ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Идомаи ҳамкориҳо бо Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир Имрӯз, 27 октябри соли 2025 вохурии ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз бо менеҷери лоиҳаи "Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ" хонум Ҷамила Гулямова, директори Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвич Том Кедлӣ, намояндаи лоиҳа дар Тоҷикистон Алишер Ҷабборов, мушовири байналмилалии лоиҳа Лиза, намояндаи Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвич Эмма Чейна Робинсон ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омода намудани 20 нафар омӯзгорони фанни забони англисии Донишкада ва филиалҳо аз ҷониби омӯзгорони Донишкадаи Норвич дар асоси барномаҳои нави таълимии 50 соата (бо назардошти методикаи пешрафтаи ҷаҳон) ҳамчун тренер омода карда мешаванд. Барномаҳои нави таълимӣ муштаракан аз ҷониби мутахассисони Донишкадаи Норвич ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо назардошти компонентҳои миллӣ таҳия карда мешаванд. Дар навбати худ аз ҷониби ин 20 нафар тренерони омодагардида, зиёда аз 1500 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2026 ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ ва баргузории омӯзишу тренингҳо ва конференсияҳо дар якҷоягӣ ба тариқи ҳузуриву онлайнӣ ҳамкориҳоро идома медиҳанд. Вохӯрӣ дар шакли онлайн баргузор гардида, он дар доираи харитаи роҳ, ки моҳи феврали соли 2025 аз ҷониби Наврӯз Мирзозода ва Том Кедлӣ, ки дар Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир ба имзо расида буд, ба роҳ монда шудааст.9
27.10.2025
-
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҳадафи наздик сохтани масофаи мактаб ба аҳолӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷойи нишаст ва ба кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон, аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони деҳаи Пушинг сохта шудааст, ки дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд. Маврид ба таъкиди хос аст, ки то замони бунёди муассисаи нави таълимӣ қисми зиёди хонандагон 3-4 километр роҳро тай намуда, дар дигар мактаб таҳсил мекарданд. Соҳибкорону шахсони ватандӯсти деҳаи Пушинг барои иҷрои саривақтии супоришҳои Сарвари давлат дар самти бунёди мактабҳои замонавӣ ва таъмини шароити беҳтари таҳсил дар онҳо аз моҳи январи соли 2025 барои бунёди мактаби замонавӣ иқдом гирифтанд. Ҳамин тавр мактаб дар муҳлати 9 моҳ бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ сохта шуда, барои омӯзгорони ҷавон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинг ҷалб шудаанд, шароити хуби кору зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Муассисаи тозабунёд ба истиқболи 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосиру сифати баланд сохта шуда, аз 27 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 200 курсӣ, толори варзишӣ барои гузаронидани бозиҳои валейболу баскетбол, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва майдони футболи хурд мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муассисаи навбунёд ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, иқдоми навбатии соҳибкорони ноҳияи Данғараро намунаи олии саҳмгузорӣ дар рушди илму маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа номиданд. То соли 2018 дар ин ҷо, мактаби куҳнаи якошёна мавҷуд буд ва дар 12 синфхонаи он 700 хонанда дар ду баст таҳсил мекарданд. Норасоии ҷойи нишаст ва қисман то 3 километр дур будани аҳолӣ аз мактаби дигар барои хонандагон мушкилоти зиёд меовард, бахусус дар давраи тирамоҳу зимистон. Бо дар назар гирифтани ҳамин мушкилот, дар ҷойи он, мактаби дуошёнаи замонавӣ сохта шуд, ки синфхонаҳои барҳавои он дорои имконоти мусоиди илмомӯзӣ мебошад. Омӯзгорони ҷавони фанни физика, химия, биология ва забонҳои хориҷӣ, ки барои идомаи фаъолият аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба мактабҳои деҳаи Пушинг ҷалб шудаанд аз роҳандозии ин иқдом руҳбаланд шуда, ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки барои донишманд гардонидани насли ҷавон саҳми босазои хуро мегузоранд. Дар маҷуъ пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ 20 омӯзгор бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона имкони хуби омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун барои хонандагон аст, ки барои ин омӯзгорони ботаҷриба низ ҷалб шудаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷ дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шудааст. Дар шафати мактаб ҳамзамон барои дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ иншооти алоҳида сохта шудааст, ки бо ангишт фаъолият менамояд. Дар давоми як рӯз дар деҳоти Пушинг ду муассисаи нави таълимии дорои шароити мусоиди таълиму тадрис ба истифода дода шуд. Сарвари давлат дар идомаи боздид нақши омӯзгорро дар тарбияи ҷавонони худшиносу ватанпарвар ва пешрафти ҷомеа муҳим номида, иброз доштанд, ки баҳри таъмини шароити зисти онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар давоми ду рӯзи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар марказ ва деҳоти он 5 муассисаи нави таълимӣ бо 8500 хонанда дар ду баст ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1050 кӯдак ба истифода дода шуд, ки ин намунаи олии саҳмгузорӣ ва дастгирии соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Данғара дар рушди соҳаи маориф мебошад.119
24.10.2025
-
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ БАРНОМАҲОИ ОМОДАСОЗИИ ОМӮЗГОРОН БАРОИ ТАТБИҚИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ 24 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода мизи мудаввар таҳти унвони «Бознигарии барномаҳои омодасозии омӯзгорон барои татбиқи муносибати босалоҳият ба таълиму тарбия» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм, шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Исломии Рушд (IsDB), Барномаи ҷаҳонии таълим (GPE) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд. Муовини вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ, ки ба салоҳият ва қобилияти амалии омӯзгорон нигаронида шудаанд, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин самт вазорат ҳамкориҳоро бо шарикони рушд барои такмили сифати таҳсилот ва таҳияи барномаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир густариш медиҳад. Сипас, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Эри Двиведи ва директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Шавкат Каримзода суханронӣ намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти функсионалӣ ва таҳлили барномаҳои амалкунандаи тайёркунии омӯзгоронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар идома пешниҳодҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани мундариҷа ва сохтори барномаҳои таълимӣ барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ироа гардид. Гуфта шуд, ки дар асоси барномаҳои мазкур омӯзгорон оянда на танҳо дониши назариявӣ, балки маҳорати амалии татбиқи усулҳои инноватсионии таълимро ҳамчун таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта дар раванди таълим метавонанд истифода намоянд. Ширкаткунандагони мизи мудаввар дар муҳокимаи озод доир ба таҷрибаҳои муфид, роҳҳои такмили низоми омодасозии омӯзгорон ва татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим мубодилаи афкор намуданд. Макази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон69
24.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
16.10.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор