
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки стратегия сиёсати давлатии сармоягузориро дар Тоҷикистон барои давраи дарозмуддат муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузории кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ дар бар мегирад. Супориш дода шуд, ки вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигар амалигардонии стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои онро таъмин намоянд. Сипас, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025 муҳокима шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки роҳбарони сохторҳои давлатӣ пешниҳоди лоиҳаи қарорҳоро аз рӯйи масъалаҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Баъди баррасии масъалаи мазкур қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар кори маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ва “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Вобаста ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 гуфта шуд, ки лоиҳаи он барои таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст. Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2026, баррасӣ гардид. Дар фароварди кори маҷлиси Ҳукумати кишвар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ, вусъати корҳои ободонӣ, кишти мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсили солҳои 2025-2026 ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.
36
30.06.2025
-
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 30 июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳори маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Иброз гардид, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат анҷом ёфта истодааст. Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ Ҷ. Маҷидзода доир ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» ва тасдиқи «Барномаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифати томактабӣ дар саросари кишвар мунтазам корҳо анҷом ёфта, сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаҳои нави томактабӣ, баланд бардоштани малакаи касбии мураббиён ва ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ исботи гуфтаҳои болост. Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои болозикр, бахусус дар мавриди таҳсилоти томактабӣ, таъкид намуд, ки ин зинаи таҳсилот на танҳо ҳамчун пояи асосии ташаккули шахсияти кӯдак, балки ҳамчун заминаи муҳимми омодасозии насли наврас ба таҳсилоти минбаъда, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон хизмат мекунад. Мавсуф зикр кард, ки маҳз дар ҳамин давра хусусиятҳои ахлоқӣ, одобу рафтор, ҷаҳонбинӣ ва муносибати кӯдак ба муҳити атроф ташаккул меёбанд. Дар фарҷом, вазир бо таъкид ба аҳамияти хос доштани таҳсилоти томактабӣ дар тарбия ва рушди насли нав, ба масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, иҷрои сифатнок ва саривақтии барномаҳои қабулгардида, ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, такмили малакаи мутахассисон ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа ва шарикони рушд таъкид гардид. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
42
30.06.2025
-
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 30-юми июни соли ҷорӣ дар Донишкада ҷаласаи ҳайати шурои олимон таҳти раёсати ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз «Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда» баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҳайати шурои олимон ректори Донишкада, муовинони ректор, директорони филиалҳо, сардорони раёсату шуъба ва шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҳисоботи ректори Донишкада «Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда» шунида шуд. Ректори Донишкада аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуда, фаъолияти Донишкада ва филиалҳоро дар самти таҳияи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ, локалӣ, таъминоти кадрӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таълимӣ, илмӣ, методӣ, мониторинг, иқтисод, хоҷагӣ, зимистонгузаронӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷҷетӣ, иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои давраи то соли 2030, таҳияи санадҳои нав дар самти бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникӣ, рушди ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва кишварҳои хориҷ дар самти такмили ихтисос, ҷалби шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар гузориш махсус қайд гардид, ки агар дар нимсолаи якуми соли 2024 дар Донишкада ва филиалҳо 12497 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф дар низоми 5 солаи такмили ихтисос аз курсу семинарҳо гузашта бошанд, ин нишондиҳанда дар нимсолаи якуми соли 2025 дар низоми се сола 21216 нафарро ташкил дод. Ҳамзамон, 39 барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои махсус тасдиқ гардида, айни ҳол 22 барномаҳои таълимии шаклҳои нав ва тибқи талаботҳои байналмилалӣ мавриди коркард қарор доранд. Инчунин, дар ҷаласа оид ба татбиқшавии Стратегияи рушди Донишкада барои давраи то соли 2030, амалишавии соли 2025 эълон гардидани "Соли муҳити психологӣ дар ҷараёни таҳсилот", аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандону омӯзгорони Донишкада аз ҷониби муассисаҳои хориҷи кишвар, ҳамкориҳо бо Донишгоҳи Норвичи Британия Кабир, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия, Мактаби зеҳнии Назарбоев Ҷумҳурии Қазоқистон, таъсиси 5 озмоишгоҳи намунавӣ барои фанҳои физика, химия ва биология дар Донишкада ва филиалҳо, сохтмони бинои нави филиали Донишкада дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар иқдомҳо баррасӣ гардиданд. Дар идома фаъолияти ҳар як филиали Донишкада мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандону омӯзгорони Донишкада форуми байналмилалӣ, конфросу семинарҳо, трененгу мастеркласҳо, вебинар ва ҳамоишу хонишҳои кафедравии зиёде гузаронида шуда, корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар низоми такмили ихтисос, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад. Сипас, дар қисмати музокира омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф, аълочии маориф ва илм ва аълочии фарҳанг Имомназар Холназаров, директори филиали Донишкада дар шаҳри Бохтар Шарифзода Муҳаммадҷон баромад намуда, маърузаи ректори Донишкадаро вобаста ба фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Ҷаласаро ректори Донишкада ҷамъбаст намуда, дар охир бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати шурои олимон, фармоишҳои ректори Донишкада ва масъалагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷом рафти татбиқшавии Нақша чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар Донишкада баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
14
30.06.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
30.06.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор