ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баргузор гардид. Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Конференсияро муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, таъкид кард, ки таваҷҷуҳ, ҳифз ва сармоягузорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таҳкими сармояи инсонӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки ба рушди инсон, бахусус кӯдакон, афзалият медиҳанд. Дар ин замина сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушду камолоти кӯдакон равона гардидааст. Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар суханронии худ иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба зеҳн, маърифат, саломатӣ, фарҳанг ва амнияти онҳо мебошад. Дар идомаи суханронии худ вазири маориф ва илм ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таваҷҷуҳ намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар самти таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон заминаҳои ҳуқуқиро такмил дода, як қатор барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, таъмини муҳити бехатари таълимӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии муҳити рақамӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд. Дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ масъалаи амнияти иттилоотии кӯдакон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир арзёбӣ гардида, зарурати ташаккули саводнокии рақамӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва рушди малакаҳои муосири хонандагон таъкид шуд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои вобаста ба дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, тақвияти инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии омӯзгорон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, дар самти рушди таҳсилоти фарогир, рақамикунонии соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд. Дар фароварди сухан вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба ояндаи миллат буда, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар самти таъмини таҳсилоти босифат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Дар ҷараёни муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид карданд, ки ҳифзи манфиатҳои беҳтарини ҳар як кӯдак ҳамоно яке аз самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Конференсияи мазкур ҳамчун майдони муҳими мубодилаи афкор дар самти таҳкими сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва рушди соҳаи маориф арзёбӣ гардида, иштирокчиён омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон7
29.05.2026
-
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он, нахуст, дар бораи лоиҳаи Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд. Таъкид гардид, ки Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 бо мақсади коҳиш додани гирифторшавӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал, мукаммалсозии ёрии махсуси эндокринологӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳама намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ таҳия шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои пешгирии самарабахш аз бемории қанд дар баробари чораҳои анъанавӣ, ҳамчунин рӯ овардан ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла аз тариқи машғулшавӣ ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва сайру гашт дар боғҳои фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои кишвар, басо муҳим аст. Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва қабули он фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, рушди устувори саноати дорусозӣ дар асоси технологияҳои муосир, зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ бо дору ва молҳои тиббии ватанӣ, ба роҳ мондани парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахш, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳа мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои бумисозии истеҳсоли доруворӣ дар дохили кишвар ва дастгирии соҳибкорони тавлидгари ин маҳсулот аз имконоти мавҷуда васеъ истифода бояд кард. Дар идомаи маҷлис Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, дар бораи лоиҳаи Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориш дод. Зикр гардид, ки ҳадаф аз қабули ин лоиҳа таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои зуроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин, беҳтар намудани шароити нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти марбутаро дар ин самти кор ғайриқаноатбахш номида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд. Сипас барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 баррасӣ ва қабул шуд. Зимнан таъкид гардид, ки раванди рақамикунонӣ дар ин соҳа тезонда шавад. Дар кори Маҷлис, ҳамчунин вазъи истеҳсоли семент ва масъалаҳои вобаста ба таъмини бозори кишвар бо ин маҳсулот мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки семент имрӯз яке аз маҳсулоти муҳими рушди инфрасохтор, саноат ва сохтмон ба ҳисоб рафта, таъмини устувори бозори дохилӣ бо он аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Зикр карда шуд, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар иқтидорҳои истеҳсолии соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли семент аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст. Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат ба вазъи кунунии бозори семент, аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Гуфта шуд, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол, дар фаъолияти як қатор сохторҳои соҳавӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи иқтидорҳо, танзими бозор ва назорати фаъолияти шабакаҳои фурӯш камбудиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои таъмир боздошта шуда, инчунин, фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад. Баъд аз баррасии масъала ба мақомоти масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо ва ташкили низоми доимии мониторинги бозорро таъмин намояд. Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо мақомоти марбута дастур дода шуд, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор диҳанд. Ҳамчунин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология, Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста ба таъмини устувори бозор, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани логистика, таъмини неруи барқ ва риояи меъёрҳои экологӣ супоришҳои дахлдор дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазорату идораҳои масъул бояд барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва таъмини рушди устувори соҳаи сохтмон чораҳои амалӣ андешанд. Ба роҳбарони Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дастур дода шуд, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фуруши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд. Дар робита ба вазъи бозори дохилӣ ба роҳбарони ширкатҳои истеҳсолкунандаи семент барои ба низом даровардани корҳои таъмириву истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд. Масъулини соҳа супориш гирифтанд, ки вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, дар муддати як ҳафта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд. Таъкид гардид, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ болобарии нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири даромади муфт ба миён оварда мешавад, ҷиддан пешгирӣ карда шавад. Дар фароварди маҷлис ба Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо дода шуд. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад.48
28.05.2026
-
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ» Санаи 29 майи соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои кишвар дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар шароити тантанавӣ гузаронида шуд. Маврид ба ёдоварист, ки Озмуни мазкур бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Моҳвораи ҷавонон» аз 25 - апрели соли 2026 то 23 - майи соли 2026 гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории он ин баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа бахусус ҷавонон ба масъалаи муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад. Зимнан, дар чорабинӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Султонзода С.С., роҳбарият ва шахсони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, инчунин масъулин ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид оғоз шуда, мавсуф ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия»-ро барои иштироки фаъолона табрик гуфтанд. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)» аз рӯӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, инчунин ҷойҳои ифтихорӣ бо «Диплом», «Сипоснома», ҷоиза, мукофотпулӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ - фароғатии пешкаши тамошобинон карда шуд. Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланд ва шароити тантанавӣ баргузор гардида, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба масъалаи муқовимат бар зидди ин падида таъсири мусбат хоҳад расонид.27
29.05.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор