
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ЗИКРИ НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲО ДАР ПАЙВАСТАГӢ БО ШОҲАНШОҲ ҶАМШЕД Дар натиҷаи тадқиқоти зиёди илмӣ собит шудааст, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ба шумор меравад. Пайдоиши он аслан ба олами коиноту табиат сахт алоқамандӣ дорад. Тавре аз хулосаҳои олимони риштаи табиатшиносӣ, ба хусус ситорашиносон бармеояд дар давоми сол Офтоб дар байни ситораҳо аз тарафи ғарб ба шарқ аз рӯи даври калон ботадриҷ ҳаракат мекунад. Ҳамин роҳи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтобро дар илми нуҷум эклиптика меноманд. Эклиптика аз болои 12 бурҷ Ҳут, Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ ва Давл, ки он минтақаи бурҷҳо номида мешавад, мегузарад. Офтоб дар давоми сол аз қисми ҷанубии кураи осмон ба қисми шимолии он ҳаракат карда, экватори дунёро 21 март дар нуқтаи эътидоли (баробаршавии шабонарӯзии) баҳорӣ ва дар мавриди аз қисми шимолӣ ба ҷануб ҷой иваз карданаш ҳамон экваторро 21-22 сентябр дар нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ бурида мегузарад. Яъне, дар давоми сол ду маротиба шабу рӯз баробар мешавад. Дар ҳамин ду маврид, яъне эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ, ниёгони мо ду ҷашн – Наврӯз ва Меҳргонро офариданд. Инчунин, дар давоми сол Офтоб ду маротиба ҷойивазкунии калонтаринро аз сар мегузаронад, ки яке ба 22 июн ва дигаре ба 22 декабр рост меояд. Ҷашнҳои Тиргон ва Сада ба ин ду ҳолати табиат алоқамандӣ доранд. Ниёгони мо ҳанӯз шаш ҳазор сол қабл замоне, ки ҳеҷ як дастгоҳҳои ченкунию мушоҳидакунӣ вуҷуд надошт, чунин ҳодисаҳои табиатро дар асоси таҷриба ва мушоҳидаҳо дарёфтанд ва ба ин муносибат ҷашнҳо оростанд. Ба назари мо воқеан ин амалкард ва чунин дарёфт нишонаи хиради воло ва соҳибтафаккур будани гузаштагони моро возеҳ нишон медиҳад. Тавре, донишманди асримиёнагӣ Абӯсаиди Гардезӣ дар асари хеш «Зайн-ул-ахбор» менависад: «Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро, ки сари сол бошад ва шаб бо рӯз баробар шавад ва он сояҳое аз деворҳо бигзарад ва офтоб аз равзанаҳо уфтад». Чун халқи мо, ки аз азал дар замиру сиришташ фарҳангпарварию зебоипарастӣ таҷаллӣ мекард, дар марҳилаҳои баъдии таърих ба чунин ҷашнҳо ҳар навъ анъанаҳое эҷод кардаю ба он қабои нав пӯшониданд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ин ҷашнҳо, ба хусус Наврӯз ба як маҷмӯаи бузурги донишҳо табдил ёфт. Дар баробари ин ҳаргуна ривоёту қиссаҳо дар давраҳои мухталифи таърихӣ аз забонҳои гузаштагону ровиён қисса мекарданду менавиштанд ва ин тарзи муносибат аз як ҷиҳат сабаби гуногунрангии андешаҳо дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз гардид. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, албатта ривояту ахбори зиёде доир ба пайдоиши ин ҷашни бостонии мо оварда шудааст, ки омӯзиш ва донистани он аз манфиат холӣ нест. Доир ба бунёдгузори ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳо фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Агар маълумотҳое, ки дар маъхазҳои асримиёнагӣ оварда шударо пайгирӣ намоем, бештар ҳамчун асосгузори Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед ишора мешавад. Аммо дар баробари ин дигар шахсиятҳо, аз ҷумла номи Каёмард (Каюмарс) низ дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ба назар мерасад. Ба ин маънӣ донишманди намоёни тоҷик Умари Хайём дар асари хеш «Наврӯзнома» бунёди Наврӯзро ба Каёмард дониста, менависад: «…чун Гаюмарт (Каёмард) аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардум онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввалдақиқаи ҳамал омад мӯъбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд…мӯъбадон чунон карданд, пас Гаюмарт ин рӯзро оғози таърих кард». Дар «Осор-ул-боқия»-и худ мутафаккири тоҷик Абурайҳон Берунӣ агарчӣ ин ҷашнро ба замони шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат медиҳад, аммо ҷое боз таъкид мекунад, ки то Ҷамшед ин ҷашн вуҷуд дошт. Тавре дар ин сарчашмаи таърихӣ мехонем: «…ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт. Пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». Аммо дар мавриди нисбат додан ба шоҳ Ҷамшед маълумотҳо бештаранд. Азбаски ин маълумотҳо зиёдтаранд месазад атрофи Ҷамшед ва замони подшоҳии ӯ нигоҳи фишурдае дошта бошем. Исми Ҷамшед дар Авесто Йима писари Виваҳванта, дар паҳлавӣ Йимак ё Ҷамак писари Вивангаҳон ва дар санскрит Йама писари Вивасвант зикр шудааст. Яъне, Ҷамшед яке аз бузургтарин ориёиҳо буда, дар нахустин давлати ориёӣ ҳамчун барҷастатарин подшоҳи давлати Пешдодиён ҳукумат кардааст. Наврӯз, ки аслаш сохтани худ ва таъмини саодати башарист ба Ҷамшед нисбат додан ба гумони ғолиб ба воқеият наздикӣ дорад. Ҳидояти Ҷамшед мардумро ба хушбахтию адолат ва бунёди Наврӯз дар асари «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ба таври зайл омадааст: «Ва дуо кард, (Ҷамшед дар назар аст. И.А.) то Худой, аззу ҷалл, гармову сармо ва бемориву марг аз мардумон баргирад. Худой, аззу ҷалл, аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард ва ин офатҳо аз мардумон бардошт. Ва сесад сол ҳам бар ин ҷумла буд. Ва чун ин дуои ӯ мустаҷоб шуд, шукри ӯро ҷашни Наврӯз сохт...». Ҳамин аст, ки номи Ҷамшед дар китоби “Авесто” бештар ба некӣ зикр мешавад. Аз он, ки барои мардум зиндагии муфидро сохт дар ин сарчашмаи таърихӣ атрофи он чунин гуфта мешавад: «Ҷамшед, он ки ба шаҳриёрии хеш ҷонварону мардумонро бемарг ва обҳову гиёҳонро нахушкиданӣ ва хӯрокҳоро накостанӣ кард». Замони подшоҳии Ҷамшедро бештари муаррихон ба миёнаи ҳазораи IV то мелод медонанд. Бо назардошти ин, тавре дар ибтидо низ зикр кардем, ҷашни Наврӯзи мо таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад. Ҳаким Умари Хайём дар идомаи қиссаҳои хеш вобаста ба пайдоиши Наврӯз ҷои дигар чунин менависад: «Чун Гаюмарт пас аз ҳазор соли подшоҳӣ аз дунё бирафт, Ҳушанг ба ҷойи ӯ нишаст ва нуҳсаду ҳафтод сол подшоҳӣ кард…ва пас аз ӯ Таҳмурас биншаст ва сӣ сол подшоҳӣ кард. Ва пас ӯ подшоҳӣ ба бародараш Ҷамшед расид ва аз ин таърих ҳазору чиҳил сол гузашт, ин давр тамом шуда буд ва Офтоб ба фарвардини хеш ба аввали ҳамал омад ва ҷаҳон бар вай рост гашт… Пас дар ин рӯзе, ки ёд кардем ҷашн сохт ва Наврӯзаш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун фарвардин нав шавад, он рӯз ҷашн кунанд…». Донишманди асримиёнагии тоҷику форс Ибни Балхӣ дар «Форснома»-и хеш ҳамин андешаро ҷонибдорӣ намуда, қайд мекунад: «...Ҷамшед дар хутбаи худ Худоро ситоиш карда, чунин фармуд: «Худованд баҳои мо тамом гардонид ва таъйид арзонӣ дошт ва дар муқобалаи ин неъматҳо бар хештан воҷиб гардонидем, ки риояи адл ва некӯӣ фармоем». Чун ин суханон бигуфт ҳамагон ӯро дуъои хайр гуфтанд ва шодиҳо карданд ва он рӯзро ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва аз он сол боз Наврӯз ойин шуд». Муаррихи намоёни аҳди Сомониён Ҷарири Табарӣ дар «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» вобасата ба масъалаи мазкур чунин навиштааст: «Ҷамшед бифармуд, то чархе аз обгина барои ӯ бисозанд ва шаётинро дар он ҷой дод ва бар он нишаст ва дар ҳаво аз шаҳри хеш аз Данбованд (Дамованд) то Бобул ба як рӯз рафт ва он рӯз ҳурмузрӯзи фарвардинмоҳ буд ва мардум аз ин шигифтӣ, ки диданд Наврӯз гирифтанд. Ва бигуфт, то ин рӯз ва панҷ рӯзи дунболи онро ид гиранд ва шодӣ ва хушӣ кунанд ва ба рӯзи шашум, ки мурдодрӯз буд, зимни мактубе ба мардум хабар дод, ки чун Худованд равиши вайро дар подшоҳӣ писандида, подоши вай ин шуда, ки мардум аз гармо ва сармо ва беморӣ ва пирӣ ва ҳасад барканор шудаанд ва мардум аз паси сесаду шонздаҳ сол, ки аз подшоҳии вай гузашта буд ба сар карданд, ки аз ин балиёт ба дур буданд…Гӯяд, ҳама маликии Ҷам аз оғози шоҳӣ то вақте, ки кушта шуд, ҳафсаду нуздаҳ сол буд». Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ низ бунёдгузори ҷашни Наврӯз будани шоҳ Ҷамшедро ҷонибдорӣ мекунад. Инро мо дар намунаи зер мушоҳида карда метавонем: Сари соли нав ҳурмузи фарвадин, Баросуда аз ранҷ тан зи кин. Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро наврӯз хонданд. Бузургон ба шодӣ биёростанд, Майю ҷому ромишгарон хостанд. Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор, Бимондаст аз он хусравон ёдгор. Дар «Фарҳанги Деҳхудо» ҳам зикр мешавад: «Ҷамшед, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, фармуд, тахти гавҳарнишине ба ҷои баланде рӯ ба ҷониби Ховар гузоранд. Ва худ тоҷи гавҳарнишине бар сар ниҳода, бар он тахт бинишаст. Ҳамин ки офтоб рух намуд ва партаваш бар он тоҷу тахт афтод, фурӯғе дар ниҳояти рӯшноӣ падид омад, мардумон аз он шод шуданду гуфтанд: “Ин рӯзи нав аст!” Ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро “шед” мегӯянд, ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он ин расм (Наврӯз) пайдо шуд». Истилоҳи “Ҷам” дар «Авесто» чанд сифат дорад: яке хшаета (дар форсӣ шед) ба маънии шоҳвор ё дурахшон, рӯшноӣ ва дигаре ҳваредареса ба маънии некдидор ва дигар ҳватра, ки дар паҳлавӣ ҳварамак ва дар форсӣ хубрама шудааст. Ба ҳар сурат маънии мусбиро медиҳад, ки дар маҷмӯъ аз сиёсати созандаи вай гувоҳӣ медиҳад. Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ яке аз дигар олимони асримиёнагӣ доир ба ободониҳои анҷомдодаи Ҷамшед ва таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби ӯ маълумотҳои аҷибе манзури хонанда мегардонад. Гуфтаҳои ӯро донишманди рус К.А. Инострантсев бо такя ба асари «Китоб-ал-маҳосин ул-адад» (муаллифаш номаълум) чунин нишон медиҳад: «Кисравӣ мегӯяд: Якум шахсе, ки Наврӯзро ҷашн гирифт, дараҷаҳои мулкҳои тобеъро муайян намуд, рамзҳои ҳокимияти давлатиро муайян кард, ба истихроҷи тиллову нуқра ва дигар фулузот машғул шуд, аз оҳан олот сохт, аспро ром намуд, гавҳарро дарёфт намуд, сирри атриётро кашф намуд, низоми обёриро ба вуҷуд овард Ҷамшед, писари Виванҷон, яъне ҳимоятгари олам... ба шумор меравад». Дарёфти бархе аз донишмандон, ки Наврӯзро анҷоми офариниш ва оғози зиндагии инсонӣ медоданд ба ин нигоштаҳо мувофиқ меояд. Бо ин далел, ки вақто ҳама шароит барои зиндагии инсонҳо муҳайё гардид, пасон бо нишот ба зиндагии инсонӣ (ба маънои томаш) шуруъ намуданд. Ин нишот дар мисоли бунёди Наврӯз ифода меёбад. Ва таҳлили маъноии истилоҳи Наврӯз низ ҳамин маъноро бори дигар собит мекунад. Шоҳ Ҷамшед бо караму хулқи инсондӯстонаи хеш ба мардумон суханони хуб орзу кард ва хайроту ниёиш намуд. То имрӯз, ки чунин амалҳои зебо ба рукнҳои ҷашни Наврӯз табдил ёфтааст аз аҳди ӯ сарчашма мегиранд. Барои исботи ин андеша боз руҷуъ мекунем ба «Форснома»-и Ибни Балхӣ: «Ва Ҷамшед гуфт: Ба нияти оят, ки эзиди таоло шаъну баҳои мо тамом гардонид ва ёрӣ арзонӣ дошт ва дар муқобилаи ин неъматҳо бар хештан воҷиб гардонидем, ки бо мардум адл ва некӯӣ фармоем. Чун ин суханон бигуфт, ҳамагон ӯро дуои хайр гуфтанд ва шодиҳо карданд ва он рӯз ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва он сол Наврӯз расм шуд ва он рӯзи Ҳурмуз аз моҳи фарвардин буд ва дар он рӯз бисёр хайрот фармуд ва як ҳафта пай дар пай ба нишоту хуррамӣ машғул буданд ва баъд аз он як шабонарӯз дар ибодатгоҳ рафт ва яздонро парастиш ва шукр гузорид ва зорӣ намуд ва ҳоҷат хост, ки дар рӯзгори ӯ ҳама офат аз қаҳтӣ ва вабо ва бемориҳо ва ранҷҳо аз ҷаҳон бардорад». Ба ҳамин маъно зиёд донишмандони дигар низ ишораҳо доранд, ки мо наметавонем дар ҳаҷми як мақола ҳамаи онҳоро ба риштаи таҳлил бикашем. Танҳо бардошт ин аст, ки бештари сарчашмаҳо ҳамчун бунёдгузори ин ҷашн Ҷамшедро медонанд. Ба ҳар сурат, ба гумони яқин чун Каёмард (дар Авесто Гайамаретан ва дар паҳлавӣ Гайумард, ба маънии «зиндаи миро» ё «ҷони нестипазир» ва дар форсӣ ба таҳриф Каюмарс ва дарвоқеъ «Гайумарт») нахуст инсон дониста мешуду ҳоло маърифати инсонӣ то он ҳадде набуд, ки чунин ҳикматҳои табиатро дарёбанду гиромӣ доранд ва ҷашн ороянд, намешавад бунёдгузори Наврӯз номид. Дар илми таърихнигории мо зарур аст, ки ба аҳди Пешдодиёну Каёниён ва махсусан ба замони подшоҳии шоҳони пешдодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Замоне, ки Наврӯзи мо аслият дорад, пас месазад, ки атрофи корномаи шоҳони Пешдодию Каёнӣ, аз ҷумла шоҳ Ҷамшед тадқиқотҳои ҷиддӣ сурат бигиранд, ки ин амал аз ҳар нигоҳ ба суди миллат ва давлати миллии мост. Ишораҳое, ки дар сарчашмаҳои болозикр ва даҳҳо маъхазҳои дигар аз рӯзгори Ҷамшед ва аҳди ӯ, бозгӯикунандаи он аст, ки ҷадди мо ҳанӯз дар саргаҳи таърих ба андешаҳои дунявиятгароӣ бештар арҷ мегузоштем ва эътиқодотро барои шинохти худ ва дунё чун васила истифода мебурдем. Бунёди Наврӯз бо тамоми ҳикматҳояш собитгари ҳамин андешаҳои мост. Имрӯз, ки дар фазои давлатдории миллӣ халқи тоҷик ҳаёт ба сар мебарад, зарур аст решаҳои аслии хешро бишносад. Ибтикороти пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ба ҳамин хотир аст. Аз ин рӯ, моро мебояд дар атрофи ин сиёсат муттаҳид шуда, ба наслҳои оянда ва ба ҷаҳониён бори дигар собит кунем, ки мо аз табори Хуршеду нур ҳастем ва дар бағал ба мисли Наврӯз ҷашнҳое дорем, ки ҳамбастагию ваҳдатро дар иртибот ба табиат таблиғ мекунанд. Ибодуллозода А.И. – ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ
23
19.03.2025
-
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ВАЗОРАТ 18-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазир, муовинони собиқи вазир ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат чорабинии идона баргузор гардид. Вазири маориф ва илм чорабинии идонаро оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд. Дар идома қайд карда шуд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Гуфта шуд, ки Наврӯз дар қатори Меҳргону Тиргону Сада аз бостонитарин ҷашнҳои ниёгони баруманду маърифатоини мост ва пайванди ногусастанӣ ба табиат дорад. Муҳимтар аз ҳама, ин фархундаҷашн мубаллиғу ифодагари дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, ростию покизагӣ ва бахту саодат буда, инсонҳоро ба накукорӣ даъват менамояд. Дар идома гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи комил ва тантанаи фарогири ин ҷашни хуҷаста шароити созгор ва имконоти васеъ фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз ба як рукни Истиқлоли давлатӣ ва ба далели барҷастаи дорои фарҳанги воло будани тоҷикон табдил ёфт. Барои ба таври шоиста арҷгузорӣ кардан ба Наврӯзи ҷаҳоноро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгару посдори арзишҳои миллӣ хидмати бузургу мондагор кардаанд. Пешвои муаззами миллат Наврӯзро “шиносномаи миллат” номида, афзудаанд: “Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнуъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон ба ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд”. Сипас, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби вазири маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба як қатор кормандони вазорат барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ “Ифтихорнома”, “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Дар идомаи чорабании идона баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳунармандони хушсалиқаи кишвар барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
48
18.03.2025
-
ҶАЛАСАИ КОРИИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” 18-уми марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2025 таҳти раёсати раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, аъзоёни комиссияи озмун, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Нахуст, Дилрабо Мансурӣ иштирокчиёни ҷаласаро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гардида, аз ҷониби аҳолӣ дастгирии васеъ пайдо кардааст. Раиси комиссия доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳиятҳои он тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”баромад карда, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд. Сипас, муовини вазири маориф ва илм доир ба ҷамъбасти озмун дар соли 2024 ва омодагиҳо барои баргузории он дар соли 2025 ва тартиби баргузории он маъруза намуд. Муовини вазири маориф ва илм қайд кард, ки соли ҳафтум аст, ки озмун таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад. Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар соли 2025 номинаи эҷоди назм ва наср тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон аз низомнома берун карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат ба Низомномаи озмун дар соли 2025 навгониҳо ворид карда шуд. Ҳамин тавр, вобаста ба иштирокдорони озмун маҳдудиятҳо бартараф карда шуда, минбаъд дар озмуни мазкур дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд. Бар замми ин, мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз қабили дастрас намудани китобҳои бадеии электронӣ ба иштирокчиён, аз рӯйи принсипи ягона баҳо гузоштан ба иштирокчиён мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки баргузории даврҳои сеюм ва чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад. Пешниҳод гардид, ки даври якуми озмун моҳи март ва даври дуюм моҳи май баргузор карда шавад. Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун қарорҳои дахлдор ҷиҳати баргузории даври аввали он ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
54
18.03.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
19.03.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК на закупку оборудования и мебели для тренинг-зала Группы управления проектом - пакет № MOES/ISTEMP/RFQ/GS10
ЗАПРОС КОТИРОВОК на закупку оборудования и мебели для тренинг-зала Группы управления проектом - пакет № MOES/ISTEMP/RFQ/GS10 Бештар -
19.03.2025
Специальное уведомление о закупках. Ремонт и реконструкция школы №22 Восейского района Хатлонской области
Специальное уведомление о закупках. Ремонт и реконструкция школы №22 Восейского района Хатлонской области Бештар -
12.03.2025
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор