ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ 17 майи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор гардид. Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад.43
17.05.2026
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ ВА МАРКАЗ (ГУРӮҲ)-И ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАК Дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои Нақшаи кори Вазорати маориф ва илм барои нимсолаи якуми соли 2026 ҷаласаи назди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардид. Дар ҷаласа вазъи таълиму тарбия, иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Файзобод ва Рӯдакӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ, кормандони раёсати таҳсилоти томактабӣ-аъзои гурӯҳи кории санҷишӣ, сардорони раёсатҳои маорифи шаҳрҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Файзобод, мушовирони томактабӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои номбаршуда, ки марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтиашон мавриди омӯзиш қарор гирифт, иштирок намуданд. Зимни баррасӣ муовини вазир ба масъалаҳои иҷрои дастуру суаоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Пас аз баррасии натиҷаи омӯзиши вазъи таълиму тарбия қарорҳои дахлдор ба тасвиб расида, ҷиҳати иҷрои саривақтии он масъулин муваззаф карда шуданд.22
16.05.2026
-
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДИИ ИҶОРАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР НОҲИЯИ ИШКОШИМ Дар семинари омӯзишӣ оид ба татбиқи барномаи биллингии пардохти маблағи ғайринақдии иҷораи китобҳои дарсӣ баргузор гардид. Дар кори семинар мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим, намояндаи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мушовири бахши китоби шуъбаи маориф, инчунин директорон ва китобдорони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд. Зимни семинар масъалаҳои марбут ба тартиби истифодаи барномаи биллингӣ, роҳандозии пардохти ғайринақдӣ ва такмили низоми иҷораи китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба иштирокчиён тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд.30
16.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор