ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ-МАЪРИФАТӢ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" Имрӯз бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия ва ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи С. Улуғзода Жило Гулназарзода, ҳайати маъмурият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар толори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" тамошои дастҷамъонаи филми мустанади "Марди роҳ" баргузор гардид. Боиси қайд аст, ки барои сафарбар намудани иштирокчиён ба макони чорабинӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як адад нақлиёти мусофиркаши "Автобус"-и дуошёна ҷудо карда шуд. Зимни вохӯрӣ муовини якуми директори "Тоҷикфилм" оид ба корҳои эҷодӣ Ғайбуллозода Толиб иштирокчиёнро бо таърихи студия, аҳли эҷоди он шинос намуда, ба ҳамаи иштирокчиён комёбиву пирӯзиҳо таманно намуданд. Сипас муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз хусуси саҳми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди Истиқлолият ва зиндагии пурсаодати халқи Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Пас аз он ба иштирокчиён филми мустанади "Марди роҳ" ба намоиш гузошта шуд, ки писанди ҳамагон гардид.36
15.11.2025
-
ҲАМОИШ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз, 14 ноябри соли 2025 дар Донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо роҳбарии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода таҳти унвони «Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва субот» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедра, бахш ва кормандону омӯзгорон иштирок намуданд. Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо осмони софу беғубор, меҳру муҳаббат, пирӯзиву муваффақият ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу амонӣ таманно намуд. Дар баромад зикр гардид, ки бузургтарину мондагортарин хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки он асосу дарунмояи рушду пешрафти кишварро таъмин намуд. Дар маҷмуъ, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба амал омаданд. Тоҷикистон соҳиби нишону парчам, асъори миллӣ гардида, артиши неруманди худро ташкил намуд. Яке аз фазилатҳои инсондӯстонаю волои Пешвои миллат ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон маҳсуб меёбад, ки маҳз бо иқдомҳои ватанпарвонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ҳазорон мактаб-интернатҳо вусъати тоза гирифт. Хидмати дигари барҷастаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани равобиту ҳамкориҳои дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки обрӯву нуфузи кишварро дар миқёси байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Баъдан аз ҷониби мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Донишкада н.и.с Ҷумахонова Манучеҳра, омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф Имомназар Холназаров ва корманди Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ Ташрипов Лутфулло доир ба самтҳои дигари ҳамоиш маърӯзаҳо ироа гардид. Дар маърузаҳои худ иброз доштанд, ки бо мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ, рушди ҳамаи соҳаҳо, махсусан мактабу маориф ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардид, ки ҳамаи он аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Дар фарҷом бори дигар Наврӯз Мирзозода таъкид намуд, ки моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон барои ҳар як корманди Донишкада азиз ва муқаддас буда, фаъолияти рӯзмаъраи худро дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд.27
14.11.2025
-
БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “ФУРУҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” 14 ноябри соли 2025 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Дилрабо Мансурӣ ҳамроҳи вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз ҷараёни баргузории рӯзи якуми даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Зимни боздид муовини Сарвазири кишвар ва вазири маориф ва илм аз рафти иҷрои вазифаҳо дар ҳамаи номинатсияҳои озмун, аз ҷумла “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “Адабиёти классикии тоҷик” ва “Адабиёти ҷаҳон” дидан намуданд. Масъулони комиссия, доварон ва иштирокчиён дар бораи сатҳи омодагӣ, ҷараёни пешниҳоди мавод ва муҳити озмунӣ маълумоти муфассал ироа карданд. Дилрабо Мансурӣ дар суҳбат бо довталабон ба ташаббус ва талошҳои китобхонӣ, заҳмати омӯзгорон ва дастгирии волидон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки ин озмун яке аз ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти боло бурдани фарҳанги мутолиа ва боло бурдани завқи китобхонии насли ҷавон мебошад. Иброз шуд, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни хонандагону донишҷӯён ба китоб ва афзоиши шумораи иштирокчиён дарак аз он медиҳад, ки озмун ба ташаккули тафаккури созанда ва пурзӯр гардидани шавқи мутолиа дар ҷомеа мусоидат намудааст. Баъди шиносоӣ бо ҷараёни озмун, Дилрабо Мансурӣ вобаста ба дар сатҳи баланд баргузор шудани озмун, шаффофият ва риояи талаботи Низомнома дастурҳои мушаххас дод.25
14.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор