида бояд бо эҳтиёт арзёбӣ карда шавад. Бо вуҷуди ин, агар ба моҳияти андешаи «бозӣ – омӯзиш – дӯстӣ» назар андозем, мебинем, ки он бо бисёр назарияҳои маъруфи педагогика ва психология ҳамоҳангии ҷолиб дорад. Маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ сабаб шудааст, ки ин андеша то имрӯз аҳаммияти худро гум накардааст. Имрӯз, ки низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи муносибати босалоҳият, рушди тафаккури интиқодӣ, ташаккули малакаҳои ҳаётӣ ва тарбияи шахсияти созанда равона гардидааст, масъалаи дуруст дарк намудани хусусиятҳои синнусолии кӯдак беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти амалӣ касб мекунад. Омӯзгоре, ки хусусиятҳои психологӣ ва имконоти рушди ҳар давраи синнусолиро намедонад, ҳатто бо дониши баланди фаннӣ низ наметавонад ба натиҷаҳои устувори таълимию тарбиявӣ ноил гардад. Ҳамзамон, то имрӯз ягон пажуҳиши расмии Донишгоҳи Ҳарвард мавҷуд нест, ки айнан ҳамин қоидаи «се марҳилаи ҳафтсола»-ро ҳамчун модели универсалии рушди кӯдак тасдиқ карда бошад. Вале ин маънои онро надорад, ки худи ғоя арзиш надорад. Дар илми педагогика ва психология ақидае вуҷуд дорад, ки тарзи муносибат бо кӯдак бояд мутобиқи синну соли ӯ тағйир ёбад. Гарчанде қоидаи маъруфи «То 7-солагӣ бо кӯдак бозӣ намоед, аз 7 то 14-солагӣ ӯро омӯзонед ва аз 14 то 21-солагӣ дӯсташ бошед» ҳамчун қонуни илмӣ эътироф нашудааст, аммо муҳтавои он бо бисёр назарияҳои муосири рушди кӯдак ҳамоҳанг аст. То 7-солагӣ кӯдак ҷаҳонро, пеш аз ҳама, тавассути бозӣ мешиносад. Бозӣ танҳо воситаи фароғат нест, балки роҳи ташаккули нутқ, тафаккур, эҷодкорӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии падару модар ва мураббӣ дар ин марҳала муҳайё сохтани муҳити солим, бехатар ва пурмуҳаббат аст. Аз 7 то 14-солагӣ кӯдак ба омӯзиши ҳадафманд ва азхудкунии мунтазами дониш омода мегардад. Дар ин давра эҳсоси масъулият, интизом, меҳнатдӯстӣ ва малакаҳои омӯзишӣ ташаккул меёбанд. Нақши омӯзгор маҳз дар ҳамин марҳала бисёр муҳим аст. Ӯ бояд на танҳо дониш омӯзонад, балки шавқи омӯзиш, тафаккури мустақил ва эҳсоси масъулиятро низ дар хонанда парвариш намояд. Аз 14-солагӣ боло наврас тадриҷан мустақилияти фикриро соҳиб мешавад. Дар ин синну сол муносибати фармондеҳона самаранокии худро аз даст медиҳад. Муколама, эҳтироми андешаи наврас ва эътимод ба ӯ бештар натиҷа медиҳанд. Ин маънои онро надорад, ки назорат пурра аз байн равад, балки усули тарбия бояд аз фармон додан ба роҳнамоӣ ва ҳамкорӣ гузарад. Педагоги маъруф Василий Сухомлинский таъкид мекард, ки тарбия муносибати инсонии омӯзгор бо кӯдак аст. Ба ҳамин монанд, Абуалӣ ибни Сино низ муҳити солими ахлоқӣ ва намунаи шахсии калонсолонро омили муҳимми камолоти кӯдак медонист. Қоидаи «бозӣ – омӯзиш – дӯстӣ» шояд қоидаи қатъии илмӣ набошад, аммо як ҳақиқати муҳимми педагогиро инъикос мекунад: тарбия бояд бо синну сол ва эҳтиёҷоти рушди кӯдак ҳамқадам бошад. Вақте ки падару модар ва омӯзгор хусусиятҳои ҳар марҳалаи рушдро ба назар мегиранд, барои ташаккули шахсияти донишманд, масъулиятшинос ва худогоҳ заминаи устувор фароҳам меояд. Юнус ҲАСАНЗОДА, сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва психологияи таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон38
18.07.2026
-
Истироҳат, омӯзиш ва рушди қобилиятҳо Фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи соҳавӣ ба роҳ монда мешавад. Давлат барои таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҳамаҷониба заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Дар ташкили фаъолияти истироҳатгоҳҳо нақши муассис, роҳбарият, кормандони педагогӣ ва дигар мутахассисон муҳим мебошад. Вазифаҳои асосии роҳбарияти истироҳатгоҳҳо аз инҳо иборатанд: - таъмини бехатарии кӯдакон; - ташкили ғизои босифат; - таҳияи барномаҳои тарбиявӣ; - интихоб ва омодасозии кадрҳо; - назорати ҳолати санитарӣ; - ташкили фаъолияти фарҳангӣ ва варзишӣ. Яке аз масъалаҳои муҳимми ташкили истироҳатгоҳҳо, таъмини дастрасии баробар ба истироҳати босифат мебошад. Ба ин раванд, кӯдакони ятим, бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, инчунин, хонандагони фаъол ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо бештар фаро гирифта мешаванд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методиро амалӣ намуда, барои таҳияи барномаҳои таълимию тарбиявӣ, омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани сифати фаъолияти истироҳатгоҳҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Таътили тобистона на танҳо фурсати истироҳат аз раванди таълим, балки имконияти муҳим барои барқарор намудани неруи ҷисмонӣ ва равонӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ, ташаккули малакаҳои иҷтимоӣ ва ғанӣ гардонидани таҷрибаи зиндагии кӯдакону наврасон мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳатгоҳҳои тобистона ҳамчун яке аз шаклҳои муҳимми таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуда, барои ташкили муҳити солими таълимию тарбиявӣ ва фароғатӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар ин муассисаҳо хонандагон дар баробари истироҳат ба чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ, экологӣ ва эҷодӣ ҷалб гардида, имконият пайдо мекунанд, ки истеъдод ва қобилиятҳои худро рушд диҳанд, муносибатҳои нави иҷтимоиро аз худ намоянд ва фарҳанги ҳамкориро тақвият бахшанд. Яке аз хусусиятҳои муҳимми муҳити истироҳатгоҳӣ, ташкили фазои мусоиди иҷтимоӣ мебошад. Дар як гурӯҳ ҷамъ омадани кӯдакон аз минтақаҳо муҳити иҷтимоӣ ва оилаҳои гуногун барои ташаккули малакаҳои муошират, ҳамкорӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар чунин муҳит кӯдак таҷрибаи нави иҷтимоӣ андӯхта, муносибатҳои байниҳамдигариро дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ба роҳ мемонад. Самти муҳими дигари фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистона, солимгардонии кӯдакону наврасон мебошад. Дар давоми соли таҳсил хонандагон зери таъсири сарбории ҷисмонӣ ва равонӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки таътили тобистона барои барқарор намудани неруи ҷисмонӣ, равонӣ ва таҳкими саломатӣ мусоидат мекунад. Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, ки одатан дар минтақаҳои дорои иқлими мусоид, ҳавои тоза ва муҳити табиии солим ҷойгир шудаанд, барои амалӣ намудани барномаҳои солимгардонӣ имкониятҳои васеъ доранд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ, бозиҳои серҳаракат, мусобиқаҳои варзишӣ, сайругашт ва саёҳатҳои экологӣ вазъи ҷисмонию равонии хонандагонро беҳтар месозанд. Дар ҷумҳурӣ як қатор истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаъолият доранд: Аз ҷумла, истироҳатгоҳҳои «Шарора», «Зимчуруд», «Ҳамсафар», «Файзи истиқлол». Дар вилояти Суғд истироҳатгоҳҳои «Гагарин», дар шаҳри Исфара «Парасту», дар шаҳри Конибодом «Бародархон», дар ноҳияи Ашт, Маркази солимгардонии Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ғайра фаъолият менамоянд. Дар вилояти Хатлон низ истироҳатгоҳҳои «Шарора» ва «Офтобак» дар истироҳати тобистонаи хонандагон саҳм мегузоранд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дарназардошти хусусиятҳои табиии минтақа истироҳатгоҳҳои «Сағирдашт», «Зинг» ва «Саодат» барои истироҳат ва солимгардонии кӯдакон шароити мусоид доранд. Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ташкили истироҳатгоҳҳои солимгардонии наздимуассисавии тобистона ташкил карда мешаванд. Ин нишон медиҳад, ки истироҳатгоҳҳои назди муассисаҳои таълимӣ ҳамчун шакли дастрас ва самараноки ташкили истироҳати кӯдакон аҳаммияти калон пайдо намудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре ки дар боло қайд кардем, истироҳатгоҳҳо асосан ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд: истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии солимгардонӣ ва истироҳатгоҳҳои солимгардонии наздимуассисавӣ. Ҳар ду навъи истироҳатгоҳҳо ҳадафи умумӣ доранд-таъмини истироҳати ҳифзи саломатӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва ташаккули малакаҳои иҷтимоии хонандагон. Бо вуҷуди ин, онҳо аз рӯйи ҷойгиршавӣ, муҳити фаъолият, давомнокии бастҳо ва муҳтавои барномаҳои тарбиявӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ шакли маъмули ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон мебошанд. Онҳо одатан дар минтақаҳои дорои иқлими мусоид ва ҳавои тоза ҷойгир гардида, барои истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи хонандагон мусоидат менамоянд. М. ДАВЛАТЗОДА, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ33
17.07.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
16.07.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
16.07.2026
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ Бештар -
14.07.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор