ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
АНДЕШАҲОИ ҒОЛИБИ ШОҲҶОИЗА ДАР НАМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН ХОЛИҚОВА ФАРИСА, ХОНАНДАИ СИНФИ 10-И МТМУ №50 НОҲИЯИ РӮДАКӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» Бо эҳсоси фараҳмандӣ ва сипоси бепоён мехоҳам чанд суханро ҳамчун ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» изҳор намоям. Пеш аз ҳама, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён мекунам, ки бо сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи худ барои боло бурдани сатҳу сифати маърифат, рушди илму адаб ва ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Ин ташаббуси донишпарваронаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз ҳазорҳо ҷавонон рӯ ба китоб, таҳсил, фикрронӣ ва худташаккулёбӣ ниҳодаанд. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ман на танҳо як сабқати илмиву фарҳангӣ, балки мактаби бузурги зиндагӣ гардид. Ман аз рӯзҳои аввал бо ишқу муҳаббат ва масъулияти баланд барои иштирок омодагӣ дидам. Ҳар китобе, ки хондем, ба ман ҷаҳонбинии нав бахшид. Ҳар саҳифае, ки варақ задам, маро ба олами сухан, андеша ва фарҳанги башарӣ наздиктар намуд. Шоҳҷоиза ба даст овардан, ин фахр, аммо ҳамзамон масъулияти бузург низ мебошад. Ман мефаҳмам, ки ин муваффақият маро вазифадор мекунад, то минбаъд бештар бихонам, биомӯзам ва барои баланд бардоштани нуфузи дониш, фарҳанг ва китобхонӣ дар миёни ҳамсолонам саъю талош намоям. Миннатдории самимии худро ба волидонам, ки ҳамеша пуштибонам буданд, ба омӯзгорони муҳтарам, ки бо меҳрубонӣ ва заҳмати беандоза роҳнамоӣ карданд, ва ба раҳбарияти МТМУ №50, ки барои рушди истеъдодҳои мо шароити мусоид фароҳам оварданд, мерасонам. Ҳамчунин аз раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамеша ҷавононро дар чунин озмунҳо ҳавасманд месозанд, изҳори сипос менамоям. Ман бовар дорам, ки китоб нур, дониш тавон, фарҳанг ҳувият, ва китобхонӣ роҳи ягонаи расидан ба камолот аст. Ҳар ҷавони тоҷик, ҳар хонандаи мактаб бояд аз ин сарчашмаи бебаҳо баҳра гирад. Дар анҷом, ба Пешвои миллат бори дигар изҳори эҳтиром ва сипос менамоям, ки бо сиёсати давлатӣ ва ғамхории хосаи худ моро ба роҳи илму маърифат ҳидоят мекунанд. Бо эҳтиром, Холиқова Фариса, ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»23
05.12.2025
-
АНУШЕРВОН РАҲИМОВ: ШОҲҶОИЗА БАРОЯМ НЕРУИ ТОЗА БАХШИД, ТО КИ БЕШТАР БИОМӮЗАМ Анушервон Раҳимов-донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Данғара буда, ғолиби Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷики Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. – Дар оғоз дар хусуси иштирок дар озмун ва роҳнамоии устодону аҳли оила чанд сухан мегуфтед. – Ман дар оилае ба воя расидам, ки китоб ҳамеша қисми муҳимми зиндагиамон мебошад. Волидонам аз хурдӣ маро ба мутолиа ташвиқ намуда, ҳамеша китобҳои ҷолиб меоварданд ва барои ҳар саҳифае, ки мехондам, таҳсин мекарданд. Дастгирии устодони донишгоҳ низ нақши калидӣ дошт. Онҳо маро роҳнамоӣ мекарданд, ки кадом асарҳоро мутолиа кунам, мазмуну муҳтавои асарҳоро дарк созам ва барои иштирок дар озмун чӣ тавр омодагӣ бинам. Ҳамин муҳити пур аз меҳру дастгирӣ маро ба дунёи китоб ва саҳнаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ворид кард. – Шавқу рағбати омӯзиши адабиёти классик дар шумо чӣ гуна пайдо шуд? – Аз кӯдакӣ дар дилам меҳру муҳаббат ба адабиёти классикии тоҷик вуҷуд дошт. Вақте аввалин бор ашъори Рӯдакӣ ё байтҳои ҳикматбори Саъдии Шерозиро хондам, дунёи нав бароям кушода шуд. Ҳар саҳифа, ҳар байт ва ҳар достон барои ман дарси ҳаёт, ахлоқ ва роҳе буд барои муваффақият. Осори адибони классикон маро бештар ба фикр кардан водор мекарданд. Ҳикмати оламгири Ҳаким Фирдавсӣ, латофати сухани Ҷомӣ, инсондӯстию фалсафаи Саъдӣ – ин ҳама маро ба он водор кард, ки на танҳо мутолиа кунам, балки ҳар андешаашонро барои зиндагии худ истифода барам. Аз ҳамин хотир, ҳар қадар мутолиа намоям, ҳамон андоза хоҳишам пайдо мешавад, ки бештар бифаҳмам, умқи маъниҳоро дарёбам. – Осори кадом адибон ба шумо бештар таъсир гузоштааст? – Аз миёни адибони классик ба ашъори устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ ва Камоли Хуҷандӣ бештар майл дорам. Осори ин бузургони сухан куллан фарқ доранд ва хонданиву ҷаззобанд. Махсусан, Ҳаким Фирдавсӣ дарси ҷасорат, ватандӯстӣ ва инсонгароиро ба мо меомӯзад. Осори Саъдии Шерозӣ бошад, бо ҳикматҳои рӯзгор, ахлоқи инсонӣ ва инсондӯстӣ ҳамеша роҳнамои мост. Мавлоно Ҷомӣ бо ишқу маърифат ва меҳру нафосати суханаш касро ба олами маънӣ ворид месозад. То имрӯз садҳо ғазал, рубоӣ, байт ва достонҳоро аз ин адибон аз бар кардам. Маҳз ҳамин таъсири амиқ буд, ки муҳаббати ман ба адабиёти классик бо гузашти солҳо бештар мешаванд. – Барои дастрасӣ ба осори классикӣ ба мушкилие рӯ ба рӯ мешудед? – Бештари осорро аз китобхонаҳои донишгоҳ, китобхонаи ноҳия, инчунин, аз китобхонаи шахсии хеш дастарам намуда, мутолиа мекардам. Албатта, солҳои аввал дастрасӣ ба баъзе китобҳо каме мушкил буд, зеро на дар ҳама китобхонаҳо номгӯи китобҳои дар низмомнома буда мавҷуд аст. Баъзе китобҳо танҳо дар нашрҳои куҳна вуҷуд доранд ва пайдо кардани онҳо вақти зиёдро талаб мекунад. Бо гузашти вақт вазъият беҳтар шуд. Ҳоло китобхонаҳои электронӣ, нашрияҳои нав ва ҳатто мағозаҳои китобфурӯшӣ ба хонандагон имкони васеъ фароҳам оварданд. Дар бисёр ҳолат осореро, ки қаблан меҷӯстам, имрӯз дар шакли электронӣ зуд пайдо мекунам. Ҳар бор китобе меёфтам, ки муддати дароз ҷустуҷӯяшро мекардам, худро мисли шахсе эҳсос мекардам, ки ганҷинаи амволашро боз ёфта бошад. Дар ин роҳ дастгирии устодон ва дӯстдорони китоб низ бебаҳост. Онҳо китобҳое, ки ба ман лозим буд, ҷуста меёфтанд ва маслиҳат медоданд, ки аз кадом нусхаҳо бештар истифода барам, кадоме аслӣ ва пурра мебошад. Ҳамин тавр, ҳар китобе, ки ба даст меомад, барои ман танҳо як матн набуд – роҳе буд ба сӯйи ҷаҳонбинии бузургону гузаштагон. – Баъди ғолиби Шоҳҷоиза гардидан чӣ эҳсос доштед? – Вақте номи маро ҳамчун ғолиби Шоҳҷоиза эълон карданд, ҳис кардам, ки ҳамаи заҳматҳо ва кӯшишҳои панҷсолаи ман натиҷа доданд. Аввал, эҳсоси сипос ба оила, устодон ва ҳамаи онҳое, ки маро дастгирӣ карданд, дар дилам садо дод. Баъдан, эҳсоси масъулият: ман водор ҳастам, ки дониш ва муҳаббати худро ба китоб бештар биафзоям ва ба ин ҷоиза шоиста муносибат кунам. Ин ғалаба барои ман танҳо мукофот нест, рамзи он аст, ки ҳар кас агар бо меҳр, саъю талош ва сабр ба сӯйи мақсадаш равад, ҳатман ба он мерасад. Шоҳҷоиза ба ман қуввату неруи нав дод, ки бо ҷиддияти бештар ба таҳқиқ ва омӯзиши адабиёти классик машғул шавам ва дар ин ҷода қадамҳои устувортар гузорам. – Нақши озмунро дар рушди фарҳанги китобхонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? – Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” танҳо як рақобати зеҳнӣ нест, балки як мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва муҳаббат ба китоб аст. Ин озмун садҳо наврасу ҷавонро водор месозад, ки ба китоб рӯ оваранд, мутолиа кунанд, фикр кунанд ва ҷаҳонбинии худро густариш диҳанд. Озмуни мазкур муҳитеро фароҳам сохт, ки дар он китобу маърифату сухан қимат пайдо кард. Барои ман ин озмун боз як чизи дигарро низ эҳдо бахшид: дӯстони нав, ҳамфикрон ва шахсоне, ки ба китоб муҳаббат доранд. Мо бо ҳам таҷриба мубодила мекунем, китоб тавсия медиҳем, баҳсу гуфтугӯ мекунем ва ҳамин гуна дунёи фикриамон боз ҳам васеътар мешавад. Ин озмун фарҳанги китобхониро густариш бахшид, диққати наврасону ҷавононро ба арзишҳои маънавӣ равона намуд ва мушаххас кард, ки китоб калиди муваффақият дар зиндагист. Сумая ЮСУПОВА, «Омӯзгор»24
05.12.2025
-
ТАБАССУМИ ҶИЁНХОН: ШОҲҶОИЗА ЗИНДАГИЯМРО ТАҒЙИР ДОД ВА МАСЪУЛИЯТАМРО БЕШТАР НАМУД Табассуми Ҷиёнхон – хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод буда, соли 2025 ғолиби Шоҳҷоиза аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид. Ӯ соли равон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи аз забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи 3-юм гардидааст. Дар муассисаи болозикр маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Хони адаб” амал мекунанд, ки Табассум роҳбари ин маҳфилҳо мебошад. Инчунин, узви маҳфили “Ватанпарвар”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. – Ангезиши омӯзиши осори кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар шумо аз куҷо пайдо гардид ва барои иштирок чанд сол заҳмат кашида, чӣ қадар асарҳоро мутолиа кардед? – Ба омӯзиши осори кӯдакону наврасон ва адабиёти шифоҳӣ дар ниҳоди ман муҳити хонавода ва мактаб таъсир расониданд. Аз овони кӯдакӣ ба хондан шавқ дорам, зеро дар оилаи мо китобро дӯсти наздик дониста, падару модарам ҳамеша моро ба омӯзиш ҳидоят мекунанд. Омӯзгорони мактаб ҳам маро ба мутолиаи осор ҷалб мекарданд, оҳиста-оҳиста дарк кардам, ки адабиёти кӯдакон на танҳо воситаи омӯзиш, балки роҳ барои дарёфти донишҳои нав мебошад. Барои иштирок дар ин озмун бештар аз 5 сол пайваста ба омӯзиш машғул гардида, дар ин муддат зиёда аз 500 асару матолиби бадеии кӯдакона ва осори шифоҳиро мутолиа намудам. Адабиёти кӯдакона яке аз муҳимтарин василаҳои ташаккули маърифати шахс аст. Ҳамин осор заминаи аввалини муҳаббат ба китоб, ахлоқи нек ва худшиносиро дар инсон мегузоранд. Инчунин, адабиёти кӯдакона дорои забони сода буда, ба хонанда муҳаббат ба китоб ва илму донишро бештар намуда, некӣ, ростӣ, меҳрубонӣ ва меҳнатдӯстиро талқин менамояд. Дар асарҳои кӯдакон самимият, меҳру муҳаббати модариву ватандорӣ ва зебоиҳои зиндагӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳар қаҳрамон ва ҳар образи офаридаи адибон бароям дарси ҳаётӣ ва як манбаи илҳом мебошанд. – Ҳангоми хондани асарҳои кӯдакона ба кадом паҳлуҳои онҳо эътибор медиҳед (мазмун, ҷараёни воқеаҳо ва образҳои офаридаи адибон) ва чаро? – Ҳангоми мутолиаи асарҳои кӯдакона, пеш аз ҳама, ба мазмуну муҳтаво, ҷараёни воқеаҳо ва тарзи баёни образҳо таваҷҷуҳ мекунам. Зеро ҳамин паҳлуҳо завқи хонандаро бедор месозанд ва муҳтавои аслии асарро равшан мекунанд. Агар мазмун равшан ва омӯхташаванда бошад, хонанда аз он дарс мегирад. Вақте қаҳрамон дурандеш, меҳнатдӯст ва поквиҷдон аст, кӯдак мехоҳад ба ӯ пайравӣ кунад. Аз хондани осори бадеӣ илҳоми маънавӣ мегирам. Вақте ки китоб мехонам, худро дар ҷаҳони дигар эҳсос мекунам. Мутолиа ба ман имкон медиҳад, ки ҳамеша ҷӯяндаву меҳрубон буда, ҷаҳонбиниамро васеъ намоям. Ҳар саҳифа барои ман як қадам ба дунёи илму ирфон ва фарҳангу омӯзиш аст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар вақтҳои холигӣ ба эҷод низ машғул мешавам. Ҳикояҳо менависам ва ҳангоми эҷоди онҳо ба мазмун ва ҷараёни воқеаҳо бештар таваҷҷуҳ мекунам. Ҳикояҳои эҷодкардаам пайваста дар нашрияи кӯдакону наврасон “Пайрав” ба нашр мерасанд. – Ҳамчун роҳбари маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (дар муассиса) нақши озмуни мазкурро ба тақвияти омӯзиши осори бадеӣ ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеаи имрӯза чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед? – Мушоҳида кардам, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷомеаи моро бештар ба китобхонӣ, андешидану таҳлил кардан раҳнамун сохт. Кӯдакону наврасон дарк карданд, ки мутолиа танҳо вазифа нест, балки равшанкунандаи роҳи имрӯзу фардо мебошад. Дар маҷмуъ, ин озмун ба баланд шудани фарҳанги мутолиа ва худшиносии миллӣ дар ҷомеаи мо ҳиссаи назаррас гузошт. Озмуни мазкур роҳест ба сӯйи донишу худшиносӣ ва сарбаландӣ. – Натиҷаи заҳмати шумо буд, ки соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гардидед. Ҳангоми ба даст гирифтани он чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифт? – Ҳангоми ба даст гирифтани Шоҳҷоиза лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар зиндагиям буд. Ин ҷоиза натиҷаи заҳматҳову талошҳои бепоёнам аст, ки бо роҳнамоиву дастгириҳои падару модар ва омӯзгорам Шаҳноза Дониёрова ба даст омадааст. Мақсад дорам маблағи Шоҳҷоизаро барои таҳсил ва харидории китобҳо сарф намоям. Чунки дониш беҳтарин сармоя аст. Ғайр аз ин, барои такмили малакаи касбӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода хоҳам кард. – Дар оянда чӣ нақша доред ва дар кадом соҳа мехоҳед таҳсил намуда, соҳибкасб гардед? – Мехоҳам таҳсилро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ идома диҳам ва як дипломати асил гардида, ба миллат ва Ватани хеш хидмат намоям. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор муаррифӣ намуда, дар пешрафти бештари мамлакатамон саҳмгузор бошам. – Ташаккур барои суҳбати самимӣ! – Саломат бошед! Мусоҳиб Ирода ТИЛАБОВА, “Омӯзгор”22
05.12.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор