ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ИФТИТОҲИ РАСМИИ СЕЮМИН ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН - 2026 6 апрели соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ ва дохили кишвар, шарикони рушд, инчунин меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд. Фестивал - намоишгоҳ бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, мавсуф иштирокчиёнро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабинии байналмилалиро нишонаи рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки фестивали мазкур дар як муддати кӯтоҳ ба як формати беназири байналмилалии муколама табдил ёфта, барои ташаккули модели нави рушди таҳсилот, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат менамояд. Муовини Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва таҳдидҳои муосир, рушди ҳамгироии илму маориф, технология ва инноватсия аҳаммияти калидӣ дошта, маҳз тавассути чунин платформаҳо метавон заминаи рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиётро таъмин кард. Дар идома вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, саҳми онҳоро дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ баланд арзёбӣ кард. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои рушди босифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла, дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва роҳандозии лоиҳаҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҳамзамон, иброз гардид, ки сифати низоми таҳсилот ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои асосии муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, мутахассисони соҳибкасб кафили рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории фестивалро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ муҳим арзёбӣ карданд. Баъди анҷоми қисми расмӣ, иштирокчиён аз намоишгоҳи донишгоҳҳои хориҷӣ дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе» боздид намуда, бо имкониятҳои таҳсил, барномаҳои таълимӣ ва пешниҳодҳои стипендиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз кишварҳои гуногун шинос гардиданд. Ёдовар мешавем, ки сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2026 аз 6 то 10 апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара баргузор гардида, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат ва таҳкими робитаҳои илмӣ мусоидат менамояд.43
06.04.2026
-
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2026 ДАР РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД Дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Суғд дар се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа мавриди натиҷагирӣ қарор гирифта, самтҳои асосии рушд ва нишондиҳандаҳои муҳими соҳа таҳлилу баррасӣ шуданд. Дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода, кормандони раёсат, роҳбарони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Сараввал сардори Раёсати маорифи вилоят ҳисоботи фаъолияти се моҳи аввали соли 2026-ро пешниҳод намуда, аз дастовардҳои назарраси соҳа ёдовар гардид. Қайд карда шуд, ки дар доираи ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд як қатор иншооти муҳими соҳаи маориф ба истифода дода шуданд, ки ин иқдомҳо далели таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегарданд. Ҳамзамон, натиҷаҳои даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5–11 баррасӣ гардида, фаъолияти муассисаҳо дар самти дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат мавриди таҳлил қарор гирифт. Масъулин вазифадор карда шуданд, ки хонандагонро ба даври ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омода намоянд. Зимнан, вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баррасӣ гардида, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Сипас, муовини раиси вилоят вобаста ба рафти корҳои сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, бартараф намудани муассисаҳои таълимии садамавӣ ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи замони муосир бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҳамчунин, масъалаҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсил, пешгирии аз таҳсил дур мондани онҳо ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд. Дар идома, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияи Ашт ва шаҳри Панҷакент оид ба натиҷаҳои фаъолияти се моҳи соҳа гузориш доданд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд бояд зери назорати ҷиддӣ қарор дошта бошад. Масъулони соҳа вазифадор шуданд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии шомилшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, такмили сатҳи дониш ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ намоянд.37
05.04.2026
-
ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ СЕМОҲАИ СОҲАИ МАОРИФ БО ТАҲЛИЛИ НАТИҶАҲО ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲОИ НАВБАТӢ Дар толори маҷлисии муассисаи таълимии №53-и ноҳияи Ҷайҳун ҷаласаи ҷамъбастии се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода (ба таври маҷозӣ), сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон З. Абдулзода, масъулони мақомоти маҳаллӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, роҳбарони марказҳои зертобеъи соҳаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа таҳлил гардида, таъкид шуд, ки соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди неруи инсонӣ пайваста амалӣ мешаванд. Қайд гардид, ки дар вилоят 1403 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, зиёда аз 942 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар самти беҳтар намудани шароити таълим сохтмони 242 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 30 иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷаласаи семоҳа бо вазифагузории навбатӣ ва даъвати роҳбарият ба фаъолияти самаранок, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ҷамъбаст гардид.33
04.04.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
06.04.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
31.03.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор