ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МАРКАЗИ ИЛМ ВА ФАРҲАНГИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 5 майи соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Патрушев баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таълимӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество), ки аз соли 2011 фаъолият дорад, ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангиву илмии ду кишвар табдил ёфтааст. Фаъолияти марказ тавассути «Русский дом» дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин шабакаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо, бахусус дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон, сол ба сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, барномаи квотаҳои таҳсилотӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳамасола садҳо довталаби тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи Федератсияи Россия ба таври ройгон таҳсил намоянд. Ҳамчунин, ба аҳаммияти ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон, аз ҷумла барномаи «Здравствуй, Россия!» ишора карда шуд. Дар идомаи мулоқот вазири маориф ва илм ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини идомаи бемонеаи таҳсили донишҷӯён, тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду кишвар муҳим мебошад. Дар ин замина, масъалаҳои вобаста ба будубош ва фаъолияти таҳсилии донишҷӯён, инчунин пешгирии ҳолатҳои номатлубе, ки метавонанд ба идомаи таҳсили онҳо таъсир расонанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазири маориф ва илм пешниҳод намуд, ки ҷиҳати такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шавад. Ҳамчунин, бо мақсади баррасии саривақтии масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, пешниҳод гардид, ки механизми ҳамоҳангсозии муштараки миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар роҳандозӣ карда шавад. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор дошта, таъкид намуданд, ки чунин ҳамкориҳо барои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон43
05.05.2026
-
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 4 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи миссияи корӣ оид ба арзёбии рафти амалигардонии лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва лоиҳаи мазкур иштирок намуданд. Вохӯриро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни вазорат ва Бонки Умумиҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Зикр шуд, ки лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» яке аз лоиҳаҳои калидии соҳаи маориф ва илм ба шумор рафта, барои татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 заминаи устувор фароҳам меорад. Дар доираи татбиқи лоиҳа як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрӣ оид ба мониторинг ва арзёбии сифати таълим, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин роҳнамоҳо ва методикаҳои дахлдор таҳия ва ба тасвиб расонида шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи тартиби нави арзёбии сифати таҳсилот барои кормандони сохторҳои марбута ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 120 нафар тренерон омода гардида, зиёда аз 3500 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳа ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки доираи лоиҳа 2 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 9 муассисаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Таъкид карда шуд, ки соли 2025 озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS бо иштироки хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, айни замон марҳилаи асосии он аз 14 апрел то 6 майи соли 2026 дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳия идома дорад. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба таври муфассал масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ, баланд бардоштани сифати банақшагирӣ ва лоиҳакашии иншооти таълимӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири байналмилалӣ, инчунин суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти умумиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, ба масъалаи таъмин ва васеъ намудани дастрасии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, тақвияти инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорону хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокдорон инчунин оид ба такмили механизмҳои мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, густариши таҷрибаҳои пилотӣ, истифодаи усулҳои муосири идоракунии лоиҳаҳо, тақвияти иқтидори кадрӣ ва идоракунӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда, татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи маориф таъкид намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва илм, татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки чунин ҳамкориҳо дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дар кишвар нақши калидӣ мебозанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон46
04.05.2026
-
Ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амният, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният, Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, масоили вобаста ба бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, идомаи бомароми сохтмони биною иншооти зарурӣ дар сарҳадот, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амну субот дар ҷомеа баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши роҳбарони масъулро доир ба ин ва дигар масоили ҳалталаб шунида, барои бартараф намудани мушкилу камбудиҳои мавҷуда дар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.36
04.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
21.04.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор