
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва Маркази варзишии сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Иншоот дар деҳоти Чуқурак, Таги Ҷар ва Дараи Мухтор сохта шуда, раванди таҳсили илму маърифат ва ҷалби наврасону ҷавононро ба машқу тамрин беҳтар месозад. Муассисаҳои таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд карда шуданд. Биноҳои таълимӣ бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ ҷиҳозонида шуда, дар он заминаи мусоиди ба таҳсил фаро гирифтани 2100 хонанда фароҳам оварда шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 баъди навсозии куллӣ дар шаҳраки Мунк бо тарҳу услуби муосир аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Сафаров сохта шудааст. Иншоот дорои 34 синфхона буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 воқеъ дар деҳаи Таги ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт 10 синфхона, хонаи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон дорад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки иншоот дар асоси дархост ва хоҳиши ҷавондухтари илмдӯст Гулнигори Карим сохта шудааст. Гулнигори Карим, соли 2020 зимни суҳбат бо Сарвари давлат аз вазъи ногувори бинои қаблии муассиса маълумот дода буд. Аз ин рӯ Роҳбари давлат барои дар муҳлати муайян сохта ба истифода додани иншооти нави соҳа ба масъулин дастуру супоришҳо дода буданд ва имрӯз хушбахтона ин мушкил бартараф гардид. Тибқи таҳлилҳо, шумораи хонандагон ҳамасола дар ноҳия зиёд мешавад. Аз ин рӯ, масъулон барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд. Бунёд ва мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Чуқураки деҳоти Ҷонбахт дар идомаи ҳамин иқдому тадбирҳо амалӣ гардидааст. Муассиса бо саҳми соҳибкори маҳалӣ Абдулло Ҳасанов бо шароити замонавӣ сохта шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 51 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва 1 литсей- интернат бо фарогирии 13 ҳазору 464 хонанда фаъолият дорад. Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар биноҳои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд. Муассисаҳои томактабӣ, ки бо иштироки Сарвари далат дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Мунк ва дар деҳоти Таги Ҷари деҳоти Ҷонбахт ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дорои шароити хуби таҳсил буда, бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Осинот бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷумахон Қосимов дар доираи тадбирҳои ободонӣ бунёд гардида, барои ба таҳсил фаро гирифтани 200 дӯструяк пешбинӣ шудааст. Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи фароғату таълим мувофиқ ба завқи кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и Шараф дар деҳаи Таги Ҷар бо фарогирии 50 кӯдак ба истифода дода шуд. Муассиса бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кӯдакон замина мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро намунаи ибрат гуфта, масъулонро ба таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ роҳнамоӣ карданд. Дигар иншоот - Маркази варзишии сайёҳӣ дар деҳаи Дараи Мухтор, ки аз ҷониби Роҳбари давлат фосилавӣ кушода шуд, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузорад. Иншоот ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Фазлиддин Кенҷаев бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият оғоз намудани он 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. Маҷмааи мазкур аз ду ошёна ва меҳмонхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард метавонад хизмат расонад. Бунёди иншооти варзишиву сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина мегузорад. Дар ҳамин рӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 6 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ карда шуд, ки дар маҷмӯъ барои ба таҳсил фаро гирифтани бештар аз 2600 нафар пешбинӣ шудаанд.
72
11.09.2025
-
Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат нахустин муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Балҷувон аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Таъсиси чунин муассиса дар ноҳияҳои дурдаст, ки аз лиҳози барномаҳои таълимӣ, кадрҳои соҳибтахассус, имтиёз ба хонандагон ва шароиту инфрасохтор бартарӣ дорад, бозгӯ аз зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доштани соҳаи маориф ва илм мебошад. Иншоот дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди зеҳну тафаккури хонандагон бо панҷ бинои мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст. Дар 32 синфхонаи муҷаҳҳаз имкон аст, ки 1520 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои замони муосир мусоидат мекунад. Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология ва физика бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад. Тавре таъкид гардид, ҳадафи давлату ҳукумат аз фароҳам овардани чунин шароит омода кардани кадрҳои дорои донишу малакаи баланд аст, ки оянда тавонанд дар идораи умури давлатӣ ва Ватани азиз саҳгузор шаванд. Зарурати истифодаи босамар аз ин дастгоҳу таҷҳизоти навтарин бо ташкилу баргузории дарсҳои амалӣ бештар таъкид гардид. Синфхонаҳои таълими меҳнат, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти боз як муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Балҷувон фосилавӣ оғоз бахшиданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия аз ҷониби соҳибкор Рустам Муъминов сохта шудааст. Бо мунтазам зиёд шудани шумораи хонандагон раванди таълим дар бинои қаблии дорои шаш синфхонаи садамавӣ мушкил шуда буд. Ҳамовозии шахсони ватандӯст бо сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат боис шуд, ки ин мушкили ҷиддии аҳолии деҳа бартараф гардад. Бинои нави муассиса бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ва бо тарҳи муосир сохта шудааст. Шумораи хонандагон дар маҷмуъ 370 нафарро ташкил медиҳад, вале бо дар назар доштани зиёдшавии аҳолӣ, 16 синфхонаи муҷаҳҳаз барои ба таҳсил фаро гирифтани 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва майдончаи варзишӣ имкони мусоид барои омӯзиши фанҳои гуногун ва ҳам машғул шудан бо тарбияи ҷисмонию варзиш фароҳам овардаанд. Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар ноҳияи Балҷувон бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин карда шуданд. Ин иқдом бозгӯ аз ғамхории Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва талошҳои пайваста барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
59
11.09.2025
-
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №45-И НОҲИЯИ ФАРХОР Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 дидан намуд. Муассисаи мазкур дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон бо маблағгузории мутамаркази Вазорати маориф ва илм барои 240 хонанда пешбинӣ гардида, ҳадаф аз бунёди он таъмини муҳити муносибу замонавии таълим барои насли наврас мебошад. Зимни боздид муовини вазир аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, таъкид намуд, ки рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, барои фароҳам овардани шароити муносибу муосири таълим дар тамоми гӯшаву канори кишвар тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
44
07.09.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
11.09.2025
Запрос на Выражение заинтересованности
Запрос на Выражение заинтересованности Бештар -
10.09.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
28.08.2025
Редактор-правщик ГУП
Редактор-правщик ГУП Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор