ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДБЗХТ БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 6 майи соли 2026 маросими тақсимот ва сафарбарнамоии донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар он сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори Донишгоҳ Ж. Гулназарзода, сардори шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазорат, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат ва 25 намоянда аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат доштанд. Дар оғоз иттилоъ дода шуд, дар соли таҳсили 2025-2026 ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера 735 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 67 нафар зиёд мебошад. Аз он 316 нафар хатмкунадагони равияи омӯзгории шуъбаи рӯзона (нисбат ба соли гузашта 74 нафар зиёд мебошад). Ҳамчунин 419 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгории шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (нисбат ба соли гузашта 7 нафар кам мебошад) ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд 42 нафар мебошанд. Ректор донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи касби пуршарафи омӯзгорӣ, имконот ба омӯзгорони ҷавон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва дастгириву иқдомоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф ва илм сухан гуфта, инчунин, донишҷӯён, ки омӯзгорони оянда ҳастанд, ба масъулиянокиву дақиқкорӣ дар ин ҷодаи пурифтихору масъулиятпазир ҳидоят кард. Дар идома, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм хатмкардагони донишгоҳро ҷавонони саодатманду хуштолеъ номида, иброз дошт, ҷавонон бояд ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ба донишандӯзиву забономӯзӣ машғул шуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардоранд. Инчунин таъкид гардид, ки дар оянда хатмкардагони донишгоҳ бо дониши воло ва забондонӣ ҳамчун омӯзгорони муваффақ дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони миллат саҳми назаррас гузошта, онҳоро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят менамоянд.36
06.05.2026
-
БАРРАСИИ РАВАНДИ ОМОДАСОЗИИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ НАСЛИ НАВ ВА ТАТБИҚИ ТАЪЛИМИ STEM Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо роҳбари лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Айҷан Кидиралиева ва намояндаи ЮНЕСКО Нурбек Тилешалиев баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин дигар шахсони масъули вазорат ва лоиҳа иштирок намуданд. Ҳадафи асосии вохӯрии мазкур баррасии масъалаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар рушди таълими фанҳои дақиқ (STEM) дар Тоҷикистон ва дастгирии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб мерафт. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ташкилоти ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо, ки маблағгузори лоиҳаи мазкур мебошад, мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи махсус ба вазъият ва сатҳи омодашавии китобҳои дарсии насли нав равона карда шуд.24
06.05.2026
-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 6 майи соли ҷорӣ ҷаласаи онлайнии ситод оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардид. Дар ҷаласа сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарону мутахассисони сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм, инчунин масъулини муассисаҳои таълимӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар тамоми зинаҳои низоми маориф равона гардида, имрӯз ҳамчун заминаи асосии пешрафти ҷомеа хизмат мекунад. Татбиқи пайгиронаи сиёсати мазкур бояд вазифаи ҷонӣ ва пурмасъули ҳар як корманди соҳаи маориф ба ҳисоб равад. Сипас, дар ҷараёни ҷаласа сармутахассиси раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илм Ш. Дӯстмуродов оид ба тартиби пардохти музди меҳнат, риояи талаботи муқарраргардидаи соҳа ва таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои молиявӣ баромад намуд. Ҳамчунин, директори Маркази таълмию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода оид ба раванди аттестатсияи хонандагон, омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсил ва таъмини шаффофияти баргузории аттестатсия баромад намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои ташкиливу методӣ ба масъулин тавсияҳои мушаххас пешниҳод кард. Дар идома, директори Маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм М. Давлатзода вобаста ба омодагӣ ба фаъолияти истироҳатгоҳҳои тобистона, фарогирии хонандагон ба истироҳату солимгардонӣ ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» суханронӣ намуда, оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои мазкур ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ ибрози назар намуд. Дар ҷараёни муҳокима муовини вазири маориф ва илм ба маърузачиён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда саволу пешниҳодҳо ироа намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таҳкими назорат аз раванди таълим, баланд бардоштани масъулиятшиносии роҳбарон ва таъмини иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои қатъии дастуру супоришҳои роҳбарияти соҳа, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таҳкими ҳамоҳангӣ миёни сохторҳои соҳаи маориф дар иҷрои вазифаҳо бояд дар меҳвари фаъолияти минбаъдаи ҳамаи масъулин қарор дошта бошад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон12
06.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
06.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
21.04.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор