
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Боздиди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ Рӯзи 2 июли соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода аз фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Шарора»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Зимчуруд»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ намуд. Зимни сафари корӣ муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода дар ҳузури мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои болозикр Кучарзода Ҳусния, Нуряминзода Саида ва директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Муяссара Давлатзода бо ҳайати кормандони омӯзгорӣ ва истироҳаткунандагон суҳбат ороста, аз ташкили раванди истироҳатгоҳ, ҷои хоб, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, таъминот бо маводи хӯрокворӣ аз наздик шинос шуданд. Мавриди қайд аст, ки дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Шарора» 190 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, ғолибони олимпиадаҳои фаннии даврҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, инчунин 30 нафар хонандагони мактаб-интернат ба истироҳат ҷалб карда шудаанд. Дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар басти дуюм 250 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла 30 нафар хонандагони мактаб-интернат ва дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» 450 нафар наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд. Зимни мулоқот муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ба ҳайати кормандони истироҳатгоҳҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати омодагӣ ба басти сеюм супоришҳои мушаххас дод.
45
02.07.2025
-
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА РАВШАН АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "ШАРОРА" Санаи 2 июли соли 2025, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо мақсади шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат ва барномаҳои таълимиву тарбиявии кӯдакон ва наврасон аз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард. Дар ҷараёни боздид, муовини вазир бо роҳбарияти истироҳатгоҳ, тарбиятгирандагон ва роҳбарони гурӯҳҳо вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити будубоши кӯдакон, барномаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ шинос гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони 2025 ва татбиқи сиёсати давлатии наврасону ҷавонон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат таъкидҳои зарурӣ баён карда шуданд. Каримзода Равшан ташаббусҳои роҳбарият ва кормандони истироҳатгоҳро ҷиҳати фароҳам овардани муҳити солим ва фаъол барои истироҳати кӯдакон мусбат арзёбӣ намуда, пешниҳоди ҷорӣ намудани унсурҳои таълими экологӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳиро дар барномаҳои истироҳатӣ муҳим шуморид. Дар анҷоми боздид, роҳбарияти истироҳатгоҳ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон минбаъд низ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.
41
02.07.2025
-
Фаъолияти раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2025 2 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи раёсати маориф ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳаи фаъолияти раёсат бо иштироки муовини раиси шаҳр Мирзозода Баҳриддин, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Асомиддинзода Шарофиддин, сардори раёсати маориф Назруллозода Зиёратшо, инчунин кормандони раёсат, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳо баргузор гардид. Суханронии асосиро сардори раёсат Назруллозода Зиёратшо бо пешниҳоди ҳисоботи муфассали фаъолияти шашмоҳа ироа намуд. Сипас намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби кӯдакон ба таҳсили томактабӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ изҳори назар кард. Мирзозода Баҳриддин, муовини раиси шаҳр низ оид ба масъалаҳои зикршуда андешаронӣ карда, ба масъулини соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар анҷом як қатор омӯзгорон, директорон ва кормандони фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
38
02.07.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
30.06.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор