ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТОҶИК Субҳи имрӯз, 11-уми ноябри соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода аз рафти баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик дидан карда, бо ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва волидон суҳбат намуд. Вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни озмун муваффақият таманно намуда, таъкид дошт, ки барои дар сатҳи хуб баргузор намудани озмун шароити мусоид муҳайё буда, иштирокчиёни озмун метавонанд, дар фазои осоиштаю шаффоф мувофиқи донишу маҳораташон сабқат намоянд. Ҳамчунин, барои шаффоф баргузор гардидани озмун барои омӯзгорон ва волидони иштирокдор рафти озмун тариқи мустақим дар толори алоҳида нишон дода шуда, онҳо метавонанд, бевосита шоҳиди маҳорату донишсанҷии шогирд ва фарзанди худ гарданд. Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо ҳайати ҳакамон иброз намуд, ки дар рафти озмун шаффофият дар мадди аввал гузошта шуда, ба иштирокчиёни озмун дар доираи низомнома ва адабиёти пешниҳодшуда саволу ҷавоб карда шавад. Ҳамчунин, дар рафти суҳбат гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмуни сарнавиштсоз буда, дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани он қарзи виҷдонӣ ва шаҳрвандӣ дар баробари сарпарасти озмун, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
66
11.11.2024
-
ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР Имрӯз, 11-уми ноябри соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ифтитоҳи номинатсияҳои эҷоди назм ва наср дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуд. Вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни озмун муваффақият таманно намуда, таъкид дошт, ки барои дар сатҳи хуб баргузор намудани озмун шароити мусоид муҳайё буда, иштирокчиёни озмун метавонанд, дар фазои осоиштаю шаффоф мувофиқи донишу маҳораташон сабқат намоянд.
82
11.11.2024
-
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСА Дар Муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе вохӯрии намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Сэҷонги Ҷумҳурии Корея дар ҳайати Шин Мёнгхе – директори генералии Раёсати маорифи шаҳри Сэҷонг, Ча Джунгчан – президенти Донишкадаи муштараки ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором, Ҷи Ҷаегеун – сармутахассиси Раёсати шаҳри Сэҷонг, Ҷо Сеонгҷин – мутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Сэҷонг, Сон Чеонҷае – мутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Сэҷонг ва Сон Ҷихун мутахассиси Донишкадаи муштараки ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором ва директори муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионии назди вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҷабзода Комрон бо роҳбарият ва хонандагони муассиса баргузор гардид. Меҳмонон нахуст аз намоишгоҳи омоданамудаи хонандагони муассиса, ки аз корҳои лабораторӣ аз фанни химия, физика, астрономия ва технологияҳои иттилоотӣ иборат буд, дидан намуданд. Дар ҳамин ҷо бо гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ суҳбат намуданд. Инчунин, тариқи барномаи Zoom бо собиқ хонандагони муассиса, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Корея таҳсилро идома медиҳанд, хамсуҳбат шуданд. Дар идома аз имкониятҳои синфхонаи омӯзиши технологияҳои иттилоотии муассиса дидан намуда, сипас дар толори конфронсии муассиса бо роҳбарият ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар самти ташкили курсҳои омӯзишӣ ва таъмин намудани муассиса бо технологияҳои нави иттилоотӣ ва татбиқи технология дар раванди таълим мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
34
08.11.2024
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
05.11.2024
ЭЪЛОН!!! Ба диққати масъулон ва довталабони даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"!
ЭЪЛОН!!! Бештар -
31.10.2024
Эълон вобаста ба баргузории гуфтушунид оид ба бастани шартномаи харидории таҷҳизоти озмоишӣ...
Эълон вобаста ба баргузории гуфтушунид оид ба бастани шартномаи харидории таҷҳизоти озмоишӣ... Бештар -
29.10.2024
Приглашение к участию в запросе ценовых предложений.
Приглашение к участию в запросе ценовых предложений. Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон