ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 18 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов гузориш пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинигардида, таъмини иштироки фаъолонаи муассисаҳои таълимӣ дар омодагиҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ватандӯстии хонандагон аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати тақвияти корҳои тарбиявӣ ва ташкилии марбут ба ҷашни таърихӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Сипас, натиҷаи фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳ. Саидзода гузориш дод. Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки таъмини шаффофият ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар раванди барқарор ва интиқоли донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани масъулияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин самт аҳамияти муҳим дорад. Дар идома, масъалаи вазъи таълиму тарбияи томактабӣ ва рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳияи Рашт баррасӣ гардид. Аз рӯи ин масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Ш. Мирзозода маъруза намуданд. Риояи либоси мактабӣ, назорати ҷиддӣ аз рафти иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо, ҷалби бештари хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниҳои зеҳниву эҷодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд. Иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо ҳамчун шарти асосии баланд бардоштани сифати таҳсил ва ташаккули донишу малакаҳои муосири онҳо арзёбӣ карда шуд. Дар баробари ин, ҷалби фаъолонаи хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун воситаи муҳимми дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврасон, тақвияти ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии онҳо муҳим дониста шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон бояд барои омодасозии хонандагони лаёқатманд, ташкили машғулиятҳои иловагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, риояи ҳатмии сарулибоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корбарӣ вобаста ба ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, назорати қатъии иштироки хонандагон дар дарсҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон35
18.03.2026
-
ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ Имрӯз, 18 марти соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти даври сеюм (минтақавӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ ва омодагӣ ба баргузории даври чорум (ҷумҳуриявӣ) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа директорони мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, гимназияҳо, инчунин роҳбарони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи ҷаласа ҳозиринро бо рӯзномаи корӣ шинос намуда, таъкид кард, ки баргузории босифати олимпиадаҳои фаннӣ яке аз самтҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барои дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои наврасон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, ӯ ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ба даври ҷумҳуриявӣ ва таъмини шаффофият ва адолат дар раванди баргузории олимпиадаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд. Сипас, М. Қосимзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, оид ба натиҷаҳои даври сеюми олимпиадаҳои фаннӣ гузориш дода, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки дар даври минтақавӣ шумораи зиёди хонандагони болаёқат иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда таҳлил гардида, барои бартараф намудани онҳо пешниҳодҳои дахлдор ироа шуданд. Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ баррасӣ гардида, масъулин вазифадор шуданд, ки тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани он амалӣ намоянд.27
18.03.2026
-
ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОН БАРОИ PIRLS 2026 ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД 17-18 марти соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе омӯзиши тренерон барои давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони вазорат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, инчунин масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. Ҳадафи асосии омӯзиш омода намудани тренерон ва маъмурон барои баргузории босифати давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мебошад. Зикр гардид, ки арзёбии мазкур (Progress in International Reading Literacy Study) ба муайян намудани сатҳи хониш ва дарки матни хонандагони синфҳои чорум равона гардида, имкон медиҳад, ки натиҷаҳои таълим бо меъёрҳои байналмилалӣ муқоиса карда шаванд. Қайд гардид, ки баргузории PIRLS - 2026 дар доираи татбиқи стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла? Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 ва Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот то соли 2044 сурат мегирад. Давраи асосии арзёбӣ моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ бо иштироки хонандагони синфҳои чорум баргузор мешавад. Таъкид шуд, ки омӯзиши тренерон қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисон ва таъмин намудани шаффофияту сифати арзёбӣ буда, татбиқи чунин чорабиниҳо ба беҳтар гардидани сифати таълими хониш ва рушди низоми таҳсилоти миллӣ мусоидат хоҳад кард.14
17.03.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
19.03.2026
Ремонт и реконструкция школы №69 Восейского района Хатлонской области
Ремонт и реконструкция школы №69 Восейского района Хатлонской области Бештар - 17.03.2026 Бештар
- 17.03.2026 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор