ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ВАЗОРАТ ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ИДМ ОИД БА РУШДИ ФАЗОИ ЯГОНАИ ТАЪЛИМӢ Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории Шурои ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба ниҳоӣ намудани Барномаи татбиқи Консепсияи ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ барои солҳои 2027-2035 баргузор гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа Саидзода Ҳикматулло, сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд Барномаи мазкур ҳамчун санади муҳимми стратегӣ таҳия шуда, ба ҳамоҳангсозӣ ва густариши ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф, тайёр ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии стандартҳои таълимӣ ва таҳкими фазои ягонаи иттилоотӣ равона гардидааст. Ҷаласа бо иштироки намояндагони кишварҳои узв баргузор шуда, намояндагони мақомоти идоракунии маориф аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, ҳамчунин вакилони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва намояндагони Исполкоми ИДМ ширкат варзиданд. Ҷониби Тоҷикистон дар баррасии бахшҳои калидии Барномаи мазкур, аз ҷумла, таҳияи механизмҳои ҳамоҳангсозии стандартҳои таҳсилот дар кишварҳои ИДМ, такмили низоми аккредитатсия ва аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, ташаккули низоми ягонаи иттилоотӣ ва маълумот оид ба таҳсилот, таҳияи меъёрҳои намунавӣ дар самти таҳсилот, омӯзиши калонсолон ва таҳсилоти фосилавӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ саҳми фаъол гузошт. Сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба зарурати идомаи ҳамкориҳо дар доираи ИДМ дар самти мутобиқсозии стандартҳо, таъмини эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ, дастгирии таҳсилоти инклюзивӣ ва тавсеаи имкониятҳои таҳсилоти фосилавӣ баён намуд. Зимни мулоҳизаронӣ таъкид гардид, ки Барномаи татбиқи Консепсияи ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ барои солҳои 2027-2035 яке аз марҳилаҳои муҳимми ҳамгироии кишварҳо дар соҳаи маориф ба шумор рафта, ба таҳкими рушди кадрӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии низоми таҳсилоти миллӣ ва тавсеаи ҳамгироии илмӣ-таҳсилотӣ мусоидат менамояд. Дар анҷоми ҷаласа пешниҳод гардид, ки лоиҳаи Барнома бо пешниҳоди ҷонибҳои иштирокчӣ такмил ёфта, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шурои ҳамкории соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ пешниҳод карда шавад.8
18.11.2025
-
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ ТАШКИЛОТИ АКАДЕМИИ BRIGHT Имрӯз, 17 ноябри соли 2025, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» вохӯрии директори Марказ Муҳамадҷон Ғафорзода бо роҳбари ташкилоти академии Bright, ҷаноби Довлет Кличнийязов, баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, гуфтугӯ доир ба иштироки хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ташкил ва татбиқи барномаҳои омодасозии онҳо ба сабқатҳои сатҳи ҷаҳонӣ, табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва мутахассисон, ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, инчунин тавсеаи робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Директори Марказ Муҳамадҷон Ғафорзода дар суханронии худ аз ташрифи ҷаноби Кличнийязов изҳори хушнудӣ карда, онро қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои судманд миёни Марказ ва ширкати академии Bright арзёбӣ намуданд. Инчунин таъкид гардид, ки таҳкими чунин робитаҳо ба баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ва ғанӣ гардонидани таҷрибаи омӯзгорон мусоидат мекунад. Ҷонибҳо зарурати татбиқи барномаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳо дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва ҷалби мутахассисони хориҷиро барои такмили равандҳои таълимӣ таъкид намуданд. Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо59
17.11.2025
-
ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати гурӯҳи кории Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» вохӯрӣ баргузор намуданд. Зимни вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз намуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот мунтазам кӯшиш менамояд. Яке аз иқдомоти судманд, ки ба пешрафти маориф мусоидат мекунад, татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» соли гузашта нақшаи азхудкунии маблағҳо ва дигар нишондиҳандаҳои барномавӣ пурра иҷро гардида, «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот» таҳия ва тасдиқ шудааст. Дар вохӯрӣ ҳамчунин қабули Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тибқи талаботи стратегия, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис ёфта, мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои заруриро дар самти арзёбӣ ва кафолати сифати таҳсилот омода намуданд. Қарор аст ин ҳуҷҷатҳо дар 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии кишвар озмоиш гарданд. Дар фарҷом аз номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ баён гардида, омодагӣ барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо таъкид шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон33
17.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор