ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Ифтитоҳи Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанбе (Radisson Collection Dushanbe) 30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Меҳмонхонаи муосиру бошукуҳи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд. Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори Редиссон Коллекшн Душанбе 11 июли соли 2019 дар Қасри миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ гардида буд. 4 сентябри соли 2019 бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 21-ошёна санги асос гузоштанд. Маблағгузорӣ барои бунёди иншооти замонавию бузург аз ҳисоби даромади ширкати Себистон-2018, ки роҳбариашро соҳибкори муваффақи ватанӣ Саид Холов ба уҳда дорад, амалӣ гардидааст. Дар шафати бинои меҳмонхонаи панҷситорадори 21-ошёна, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари дорои апартаментҳои резиденсӣ ва дафтарҳои корӣ бунёд шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умуми бинои меҳмонхона 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 206 ҳуҷра, аз ҷумла 50 ҳуҷраи категорияи люкс барои 150 нафар, 23 суперёр, 78 стандартӣ, 2 ҳуҷра барои шахсони имконияташон маҳдуд ва 3 апартаменти президентӣ иборат аст. Ҳуҷраҳои президентӣ бо истифода аз санъати миллии кандакории тоҷикӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оро ёфтааст. Дар маҷмуъ меҳмонхона наздики 260 ҷойи хоб дорад. Дар меҳмонхона зиёда аз 400 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст. Бо назардошти марказҳои савдову тиҷорат, ки дар 4 ошёнаи поёнии бино ҷойгиранд, дар таҳхона ва се ошёнаи боло дар маҷмаа дар умум 1500 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар вақти сохтмони иншоот 500 коргар муваққатан ба кор ҷалб гардид. Дар се табақаи поёнии иншоот таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва дар саҳни ҳавлӣ таваққуфгоҳи рӯизаминӣ барои мошинҳо пешбинӣ шудааст, ки имконияти ҷойгиркунии беш аз 350 воситаи нақлиётро доро мебошанд. Дар ошёнаҳои 1 ва 21 тарабхонаҳо барои 420 меҳмон омодаи хизмат аст. Дар меҳмонхона хизматрасонии СПА (SPA) занона ва мардона дар алоҳидагӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, ҳамомҳо, кошонаи ҳусн, тарабхонаҳо, фитнес ва ғайра пешкаш мегардад. Дар ошёнаҳои махсуси маҷмаа осорхона, гӯшаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ ҷой дода шудааст. Меҳмонхона барои баргузории конфронсҳои сатҳи баланд, форумҳо, вохӯриҳои тиҷоратӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ имкониятҳои зарурӣ дорад. Ҳамаи хизматрасониҳо тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалии Редиссон коллекшн (Radisson Collection) ташкил карда шуда, бо ин бренди байналмилалӣ ба сайёҳону тоҷирони хориҷӣ хизмат расонда мешавад. Вобаста ба ин ба кормандони маҳаллие, ки ба кор ҷалб шудаанд, барои роҳандозии хизматрасонии сатҳи баланд, курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши касбӣ, таҷрибаомӯзӣ ва аз худ кардани меъёрҳои байналмилалии хизматрасонӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни бунёди иншоот дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири муаррифии ҳар чи бештари фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷикон коргарон ба сифати корҳо, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, ба истифодаи нақшу нигори мардумӣ, санъати наққошию кандакорӣ, гачкорӣ, рангубор ва масолеҳи сохтмонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд. Бо завқу салиқаи баланд оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намудааст. Хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати меҳмонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Иншооти мазкур дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ сохта шудааст. Сохтмони маҷмааи мазкур идомаи корҳои ободониву созандагӣ мебошад ва бунёди он бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар хиёбони марказӣ бо намои зебову муосир, ба ҳусни пойтахт зебогии дигар зам кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастурҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тайи солҳои охир симои пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он ба ифтихори ҷашну идҳои миллию давлатӣ, аз қабили 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маҷмааи меҳмонхонаи наву замонавии Редиссон Коллекшон Душанбе ба соҳибкори ватандӯст роҳбари ширкатии ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Себистон-2018 Саид Холов барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, масъулони меҳмонхонаро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, суннатҳои баланди меҳмондории тоҷикон ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар пойтахт зиёда аз 2500 ҷойи кори доимӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин дар 7 корхонае, ки имрӯз сохтмонашон бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, дар зарфи яку ним сол боз 3000 ҷои кории дигар муҳайё мешавад.29
30.10.2026
-
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Даромади буҷети давлатӣ, мутобиқи дурнамо, дар соли 2028 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои босамари нишондодҳои буҷети давлатӣ дар назди вазорату идораҳои марбута як қатор супоришҳо гузоштанд, аз ҷумла рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ ва бартараф намудани қарзҳои андозӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулот ва ғайра. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Сипас, дар кори маҷлис Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда, ба масъулони сохторҳои марбута супоришҳо доданд. Дар фароварди маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба ҷамъоварии бетелафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молҳои ниёзи аввал, захираи кофии маводи сухт барои давраи зимистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 40 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Даромади буҷети давлатӣ, мутобиқи дурнамо, дар соли 2028 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои босамари нишондодҳои буҷети давлатӣ дар назди вазорату идораҳои марбута як қатор супоришҳо гузоштанд, аз ҷумла рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ ва бартараф намудани қарзҳои андозӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулот ва ғайра. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Сипас, дар кори маҷлис Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда, ба масъулони сохторҳои марбута супоришҳо доданд. Дар фароварди маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба ҷамъоварии бетелафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молҳои ниёзи аввал, захираи кофии маводи сухт барои давраи зимистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 40 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.45
29.10.2026
-
Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне 27 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонк, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва имкониятҳои густариши сармоягузорӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонкро яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар рушди иқтисод, инфрасохтор ва бахши хусусӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Бонк аз соли 1993 идома дошта, шумораи лоиҳаҳои он дар Тоҷикистон ба 201 ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба беш аз 1,1 миллиард евро расидааст. Аҳамияти Ёддошти тафоҳуми байни Тоҷикистон ва Бонк оид ба Харитаи роҳи стратегии бисёрсолаи сармоягузорӣ барои солҳои 2026–2030 ба маблағи 900 миллион доллар таъкид шуд. Ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои «энергетикаи сабз», аз ҷумла бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо ҷалби сармояи хусусӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Президенти кишвар аҳамияти чунин лоиҳаҳоро барои таъмини боэътимоди аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқ ва афзоиши содироти неруи тоза ба кишварҳои минтақа таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки имкониятҳои иштироки Бонк дар маблағгузории онҳо баррасӣ шаванд. Навсозии шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва коҳиши талафоти неру низ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Сарвари давлат зарурати афзоиши маблағгузории мустақим ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва тавсеаи дастрасии соҳибкорони хурду миёна, махсусан дар ноҳияҳо, ба маблағҳои дарозмуҳлат бо шартҳои дастрасро таъкид намуданд. Густариши маблағгузорӣ бо пули миллӣ ва омодасозии корхонаҳои ватанӣ ба барориши вомбаргҳо низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тоза, навсозии низомҳои корезу обёрӣ, такмили идоракунии корхонаҳои давлатӣ ва омодасозии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ шуд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф ва рақамикунонӣ низ аз мавзуъҳои суҳбат буд. Ҷалби грантҳо ва кумакҳои техникӣ барои лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва иқлимӣ муҳим дониста шуд. Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар омодагии Тоҷикистонро ба густариши ҳамкории судманду дарозмуддат бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таъкид намуданд.87
27.10.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
28.10.2026
ЭЪЛОН!.
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
27.10.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
27.10.2026
Специальное уведомление о закупках
Запрос на подачу заявок на выполнение небольших работ (Одноконвертная процедура проведения торгов) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор