
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ДУРАХШИ АХТАРОН ДАР ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» Дар шаҳри Хоруғ рӯзи нахустини Ҳафтаи «Бозёфт» бо ҷалби хонандагон ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо оғоз гардид. Чорабинӣ шумораи зиёди иштирокдоронро ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Хоруғ ҷалб намуд. Бо мақсади шиносоӣ бо раванди баргузории ҳафтаи мазкур, ҳайати намояндагон аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуда, оид ба ҳадафҳо ва вазифаҳои он суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки машғулиятҳо бо усулҳои муосири интерактивӣ ба роҳ монда шуда, барои ҳамаи хонандагон комилан ройгон пешниҳод мегарданд. Ҳафтаи «Бозёфт» имконият фароҳам меорад, то хонандагони лаёқатманд самтҳои қобилият ва завқи худро муайян намуда, дар оянда барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо омода гарданд.
8
15.09.2025
-
«БОЗЁФТ» -И БӮСТОН Имрӯз дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Бӯстон маросими ифтитоҳии Ҳафтаи «Бозёфт» барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони шуъбаи маориф ширкат намуда, оид ба аҳаммият ва ҳадафҳои чорабинӣ суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки ин иқдом барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, рушди истеъдодҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва такмили дониш равона шудааст. Ҳафтаи «Бозёфт» бо машғулиятҳои интерактивӣ баргузор гардида, имконият фароҳам меорад, ки хонандагон қобилият ва завқи худро муайян намуда, дар оянда барои иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳо омодагӣ гиранд. Ин иқдом ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби истеъдодҳои нав дар шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва рушди хонандагони лаёқатманд роҳандозӣ мешавад. Шаҳри Бӯстон аз натиҷаи ин ҳафта бозёфтҳои навро интизор аст!
6
15.09.2025
-
Рӯзи "Дарҳои кушод" дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон Бо мақсади афзоиши малака, омӯзиши техника ва методҳои нав, шинос кардани волидайн ва кӯдакон бо имкониятҳои фарогирии таҳсилоти иловагӣ, рушди қобилият ва истеъдодҳои хонандагон санаи 12.09.2025 дар саҳни шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон "Рӯзи дарҳои кушод" гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур Олимов Абдувосит - мудири шуъбаи" Таҳлил ва иттилоот"-и Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, Манноновна Мавҷуда - мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон ва Сатторова Бизиёда - директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон иштирок намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ директори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон қайд намуданд, ки дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон маҳфилҳои зерин фаъолият мебаранд: 1. маҳфили "Забони англисӣ" 2. маҳфил "Забони русӣ" 3. маҳфили "Забони хитойӣ" 4. маҳфили "Маърифати ҳуқуқӣ" 5. маҳфили "Математика" 6. маҳфили "Технологияи иттилоотӣ" 7. маҳфили "Буррандагӣ - дӯзандагӣ" 8. маҳфили "Юрмадӯзӣ" 9. маҳфили "Рузғордорӣ" 10. маҳфили "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст" 11. маҳфили "Бофандагӣ" Таъкид гардид,ки ҳамаи машғулиятҳо дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Барномаи рангини фарҳангӣ,ки аз ҷониби аъзои маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Бӯстон омода гардида буд, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати идона бахшид.
25
13.09.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
15.09.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
11.09.2025
Запрос на Выражение заинтересованности
Запрос на Выражение заинтересованности Бештар -
28.08.2025
Редактор-правщик ГУП
Редактор-правщик ГУП Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор