ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Рамзи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” тасдиқ гардид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд. Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда, давродаври он ба забони тоҷикӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» 2026 навишта шудааст. Дар ин рамз офтоб, кӯҳҳою қуллаҳои барфпӯш ва домани сабзи замин баёнгари кишвари кӯҳистону офтобӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, биноҳои зебову нақбу роҳҳо нишона аз созандагиву ободонӣ ва сарбанду хатҳои барқӣ ибрози нурофарӣ аст. Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва манораи боҳашамати Истиқлол рамзи пойдории миллату давлат ва китоби кушода нишонаи донишу маърифат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода намоянд.48
04.05.2026
-
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 4 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи миссияи корӣ оид ба арзёбии рафти амалигардонии лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва лоиҳаи мазкур иштирок намуданд. Вохӯриро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни вазорат ва Бонки Умумиҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Зикр шуд, ки лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» яке аз лоиҳаҳои калидии соҳаи маориф ва илм ба шумор рафта, барои татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 заминаи устувор фароҳам меорад. Дар доираи татбиқи лоиҳа як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрӣ оид ба мониторинг ва арзёбии сифати таълим, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин роҳнамоҳо ва методикаҳои дахлдор таҳия ва ба тасвиб расонида шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи тартиби нави арзёбии сифати таҳсилот барои кормандони сохторҳои марбута ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 120 нафар тренерон омода гардида, зиёда аз 3500 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳа ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки доираи лоиҳа 2 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 9 муассисаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Таъкид карда шуд, ки соли 2025 озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS бо иштироки хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, айни замон марҳилаи асосии он аз 14 апрел то 6 майи соли 2026 дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳия идома дорад. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба таври муфассал масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ, баланд бардоштани сифати банақшагирӣ ва лоиҳакашии иншооти таълимӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири байналмилалӣ, инчунин суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти умумиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, ба масъалаи таъмин ва васеъ намудани дастрасии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, тақвияти инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорону хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокдорон инчунин оид ба такмили механизмҳои мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, густариши таҷрибаҳои пилотӣ, истифодаи усулҳои муосири идоракунии лоиҳаҳо, тақвияти иқтидори кадрӣ ва идоракунӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда, татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи маориф таъкид намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва илм, татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки чунин ҳамкориҳо дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дар кишвар нақши калидӣ мебозанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон37
04.05.2026
-
Ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амният, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният, Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, масоили вобаста ба бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, идомаи бомароми сохтмони биною иншооти зарурӣ дар сарҳадот, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амну субот дар ҷомеа баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши роҳбарони масъулро доир ба ин ва дигар масоили ҳалталаб шунида, барои бартараф намудани мушкилу камбудиҳои мавҷуда дар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.30
04.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
21.04.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор