ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
Сафари корӣ ба Давлати Қатар 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд. Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.28
03.11.2025
-
Таъиноти кадрӣ 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Хадамоти алоқа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Зимнан сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд. Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замони муосир таъин гардиданд. Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Аваз бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод ва аз мақомоти Прокуратура хориҷ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ таъиншуда таъкид намуданд, ки вазифаи асосии онҳо, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва омода намудани мутахассисони варзидаву забондон мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд.39
03.11.2025
-
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 1 ноябри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, муовинони вазири маориф ва илм, дигар намояндагони расмӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, олимону устодони донишгоҳ, довталабону иштирокчиёни озмун ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд. Сараввал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуда, таъкид кард, ки ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст. Қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад. Муовини Сарвазири кишвар иброз дошт, ки вазорат дар посух ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм тадбирҳои амалӣ меандешад ва озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамчун як ташаббуси созанда дар баланд бардоштани шавқи таҳқиқотӣ ва илмомӯзии ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро фаро мегирад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар даври сеюми озмун 4852 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз онҳо 667 нафар, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 хонандаи муассисаҳои типи нав, 183 донишҷӯ ва 41 намояндаи касбу кори гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Даври ҷумҳуриявии озмун аз 21 то 25 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар умум 156 нафар ғолиб дониста шуд, ки аз ин шумора 26 нафар соҳиби ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, мувофиқи натиҷаҳои озмун ба 139 нафар волидайни ғолибон нишони «Маърифатпарвар», ба 51 омӯзгор нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ба 36 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд. Дар натиҷаи ҷамъбасти умумӣ, шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой (19 ҷойи якум, 25 ҷойи дуюм ва 42 ҷойи сеюм) ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Суғд бо 35 ҷой (3 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 20 ҷой (3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 11 ҷой (1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм) дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 4 ҷой (2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) дар ҷойи панҷум ҷойгир шуданд. Даври ниҳоии озмун нишон дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими иқтидори зеҳнӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҳавасмандсозии омӯзгорон ва волидон, боло бурдани мақому нуфузи илму дониш дар ҷомеа ва дарёфти ҷавонони боистеъдод мусоидат мекунад. Озмун ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва густариши фарҳанги илмомӯзӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм супорида шуда, онҳо бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд. Маросим бо барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро гардид, анҷом ёфт. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон45
01.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор